Аъзои Раёсати Шурои ВАО

Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ

Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ 4 марти соли 1957 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (филолог) ва Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро (ҳуқуқшинос) хатм намуда, ба ҳайси омӯзгор, корманди газетаи вилоятии  “Роҳи ленинӣ” вилояти Кӯлоб, диктори радиои маҳаллӣ, мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Москва, хабарнигори рузномаи “Ҳақиқати Ховалинг”- и ноҳияи Ховалинг, хабарнигор ва баъдан мудири шуъбаи парламент ва ҳокимияти давлатии рӯзномаи “Садои мардум”, директори созмони ҷамъиятии “Ҳилола”, мудири шуъбаи таҳлил ва тадқиқоти журналистии рӯзномаи  “Ҷумҳурият”, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, машваратчии Суди олии ҶТ, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ” фаъолият намудааст. Аз соли 2021 то ҳол Раиси Шурои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аст.

Дорандаи нишони “Аълочии матбуоти ҶТ” (2001), “Аълочии фарҳанги ҶТ” (2017), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон номи Абулқосим Лоҳутӣ (2004), Ҷоизаи  “Эътимод”-  Шурои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (2018), Ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваи “Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон” (2022), “Аълочии маориф ва илми ҶТ”  (2022)

То имрӯз 3 китобаш ба нашр расида, дар даҳҳо китобҳои дастаҷамъӣ мақолаҳояш нашр гаштаанд. Дар зиёда аз 40 тренингу семинарҳои созмонҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби сертификат гардидааст. Зиёда аз 200 тренингҳо гузаронидааст.


Илҳомҷон Ҳошимов

Ҳошимов Илҳомҷон Раҷаббоевич 24 июни соли 1976 дар ноҳияи Хуҷанд (имрӯза Б.Ғафуров) ба дунё омадааст. Соли 1998 факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо дипломи аълочӣ хатм кардааст. Аз соли 1998 фаъолияти худро бо кори телевизион пайвастааст. Солҳои 1998-2000 ба ҳайси хабарнигори шуъбаи иттилоотӣ,  баъдан мудири шуъбаи иттилоотии ШТР СМ-1 ва аз соли 2003 то 2005 дар вазифаи сармуҳаррири ин телевизион, солҳои 2005-2007 дар телевизиони вилояти Суғд дар вазифаи мудири шуъбаи сиёсӣ – таҳлилӣ кор кардааст. Аз соли 2007 ин ҷониб дар ШТР СМ-1 вазифаи сармуҳарририро ба ӯҳда дорад. Ҳамзамон, аз соли 2013 инҷониб бо кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамкорӣ намуда, ба донишҷӯён аз журналистикаи телевизионӣ дарс мегӯяд. Ҳамзамон, аз соли 2011 инҷониб раиси ташкилоти ибтидоии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар телевизиони СМ-1 мебошад.

Таҷрибаи кориро дар риштаи журналистика инчунин дар ИМА, Ҷопон ва Федератсияи Россия омӯхтааст. Барандаи ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2022) мебошад. Аз соли 2011 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. 

Оиладор, соҳиби чор фарзанд  


                                                         Мамадалӣ Бахтиёров

    Бахтиёров Мамадалӣ Мамадёрович 23 сентябри соли 1960 дар ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1984 факултаи филологияи (гурӯҳи журналистика) Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаст. Узви Иттифоки журналистони Тоҷикистон, “Аълочии матбуоти ҶТ”. Айни ҳол сармуҳаррири рузномаи “Пайғоми Рӯшон” аст.  


 Носирҷони Маъмурзода

Маъмурзода Носирҷони Маъмур 16 марти соли 1984 дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст.  Журналист, омӯзгор, медиатренер, коршиноси масоили ВАО.

Соли 2001 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтарро бо медали тилло ва соли 2006 факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рўзона, бо дипломи аъло) бо ихтисоси журналист хатм кардааст.

Ҳамчун омўзгори МТМУ №59-и шаҳри Душанбе (2002), котиби масъули рўзномаи “Қалам” – нашрияи факултаи журналистикаи ДМТ ва Вазорати фарҳанг (2002-2004), муовини директори бахши хабарӣ, пасон директори бахши хабарии “Русское радио – Ориёно” (2004-2006) фаъолият карда, ҳамчунин, ба сифати мухбир бо ширкати телевизион ва радиои мустақили “Қӯрғонтеппа” ва РАО/РО дар шаҳри Бохтар ҳамкорӣ намудааст.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2005), дорандаи нишонҳои “Аълочии матбуоти ҶТ” (2009), “Аълочии фарҳанги ҶТ” (2010), “100-солагии матбуоти тоҷик” (2019), “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” (2020), лауреати Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2016), барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” (2017), барандаи Ҷоизаи Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Пайванди Гулмуродзода барои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи журналистика (2018) мебошад.

Муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ, 1200 мақолаи оммавию публитсистӣ, як монография мебошад.


