Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон

ПЕШГУФТОР

Мо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, ҳуқуқи аҳли ҷомеаро барои дастрасӣ ба иттилоот ва вазифаи ВАО-ро ҷиҳати дастрас намудани иттилоот ва мусоидат ба эҷоди афкори умум таъкид намуда, принсипҳои ҳисоботдиҳанда будани ВАО ва журналистонро ба аудитория ва ҷомеа эътироф намуда, озодии баёнро меҳвари фаъолияти худ дониста, ҷиҳати татбиқи бовиҷдононаи он масъулият дарк намуда, принсипҳои зерин ва ҳамаи масъулиятеро, ки аз он бармеояд, қабул менамоем.

Ҳеҷ як аз ин принсипҳо ва меъёрҳо ҳадафи маҳдуд кардани озодии баёнро надорад.

  1. ВАЗИФАИ ҲИРФАӢ ВА ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАО ВА ЖУРНАЛИСТ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

1.1. Эҳтиром ба ҳақиқат ва ҳуқуқи ҷомеаро ба ҳақиқат аз вазифаҳои аслии журналист эътироф намоянд. Вобаста ба ин вазифаи бунёдӣ, вобаста ба ин масъулият, вазифадоранд принсипҳои озоди ҷамъоварӣ ва интишори иттилооти воқеӣ, инчунин ҳуқуқи шарҳу интиқоди холисонаро ҳифз кунанд.

1.2. Ҳақиқат, воқеънигорӣ, адолат, плюрализм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро аз усулҳои асосии фаъолияти ВАО ва журналистон бидонанд.

  1. МУСТАҚИЛИЯТИ СИЁСАТИ РЕДАКСИОНӢ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

2.1. Фаъолияти касбии худро қурбони ҳадафҳои тиҷоратӣ накунанд. Дар ВАО фаъолияти эҷодӣ бояд комилан аз амалҳои тиҷоратӣ ва реклама ҷудо бошад. Матлабҳо набояд зери таъсири шахси сеюм ва ё худи журналист қарор бигирад.

2.2. Матлабҳое, ки ба хотири манфиатҳои тиҷоратӣ ва реклама, ё ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида интишор мешаванд, бояд комилан аз дигар мавод фарқ карда, ишораи махсус дошта бошанд.

2.3. Барои интишор намудан ва ё интишор накардани иттилоот, аз гирифтани подош, мукофоти пулӣ, туҳфаҳо, инчунин аз ҷубронпулиҳои гуногун, истироҳати ройгон ва дигар имтиёзҳое, ки фаъолияти журналистиро зери вобастагӣ қарор медиҳанд, ба обрӯи журналист латма ворид мекунанд ва эътимодро нисбат ба ВАО коҳиш медиҳанд, худдорӣ намоянд.

2.4. ВАО-ро набояд ба хотири манфиатҳои шахсӣ истифода баранд ва ба аудитория нигоштаҳои худро таҳмил кунанд.

2.5. Нишон додани ҳамраъйии касбӣ, дар муносибат бо ҳамкорон ба хотири расидан ба ҳадафҳо истифода накардан аз усулҳои “номуносиб” ва танҳо кор гирифтан аз усули рақобати солим дар ҷамоайи меҳнатӣ ва журналистӣ бояд меъёри фаъолият ҳисобида шавад.

2.6. Ба мавқеи журналист ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои ҳадафмандона, мисли сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, маънавӣ эҳтиром гузошта, журналистро бидуни хоҳиш ва ризоияташ барои омода намудани маводи рекламавӣ ҷалб накунанд.

2.7. Журналист бояд ба сиёсати ВАО дар идора ва берун аз он пойбанд бошад.

2.8. Муносибатҳои меҳнатиро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ роҳандозӣ намоянд. Дар қисмати шартномаҳои меҳнатӣ оид ба уҳдадориҳои журналист ишора шавад, ки ҳангоми кор меъёри ахлоқи касбиро риоя мекунад.

2.9. Журналистон шаффофияти муносибатҳои меҳнатӣ бо якчанд корфармо ва тартиби интишори матолиби яксон дар чанд ВАО-ро риоя кунанд.

