Ё чаро ҷомеаи рӯзноманигорӣ аз имиҷи баланд бархӯрдор нест?
Имсол 113-солагии матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ба гумони инҷониб дар пешорӯи ин ҷашн ҳар рӯзноманигоре, ки худ ва аудиторияи худро эҳтиром мекунад, аз худ мепурсад, ки бо поён рафтани як сол чӣ дастовард ва чӣ камбудиҳо дорад. Дар ин баробар, дар ҷаласаҳо натиҷаи яксолаи редаксияҳои алоҳида ва дар умум натиҷаи фаъолияти солонаи ин институти муҳими иҷтимоии кишвар натиҷагирӣ карда мешавад.
Дар як соли гузашта матбуоти тоҷик бурду бохтҳои зиёд дошт. Ба истиснои чанд ҳолат дар умум журналистикаи мо дастовардҳои қобили мулоҳиза дошт. Дар ин сол чанд телевизиони маҳаллӣ ба формати HD гузаштанд, бисёре аз расонаҳои чопӣ дар шакли чандрасонаӣ худро санҷида истодаанд, майлонҳои нави журналистӣ миёни рӯзноманигорон омӯзонидаву кор фармуда мешавад, то ҷойи маълум дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” низ соли гузашта аз ҷониби Вазорати фарҳанг чанд корҳое ҳам ба сомон расонида, тибқи интизориҳо соли гузашта омодагиҳо барои таъсиси як радио дар назди Телевизиони “Сафина” бо маром пеш рафта, имсол қарор аст он боз шавад. Ҳамин тариқ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳам дар доираи барномаҳои худ чандин пресс-турҳо барои рӯзноманигорони манотиқи гуногуни мамлакат роҳандозӣ карда, ба ин васила дар сарҷамъии рӯзноманигорон то ҷое саҳм гузошт. Яъне, соли гузашта барои журналистикаи тоҷик аз як нигоҳ соли бобарор буд.
Аммо агар дар қиёс ба 10, 20 ё 50 соли гузашта матбуот ё дар умум фазои расонавии кишварро таҳлил кунем, ба кадом натиҷаҳо мерасем? Оё мушаххас карда метавонем, ки мо бурди зиёд доштаем ё бохт? Мо аз кадом сатҳ ба кадом сатҳ боло ё поин шудаем? Ҷойгоҳи журналистика ва рӯзноманигорон дар ҷомеа то кадом сатҳ расид? Намояндагони ин соҳа, сар карда аз мухбирони одӣ то сардабирони расонаҳои чопиву директорони расонаҳои электронӣ барои мавқеъ пайдо кардани рӯзноманигор дар ҷомеа чӣ хизмате карданд? Ё дар ин замина факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ то куҷо нақш доранд?
Албатта, перомуни фазо ва мавзуъҳои инъикосшаванда дар журналистикаи тоҷик чандон салоҳ намедонам, ки чизе гӯям, вале дар мавриди нуфузи рӯзноманигорон ва ҷойгоҳи онҳо наметавон ҳарфе нагуфт.
Хулосаҳои инҷониб шояд ба бархе соҳибрасонаҳову рӯзноманигорони алоҳида хуш наояд, аммо гумон мекунам барои наҷот ва рушди журналистикаи тоҷик – махсусан журналистикае, ки тавонад аз манофеи миллӣ дифоъ кунад, аз чандин кор гузар ва чандин роҳи навро пеша бояд кунем.
НОМ ВА НОН = ШУҲРАТ ВА ШАРМАНДАГӢ?
“Дар журналистика аввал ном, баъд нон ҷӯед!”
Пайванди Гулмуродзода
То 15-20 сол қабл ягона чизе, ки насли наврасу ҷавонро ба ин пеша раҳнамун мекард, ном буд. Аз ҷумла, мо низ барои ном ба факултаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супорида будем. Ман аз нақли бисёри рӯзноманигорони собиқадор ин гуфтаи худро метавонам асоснок намоям. Бо дили пур метавонам гӯям, ки аксари журналистони соҳибному соҳибмактаби моро маҳз ном ва шуҳрат ба журналистика овардааст. Жарналист будан ба танҳоӣ як номи баланде буд, замоне. Журналист будан, ҳаммаънои шуҳратманд буданро дошт. Аммо ҳоло чӣ?
