Моҳияти фаъолияти Шӯро

Худтанзимкунии ВАО

Ҳадафи принсипи худтанзимкунӣ таҳти назорати худи рўзноманигорон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор додани ВАО ба хотири роҳ надодан ба дурўғгўиву фаҳшнигорӣ, таҳқиру туҳмат, пешдоварӣ дар гузоришоти инъикоси қазияҳои ҷиноӣ ва дигар амалҳои носавоб дар фаъолияти журналистӣ буда, риояи бемайлони он журналистон ва идораҳои ВАО-ро аз назорати расмӣ ва муҷозоти эҳтимолии судӣ эмин медорад.

Санади худтанзимкунӣ

Худтанзимкунии матбуот ба ҳайси як усули фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар кишварҳои демократӣ, тавассути Кодекси одоб ё ахлоқи касбии журналист сурат мегирад, ки чунин санад хислати ғайриюридикӣ дошта, бо ибтикори худи журналистон таҳия ва қабул мегардад. Кодекси одоби журналист дар аксари кишварҳои демократии олам қабул гардида, танҳо бо хусусияти доираи амал аз ҳам фарқ мекунанд, яъне, яке метавонад фарогири як редаксия бошад, дуюмӣ хусусияти минтақавӣ дошта бошад ва сеюмӣ хусусияти умумимиллиро ба худ гирад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналист

Одоби касбии журналист – усулҳо, меъёр ва қоидаҳои ахлоқии рафтори журналист аст, ки барои ҳамкасбон аз ҷониби худи ҷомеаи журналистӣ таҳия, эътироф ва татбиқ мегарданд ва бо вуҷуди қувваи юридикӣ надоштан, зери пайгирӣ ва назорати афкори ҷамъиятӣ ва созмонҳои эҷодии касбӣ қарор доранд. Дар Одобномаи журналист аз як тараф усул ва меъёрҳои рафтори шоистаи соҳибкасб сабт ёбад, аз ҷониби дигар маҳдудиятҳо ва манъи рафтори ношоистаи соҳибкасб низ зикр мегардад.

Ҳолатҳои хоси одоби касбӣ

Меъёрҳои умумии одоби касбӣ дар ҳолатҳои барои фаъолияти амалии журналист дар шакли зайл ба қоидаҳои маъмулӣ мубаддал мегарданд:

  • Журналист – Аудиторияи ҳамагонӣ;
  • Журналист – Манбаъи иттилоот;
  • Журналист – Қаҳрамони асари ӯ;
  • Журналист – Муаллифи берунӣ;
  • Журналист – Муҳаррир;
  • Журналист – Ҷамоаи меҳнатии редаксия;
  • Журналист – Ҳамкасбон.