  1. САҲЕҲИЯТИ ИТТИЛООТ ВА МУНОСИБАТИ МУНСИФОНА БО МАНОБЕИ ИТТИЛООТ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

3.1. Андеша, назарот ва дидгоҳҳои мухталифро холисона ва бидуни таҳриф интишор кунанд. Дар матлабҳо бояд принсипи мувозинати назари тарафайн ба инобат гирифта шавад. Сарлавҳа ва тасвирҳо бояд ба муҳтавои матн мутобиқат кунанд.

3.2. Ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот ба манбаи он эҳтиром гузоранд, бо дархости манбаъ махфияташ ҳифз гардад ва бо амалкарди худ барои ошкор шудани шахсияти манбаи иттилоот, инчунин сирри касбӣ замина фароҳам наоваранд.

3.3. Ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ эҳтиром гузошта, аз асардуздӣ худдорӣ ва ҳангоми иқтибосу бознашр ба манобеъ ишора намоянд.

3.4. Ба ҳуқуқи мусоҳиб ба ҳайси ҳаммуаллифи мусоҳиба, эҳтиром гузоранд.

3.5. Аз боварии одамоне, ки таҷрибаи муносибат бо ВАО ва журналистонро надоранд, сӯиистифода накунанд.

3.6. Заҳмати кормандони марказҳои матбуотӣ ва хадамоти матбуотиро эҳтиром намоянд. Дар навбати худ, ҷониби дигар низ дар ҷараёни пешниҳод ва паҳн намудани иттилоот меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро риоя намоянд.

3.7. Ҳангоми интишори матолиб аз забони хушунат ва суханони нафратангез истифода накунанд.

3.8. Аз истифодаи ибораю истилоҳоти омиёна (жаргон) ва вожаҳои хоси номаҳфум дар матлабҳо худдорӣ намоянд.

3.9. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд. Агар нодурустии маводи интишоршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъдан собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон ВАО фавран ислоҳ ва дар шумораи (барномаи) навбатӣ тасҳеҳ дода шавад.

3.10. Ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои вобаста ба терроризм, ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳассос аз эҳтиёт кор гирифта, талош кунанд, ки иттилоъро холисона расонанд ва ба тарғиби он роҳ надиҳанд. Аудиторияи худро аз дастхуши тарғиби иттилоотии ин гурӯҳҳо шудан ҳифз кунанд.

3.11. Журналистони фрилансер (озод), копирайтер (матнофар), рерайтерҳо (нусхаофар), журналист-блогерҳо, журналистони шаҳрвандӣ ва дигар паҳнкунандагони иттилоот ҳангоми роҳандозии фаъолият бояд ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва сиёсати редаксионии ВАО эҳтиром гузоранд.

  1. ЭҲТИРОМИ ҲАЁТИ ШАХСӢ ВА ДИГАР ҲУҚУҚИ ИНСОН

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

4.1. Ба ҳаёти шахсии инсон эҳтиром гузоранд. Аз паҳн намудани иттилооти ҳаёти шахсӣ, маҳрамона, аз ҷумла зиндагии хонаводагӣ, вазъи саломатӣ, мансубият, ҷойи зист, мукотибот ва муколамаи телефонӣ худдорӣ намоянд. Интишори иттилоот марбут ба зиндагии хусусӣ танҳо бо ризоияти шахс ва риояи маҳрамона будани аснод (ҳуҷҷатҳо) имкон дорад.

4.2. Дар ВАО интишори матолиб аз зиндагии хусусии ашхосе, ки барои ҷомеа аҳамият дорад, имконпазир аст. Дар сурати зарурати ҷамъиятӣ ва ё ҳифзи манфиатҳои ҷомеа, интишори иттилоот дар мавриди зиндагии хусусии ходими ҷамъиятӣ (шахсони расмии баландпоя, шахсони ҷамъиятӣ, шахсоне, ки барои ба даст овардани мавқеи сиёсӣ талош доранд ва ё аз таваҷҷуҳи ҷомеа бархурдор бошанд) ба таври истисно имконпазир мебошад.

4.3. Ба сӯиистифода аз тасвирҳо ва ҷузъиёти нақли ҳама гуна офат, садама, марг, кӯшиши худкушӣ, ҷароҳат, таҷовуз, хушунат, озор, таҳқир, ки имкон дорад ба эҳсоси одамон таъсири манфӣ расонад, роҳ надиҳанд.