Хуб, мефаҳмем, ки ҷомеа рушд кард ва бо ба вуҷуд омадани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардани шуҳрат то ҷое осон шуд. Ҳатто, хеле осон. Аммо дар ин миён пайдо кардани ном то ҷое аз муд рафт. Ҳоло ҳама метавонад шуҳрат дошта бошад ва дар радду бадали ҳамагӣ се рӯз шинохта шавад.
Дар миёни ин ҳама насли ҷавони мо фаромуш карда истодааст, ки ном чизи дигар асту шуҳрат чизи дигар. Ва бадтар аз ин шуҳрат чизи дигар асту шармандагӣ чизи дигар…
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги кишвар айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 376 рӯзнома (аз инҳо 112 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ), 245 маҷалла (аз инҳо 114 давлатӣ ва 131 ғайридавлатӣ), 11 агентии иттилоотӣ (аз ин 1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳамзамон, мо 14 телевизиони давлатӣ дорем, ки ба таври шабонарӯзӣ дар самтҳои гуногун барномаҳо пахш мекунанд.
Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки журналистикаи тоҷик имрӯз як дастгоҳи пуриқтидоре мебошад, ки агар хоҳад дар сохтани дилхоҳ афкор пешқадам мешавад. Аммо масъалаҳои ҷузъие ҳастанд, ки мо натавониста истодаем, онҳоро ҳаллу фасл кунем. Чи гунае ки дар боло гуфта гузаштем, яке аз ҳамин масоили асосӣ бедор нагаштани шавқу завқ миёни наврасону ҷавонон аст. Ҳатто онҳое, ки дар ихтисосҳои рӯзноманигорӣ мехонанд, имрӯз ҳаваси рӯзноманигор шуданро надоранд. Дари журналистикаи тоҷикро буҳрони кадрӣ оҳиста – оҳиста кӯбидан дорад.
Ман дар суҳбатҳо бо донишҷӯёни бахшҳои рӯзноманигорӣ ин чизро пайхас кардам. 80-90 фисад донишҷӯёни ин ихтисос хоҳони дар редаксияҳо кор карданро надоранд. На журналисти телевизион, на радио ва на рӯзномаву маҷалла шудан намехоҳанд. Як устоди донишгоҳ, ки ба донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ дарс мегӯяд, бо таассуф гуфт, ки донишҷӯёни мо боррасонӣ (даставчик), пешхидматӣ ва ҳаммолиро бартар аз журналистӣ медонанд…
АРЗОНБАҲОӢ = БЕБАҲОӢ
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ,
Мафуруш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ!
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Мехонем: “Маорифи ноҳияи Х дар ҳоли рушди бесобиқа аст”.
Мешунавем: “Дада муаллим гуфт, пагоҳ барои пули газета 5-сомонӣ биёранд”.
Мешунавем: “Супориши директори мактаб аст, ман пули овардаи фарзанди шуморо дар кисаам намезанам ку”.
Мешунавем: “Мудири маориф таъкид карданд, ки то рӯзи душанбе пули 500 нусха газети Х-ро ҷамъ карда, ба шуъба оварда супорем. Як “журналист” дар бораи мудир ва маорифи ноҳия навиштааст”.
* * *
Мехонем: “Пешрафти ноҳияи Х аз фаъ-олияти пурсамари кормандони нозироти андоз вобаста аст”.
Мешунавем: “Ҳами газетора фурӯшандаҳои бозорда тақсим кн, нахондан ҳам дар дарунаш ягон чиз мепечонанд”.
Мешунавем: “Ба Худо қасам як моҳ нашидай ҳами коротона, и журналисто кори дигар надоранд, фақат ноҳияи моро дидаанд”.
