Дар бораи Шӯрои ВАО

Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд «Шӯрои ВАО») моҳи ноябри соли 2009 дар конфронси муассисони он таъсис дода шуда, моҳи январи соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1254 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Суроғаи ҳуқуқии Шӯрои ВАО – Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,  хиёбони С. Шерозӣ 16.

Шӯрои ВАО – ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма  буда,  фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба амал мебарорад.

Шӯрои ВАО бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст. Ҳадаф аз фаъолияти Шӯрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Точикистон  аст.

Мақомоти Шӯрои ВАО инҳо мебошанд:

  • Маҷлиси умумии аъзои Шӯрои ВАО;
  • Раёсати Шӯрои ВАО;
  • Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО.

Мақоми олии Шӯрои ВАО Маҷлиси умумии (Конфронси) аъзои Шӯрои ВАО мебошад.

Маҷлиси умумии (Конфронси) аъзои Шӯрои ВАО дар ҳолатҳои зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар як сол баргузор мегардад. Маҷлиси умумӣ дар сурати ҳозир шудани 2/3 ҳиссаи иштирокчиён баргузор мегардад. Қарори маҷлиси умумӣ бо аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул карда мешавад

Раёсати Шӯрои ВАО мақоми роҳбарикунандаи ташкилот мебошад. Шӯроро Раис идора менамояд.

Аъзои Раёсати Шӯрои ВАО фаъолияти худро бе маош пеш мебаранд. Раиси Шӯрои ВАО аз ҷумлаи аъзои он ба муҳлати як сол, интихоб карда мешавад. Як шахс наметавонад паиҳам зиёда аз ду маротиба Раиси Шӯрои ВАО бошад.

Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО мақоми кории доимоамалкунандаи Шӯрои ВАО буда, фаъолияти ҳамарӯзаи онро таъмин мекунад.