4.4. Аз интишори иттилооте, ки шахсияти қурбониёни савдои одамон, ба асоратафтодагон, бо шумули асирони ҷинсиву меҳнатиро ошкор месозад, худдорӣ кунанд.

4.5. Дар матолиб аз ишора ба нуқсҳои ҷисмонии инсон худдорӣ кунанд.

4.6. Ҳангоми интишори матолиб аз аксу наворе, ки дар онҳо ҳолати аҷзу нотавонӣ ва шиканҷаву уқубати ҳайвонот ифода шуда, боиси ангехтани ҳиссиёти инсонҳо мешавад, даст кашанд.

  1. ЭҲТИРОМ БА АХЛОҚИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГИ ХАЛҚҲОИ ДИГАР

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

5.1. Ҳангоми инъикоси ҳама гуна мавзӯъ бояд назокатҳои ахлоқи миллиро пос доранд. Ба интишори иттилоот ва маълумоте, ки бадахлоқию фаҳш (порнография) – ро таблиғ мекунанд ва ахлоқи миллиро коста мегардонанд, роҳ надиҳанд.

5.2. Дар матолиби интишорӣ фарҳанг, расму оин, назару ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии қавму миллатҳои дигарро мавриди эҳтиром қарор диҳанд.

5.3. Ба нақзи ҳуқуқи инсон дар заминаи мансубияти нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, забонӣ, динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ роҳ надиҳанд.

  1. ЭҲТИРОМ БА ҲУҚУҚИ КӮДАКОН, ШАХСОНИ НОБОЛИҒ ВА АФРОДИ ДОРОИ МАЪЮБӢ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

6.1. Аз расонаӣ кардани маълумоти шахсии афроди ноболиғ, ки барои шиносоии (ошкор кардани) онҳо дар иртибот бо ҷурми ҷиноӣ ва ё ҳама гуна қонуншиканӣ мавриди истифода қарор мегирад, ба истиснои ҳолатҳои пинҳон шудан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, худдорӣ намоянд.

6.2. Дар интишори иттилооти назарпурсӣ ва аксу навори ноболиғон ва шахсони дорои маъюбӣ, инчунин ҳангоми инъикоси ҳодисае, ки манбаи иттилоот ва ё қаҳрамони матлаб кӯдакон, ноболиғон ва афроди дорои маъюбӣ бошанд ва ин иттилоот эҳтимолан ба зиндагии онҳо халал ворид намояд, бояд эҳтиёткорӣ ва худдории махсус нишон диҳанд.

6.3. Ҳангоми дар матолиби интишорӣ ошкор кардани шахсияти гумонбар, ҳабсшуда ва маҳкумшудагони ноболиғ ва ё қурбониёни хушунат ва озори ҷинсӣ эҳтиёткорона муносибат кунанд.

6.4. Аз кӯдак ва ё шахсе, ки масъулияти ӯро ба зимма дорад, барои мусоҳиба, видеонавор, интишори аксҳо ва маводи мустанади ба ӯ дахлдор – тарҷеҳан дар шакли хаттӣ ва ҳамеша бо забони ба кӯдак фаҳмо, иҷозат гиранд. Ризоият бояд довталабона, бо хоҳиши худи кӯдак ва ба истиснои ҳама гуна усулҳои маҷбуркунӣ бошад. Кӯдак ва шахсоне, ки масъулияти ӯро ба зимма доранд, бояд комилан огоҳ бошанд, ки бо журналисте сӯҳбат мекунанд, ки мақсад дорад ин матлабро аз тариқи ВАО интишор кунад. Дар рафти мусоҳиба ба кӯдак зарари равонӣ нарасонанд, ӯро маҷбур накунанд, ки азоб, дард, талафот ва дигар рӯйдодҳои душвори зиндагиро дубора эҳсос кунад. Аз кӯдак хоҳиш кардани ҳар гуна амалҳое, ки барои таҳияи як навори таъсиргузор ва ё як гузориши ҷолиб заруранд, ҷоиз нест.

6.5. Маҳдудияти синну солиро дар матлабҳои интишорӣ мушаххас намоянд.