Мешунавем: “Маҳ ака ҳамин газета дар замин парто баъд пуш, ҳоло размери пот меша намеша, бо чиркин нашава попуши нав”.
* * *
Дар гузориши телевизионӣ мебинем: “Дар беморхонаи шаҳраки Х тамоми шароит барои беморон муҳайёст”.
Мешунавем: “Сардухтурмон неке гузаронд. Дар телевизион туро намоиш медиҳанд, баъд бояд мо сум ҷамъ кунем. Фикри ҳамин фаррошҳоро ҳам намекунанде”.
* * *
Аз дафтари кории ректори донишгоҳ оҳиста ва нимшунаво ба гӯш мерасад: “Устод масъалаи журналистора чӣ кунем?
– Сармуҳосибро гӯед илоҷашро ёбад. Конвертҳоро дар дохили папкаҳо ҳамроҳи варақаҳои иттилоотӣ монед. Проблема чӣ даркор? Боз ягон саволи ноҷо надиҳанд”.
Бовар кунед ин мисолҳои зиндае ҳастанд, ки ҳар рӯз такрор мешаванд. Дар манотиқи гуногун бо шеваҳои хос!
Пас “рӯзноманигорон”-и мо, агар онҳоро рӯзноманигор гуфта шавад, фикр намекунанд, бо ин амалҳо чӣ доғе ба журналистика меоранд ва ояндаи онро чӣ гуна ба торикӣ мекашанд?
Дуруст аст, ки замона дигар гашт ва расонаҳо. махсусан расонаҳои мустақил барои пойдории худ бояд манбаъҳое барои пайдо кардани маблағ ёбанд, аммо ин тарзи кор ба номи шарифу муқаддаси журналистика латма мезанад. Ин гурӯҳ рӯзноманигорон устухоне дар гулӯи журналистикаи тоҷиканд. Касби худро, қалами худро хеле арзон мефурӯшанд, бебаҳо ва беарзиш мекунанд пешаи моро.
ШАВҚ АГАР РАҲБАР ШАВАД…
Дарси муаллим ар бувад, замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ
Пирони рӯзгори мо бо ифтихор ёд мекунанд, ки дар замони онҳо аз ҳама зиёдтар обрӯ ва иззат омӯзгорон доштанд. Чун назди касе сар хам намекарданд ва аз касе ҳам муттаҳам набуданд. Ва табиист, ки бештари наврасону ҷавонони он даврон орзуи онро доштанд, ки муаллим шаванд.
Ин мисолҳоро чаро меорам, чунки мо дар замони имрӯз натавониста истодаем, ки бо 700-800 расона ҷомеаро ба як самти муайян ҷалб созем. Ҳаддалимкон сафҳои худро пур созем аз ҷавонони соҳибқаламу соҳибном ва онҳоро тарбия намоем.
Дар ин роҳ агар тавонем, расонаҳоро аз тамаъкорони соҳа дур кунем, дар навбати дигар мебояд устодони журналистикаи оянда, ки дар факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ дарс мегӯянд, бо ҳар роҳе завқи донишҷӯёнро бедор кунанд. Чун ин амал вазифаи ҷонии эшон аст.
Агар ҷомеаи журналистии тоҷик мепазирад, ки имрӯз аз ҳар вақти дигар дида, барои пойдории давлат ва миллати устувор журналистикаи касбӣ лозим аст, агар мепазирад, ки давлати моро дар ҷаҳони пуртазод ба таври шоиста танҳо рӯзноманигорони соҳибқаламу соҳибном муаррифӣ мекунанд, агар мепазирад, ки барои пирӯз шудан дар бархӯрдҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ танҳо журналистикаи касбӣ лозим аст, пас мебояд аз имрӯз пайи ислоҳи соҳа бошанд.
Хуршед ХОВАРӢ “ҶТ”
Бознашр аз “Ҷавонони Тоҷикистон”