Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба мубориза бо ифротгароӣ кумак кунанд?

0
488

Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба мубориза бо ифротгароӣ кумак кунанд?

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии мо табдил ёфтаанд. Мо ҳар рӯз мо ба Instagram, Facebook, Telegram, TikTok ва дигар платформаҳо сар мезанем, то хабарҳоро бихонем, бо дӯстонамон гуфтугӯ кунем, акс ва видеоҳо бубинем ва ҳатто дониш биомӯзем. Аммо дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як майдони баҳснок низ табдил ёфтаанд, зеро ҳамзамон бо паҳн кардани иттилооти муфид ва шавқовар, баъзан ба маконе табдил меёбанд, ки андешаҳои ифротӣ ва таблиғоти хатарнок паҳн мешаванд. Бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки дарк кунем шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо мушкил, балки метавонанд худ роҳи ҳал бошанд. Яъне агар онҳо дуруст истифода шаванд, метавонанд ба мубориза бо ифротгароӣ мусоидат кунанд.

Ифротгароӣ, ки бо паҳн кардани нафрат, тафриқа, хушунат ва вайрон сохтани ҷомеа маълум аст, асосан дар байни онҳое паҳн мешавад, ки худро танҳо, ноумед ва дур аз ҷомеа эҳсос мекунанд. Махсусан, ҷавононе, ки бо мушкилоти шахсӣ ё иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд, метавонанд зуд ба доми чунин гурӯҳҳо меафтанд. Гурӯҳҳои ифротӣ аксар вақт шабакаҳои иҷтимоиро барои пайдо кардани ҷавонони ноумед истифода мебаранд, онҳоро бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб мекунанд ва худро ҳамчун “бартарафкунандаи мушкилот” муаррифӣ мекунанд. Аммо шабакаҳои иҷтимоӣ худи ҳамон василае ҳастанд, ки метавонанд ба паҳн кардани муҳтавои мусбат, дониш, умед ва ормонҳои солим истифода шаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо метавонем ҳикояҳои мусбатро паҳн кунем – аз ҷавоне, ки бо меҳнати ҳалол ба муваффақият расидааст, то гурӯҳҳое, ки барои кӯмак ба дигарон фаъолият мекунанд. Чунин мисолҳо, агар ба таври дуруст пешниҳод шаванд, метавонанд барои дигарон илҳомбахш бошанд ва нишон диҳанд, ки зиндагии хуб ҳатман  бо роҳи сулҳу дустӣ ба даст меояд. Шахсиятҳои шинохта – блогерҳо, овозхонҳо, муаллимон, равоншиносон, ҳатто рӯҳониён – метавонанд дар саҳифаҳои худ паёмҳои сулҳомез, арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таблиғ кунанд. Ҷавонон ба чунин чеҳраҳо эътимод доранд ва агар онҳоро ба роҳи созанда ҳидоят кунанд, натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд омад.

Ғайр аз ин, имрӯз технология ба мо имкон медиҳад, ки бо истифодаи зеҳни сунъӣ ва барномаҳои махсус, баъзе аломатҳои барвақтии ифротгароиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пай барем. Масалан, агар шахсе пайваста паёмҳо ё наворҳои хушунатомез ё ифротиро паҳн мекунад, ё узви гурӯҳҳои шубҳанок мегардад, системаи мониторинг метавонад инро муайян кунад. Албатта, дар ин кор бояд ҳуқуқи инсон ва махфияти маълумот ба эътибор гирифта шавад. Вале дар маҷмӯъ, ин як роҳи самараноки пешгирии саривақтӣ аз паҳншавии фикрҳои хатарнок аст.

Як самти муҳим дигар ин баланд бардоштани саводи рақамӣ ва тафаккури интиқодӣ дар байни ҷавонон аст. Бисёр вақт одамон ҳар чизеро, ки дар интернет мебинанд, бидуни андеша қабул мекунанд. Агар ҷавонон омӯзанд, ки чӣ гуна хабарро санҷанд, паҳнкунандаи иттилоотро бубинанд ва ба ҳар паёми эҳсосӣ зуд вокуниш нишон надиҳанд, онҳо худро аз таблиғоти ифротӣ ҳимоя хоҳанд кард. Барои ин шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳамчун воситаи таълимӣ хизмат кунанд, яъне бо видеоҳо, подкастҳо ва сафҳаҳое, ки ба таври содда ва оммавӣ ин мавзӯъҳоро фаҳмонанд, масъаларо метавон дарк кард.

Таҷрибаи байналмилалӣ низ нишон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд воситаи муассири мубориза бо ифротгароӣ бошанд. Масалан, дар Британияи Кабир лоиҳаи “Extreme Dialogue” тавассути наворҳои зинда ва ҳақиқии ҷавононе, ки аз доми ифротгароӣ раҳо шудаанд, паёми сулҳ ва эҳтиром ба дигаронро паҳн мекунад. Ё барномаҳои Facebook ва YouTube, ки муҳтавои мусбат ва зидди ифротиро тарғиб мекунанд. Дар чанд кишвари ҷаҳон донишҷӯён дар доираи лоиҳаҳои махсус иттиҳодияҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани огоҳии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фаъол ва созанда мебошад.

Албатта, мушкилот низ вуҷуд доранд. Назорат кардани тамоми муҳтавои шабакаҳо осон нест, махсусан вақте ки паёмҳо бо номҳои сохта ё дар гурӯҳҳои пӯшида паҳн мешаванд. Баъзе платформаҳо ба баҳонаи “озодии баён” намехоҳанд муҳтавои ифротиро маҳдуд кунанд. Вале бо талоши ҳамҷониба – аз ҷониби ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, волидайн ва худи ҷавонон метавон шабакаҳои иҷтимоиро ба воситаи хуби мубориза бо ифротгароӣ ва пойдории ҳадигарфаҳмиву сулҳ табдил дод.

Мо бояд ҳар яке масъулияти худро дарк кунем. Агар дидем, ки касе дар шабакаҳо паёми нафрат, хушунат ё ифрот паҳн мекунад вокуниш карда, гузориш диҳем. Агар муҳтавои хубе мебинем  паҳн намоем. Агар дидем, ки ҷавонон ба иттилооти шубҳанок таваҷҷӯҳ доранд  бо онҳо сӯҳбат кунем. Зеро имрӯз ҳар яке аз мо метавонад як сарчашмаи муҳтавои солим ва созанда бошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ё майдони паҳн кардани нафрат бошанд, ё воситаи паҳн кардани умеду сулҳ – интихоби ниҳоӣ аз худи мост.

  Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо байни ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба тундгароӣ» таҳия гардидааст. Лоиҳа бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва маблағгузории Ҳукумати Канада ба роҳ монда шуда, аз ҷониби  Ташкилоти ҷамъиятии фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” амалӣ мегардад.

 

Previous articleМуқаддас Ҳомидҷонова: “Мобилография як ҷузъи фаъолияти журналистии ман шуд”
Next articleНом ва нон = шуҳрат ва шармандагӣ?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here