 

Сангин Гулов

Сангин Гулов 12 июли соли 1965 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Соли 1991 факултаи филологияи тоҷики ДМТ-ро хатм карда, ба ҳайси рӯзноманигор дар нашрияи “Сухан” (1990–1991), ассистент (1992–1998), дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ (1998–2011), муовини декани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ (1996–2005), декани факултаи журналистика (2007–2008), мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ (2011-2016) ва мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ (аз сои 2016 то ҳол) фаъолият намудааст. Ҳамзамон, дар як вақт муҳаррири варзидаи Радиои Тоҷикистон (1999–2001), мухбири нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” (2001-2002), сармуҳаррири нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”-и ДМТ (2009-2010, 2012–2014) ва муҳаррири маҷаллаи “Элита” (2011-2014) низ буд.

Номзади илмҳои филология (1997), дотсент (2015), узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1994), дорандаи нишони “Аълочии матбуоти ҶТ” (2002), “Аълочии фарҳанги ҶТ” (2007), “Аълочии маориф ва илми ҶТ” (2014), “Аълочии телевизион ва радиои ҶТ” (2022), медали “100-солагии матбуоти тоҷик” (2019) ва медали “Хизмати шоиста” (2020) 


Бибихонум Дарвешзода

Бибихонум Дарвешзода 3 майи соли 1969 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И Ленин. То соли 1998 ба ҳайси омӯзгор фаъолият карда, ҳамон сол ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Устоз” таъин мегардад. Давоми солҳои 2000-2004 хабарнигори ҳафтаномаи “Оила”, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Рахшо” ва сармутахассиси маҷаллаи “Чашма” буд. Соли 2004 фаъолияти рӯзноманигории хешро дар рӯзномаи “Минбари халқ” идома дода, то соли 2009 дар идораи мазкур хабарнигор, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир ва то ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” фаъолият менамояд.

Соли 2010 Ташкилоти ҷамъиятии “Қалам”-ро таъсис медиҳад ва ҳамзамон мудири бахши ахборотии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевӣ таъин мегардад.

Соли 2011 Дар назди ТҶ “Қалам” маҷаллаи тиббӣ-оммавии “Даво”-ро ташкил менамояд, ки айни замон сардабири он аст. Солҳои 2018-2020 ба ҳайси директори Маркази матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият намудааст.

“Аълочии матбуоти ҶТ”, дорандаи Ҷоизаи “Ҳамраъйии касбӣ”-и Шурои ВАО, соҳиби Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҶТ ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо.


Эҳсон Сафарзода

Эҳсон Сафарзода 21 июли соли 1989 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети журналистикаи ДМТ (2012), муҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии телефизиони “Сафина” (2007-2008), танзимгар (2008-2009), мухбир, котиби масъул ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳарририи нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”-и ДМТ (2009-2010), муҳаррири шуъбаи мактабҳои олии ҳафтаномаи “Омӯзгор” (2011-2014), сардори Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм (2014-2023), сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” (2023) ва ҳоло сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор”.

Дар мавзуи “Масъалаи ҳуввияти миллӣ дар публитсистикаи С.Айнӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 4 монография, 1 дастури таълимию методӣ, мураттиби 2 маҷмуаи мақолаҳо, муаллифи 20 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 150 мақолаи публитсистӣ, методӣ, оммавӣ ва таълимию тарбиявӣ.

Дорандаи нишони “Аълочии матбуоти ҶТ” (2012), “Аълочии фарҳанги ҶТ” (2013), “Аълочии маориф ва илми ҶТ” (2014), “100-солагии матбуоти тоҷик” (2018), барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ дар соли 2019 ва барандаи ҷоизаи “Сухангӯи беҳтарин” ба номи Иқбол Тешаев (2021) мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


Гулноза Бобомуродова

Бобомуродова Гулноза Мирзоаҳматовна, 11 марти соли 1985 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1991 ба синфи 1-и мактаби миёнаи №71-и шаҳри Панҷакент рафта, соли 2002 онро бомуваффақият хатм намудааст. 

Соли 2002 ба шуъбаи рӯзонаи кафедраи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 2007 онро бо дипломи сурх хатм намудааст. Аз соли 2007 то соли 2010 аспиранти шуъбаи рӯзонаи факултети журнлалистика Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти меҳнатиро соли 2007 аз МДМ “Бонувони Тоҷикистон” шуруъ карда, дар вазифаҳои хабарнигор, мудири шуъба, котиби масъул фаъолият кардааст. Аз соли 2018 ба ин ҷониб дар вазифаи муовини сармуҳарири МДМ “Бонувони Тоқикистон” фаъолият дорад.

Соли 2007 китоби муаллифиаш бо номи “Дастагули умед” аз чоп баромадааст. Муаллифи беш аз 200 мақолаи оммавӣ ва 10 мақолаи илмӣ аст.

Аз соли 2015 узви Иттифоқи журналистон, дорандаи нишони “Аълочии фарҳанги ҶТ”

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.