  1. ЭҲТИМОЛИЯТИ БЕГУНОҲӢ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

7.1. Ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои ҷиноӣ, то даме, ки суд гуноҳи шахсро исбот накардааст, аз пешдоварӣ ва қазоват худдорӣ кунанд.

7.2. Ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои марбут ба ашхоси боздоштшуда, гумонбаршуда, зери тафтишот қарордошта, судшаванда, инчунин мурофиаҳои судӣ, аз истилоҳоти қабулшудаи ҳуқуқӣ истифода баранд.

7.3. Аз интишори ҳама гуна иттилооте, ки дар ҷараёни тафтишоти то марҳилаи судӣ дастрас шудааст, ба хотири халалдор нашудани раванди тафтишот, ба истиснои ҳолатҳое, ки интишори он аҳамияти ҷамъиятӣ дорад ва ё ин маълумот дар дастрасии омма қарор дорад ва ё расонаӣ шудааст, худдорӣ кунанд.

  1. МУНОСИБАТИ МУНСИФОНА, ВОҚЕЪБИНОНА ВА ХОЛИСОНА ҲАНГОМИ ИНЪИКОСИ МАЪРАКАҲОИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

8.1. Дар муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо таҳаммулпазир бошанд.

8.2. Шахсияти номзадҳоро таҳқир накунанд ва назару андешаҳои онҳоро ба масхара накашанд.

8.3. Матлабҳои бадномкунанда, дорои туҳмату таҳқир ва таҳдидро, ки дар нисбати номзад(ҳо) роҳандозӣ шудааст, интишор накунанд.

8.4. Имконоти баробарро барои ҳамаи номзадҳо ҷиҳати муаррифии барнома ва эҷоди фазои гуногунандешӣ дар ВАО холисона мусоидат кунанд. Ҳангоми истифода аз саҳифаи нашрияҳо ва барномаҳои радио-телевизионии пулакӣ, ба истиснои ВАО-и ҳизбӣ, тарофаи ягонаро пешниҳод кунанд.

8.5. Матолиби дорои муҳтавои рекламаи пинҳонии сиёсиро интишор накунанд. Барномаҳои пешазинтихоботиро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷонибдори ҳизбҳо/номзадҳо барои интишор (пардохтшаванда ё ройгон) пешниҳод шудаанд ё бо дархости онҳо омода гардидаанд, бо аломати махсус ишора намоянд.

  1. ҲАМРАЪЙИИ КАСБӢ

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

9.1. Ҳамраъйии касбиро риоя кунанд.

9.2. Журналистеро, ки барои фаъолияти касбӣ мавриди таъқиб қарор мегирад, пуштибонӣ намоянд, аммо ин маънои онро надорад, ки ба хотири ҳамраъйӣ аз кирдори ғайриқонунии ҳамкасбон чашм пӯшанд.

9.3. Аз иҷрои амалҳое, ки мухолифи имиҷи касбӣ аст, худдорӣ намоянд.

9.4. Бо ҳамкорони худ ва ҳамкасбон дар ВАО-и дигар даргир нашаванд, аз ВАО барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ ва бо мақсади тафриқаандозӣ дар байни ҳамкорон истифода накунанд.

9.5. Ба фишор аз ҷониби соҳибмулкон, рекламадиҳандагон, сарпарастон, ки бо мақсади таъсиррасонӣ ба инъикоси матлаб сурат мегирад, муқовимат нишон диҳанд. Дар ҳоле, ки чунин фишор хавфи ба мушкили ҷамъиятӣ мубаддал шуданро дошта бошад, барои ҳалли қазия ба ҳамкасбон ва ҷомеа муроҷиат намуда, масъаларо оммавӣ кунанд.

9.6. Байни ВАО-и ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ тафовут нагузоранд.

  1. ТАРТИБИ АМАЛӢ ГАРДИДАНИ МЕЪЁРҲО

10.1. Дар ҳоли риоя нагардидани “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, ҳар шахси алоқаманд метавонад ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки назорати риояи меъёрҳои мазкурро ба дӯш дорад, муроҷиат намояд. Қарори Шӯрои ВАО доир ба ин қазия дар ВАО интишор мешавад.