Чанде пеш аз Instagram ба писарчаам, ки ба наздикӣ ду сола мешавад, навори бо зеҳни сунъӣ сохташударо нишон додам, ки дар он кӯдаки навзод бо гурбача муштзанӣ мекунад. Ба ин монанд наворҳо, ки дар он тифл бо ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла, пишак, саг, хурӯс, гов ва ғайра меҷангад, дар интернет хеле зиёд аст. Онро созандагони муҳтаво бо истифодаи зеҳни сунъӣ месозанд, ки мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаҳои зиёд дорад. Яъне, навори “ҷанг” – и тифл бо ҳайвонот воқеӣ набуда, аз рӯйи тахайюли зеҳни сунъӣ офарида мешавад. Ин гуна наворҳо ба назари кӯдакони хурдсол ҷолиб ва саргармкунанда менамояд.
Сабаби ба писарчаам нишон додани чунин навор дар он буд, то бифаҳмам, ки пас аз тамошо чӣ аксуламале нишон медиҳад. Пасон ба фикр фурӯ рафтам ва аз нишон додани он пушаймон ҳам шудам. Чаро?
Писарчаам ин наворро вақте бори аввал дид, ханда кард. Аздусар садои муштзании кӯдак бо пишак барояш аҷиб намуд. Баъд аз андак вақт боз ҳамон наворро нишон додам, ӯ ин навбат нахандид. Бо ҳайронӣ ба навор чашм дӯхта истод. Шояд дар зеҳнаш ин гуна савол пайдо шуд: “Оё ҳайвонҳоро барои ҷанг кардан бо мо, кӯдакон офаридаанд?”. Аз эҳтимол дур нест, ки фикрҳои нодуруст дар хаёли кӯдаки 2 сола шакл гирад ва сипас ҳангоми муносибат бо ҳайвонҳо ва ҳатто одамон ба мушкилӣ дучор гардад.
Тамошои наворҳои бо зеҳни сунъӣ сохташуда, ки дар он кӯдаки навзод бо ҳайвонҳо ҷанг мекунад, барои кӯдакони хурдсол чӣ таъсири манфӣ дорад? Ба ин суол зеҳни сунъӣ чунин ҷавоб дод:
– Кӯдаки навзод аз тамошои чунин наворҳо ба дарки нодуруст, тарсу ҳарос, нагузоштани фарқ миёни воқеият ва дунёи маҷозӣ роҳ дода, зӯроварӣ ба ҳайвонро ҳамчун рафтори дурусти инсонӣ гумон мекунад. Равони кӯдак низ осеб хоҳад дид, масалан, тамошои наворҳои зӯроваридошта дар вуҷуди хурдсолон хушунатро меафзояд, мушкилии бехобиро ба вуҷуд меорад, ба тағйири рафторҳои кӯдак оварда мерасонад.
Чӣ бояд кард?
– Ба кӯдаки хурдсол фаҳмонед, ки ин гуна наворҳо воқеӣ нестанд ва зӯроварӣ ба ҳайвонҳо нодуруст аст.
– Ба ҷои наворҳои бо зеҳни сунъӣ сохташуда, ба кӯдаки хурдсол наворҳои таълимӣ ва фароғатӣ нишон диҳед, ки дар онҳо рафтори дуруст ва мусбат нишон дода мешавад.
Фаромӯш набояд кард, ки кӯдаки 2 сола ҳанӯз атрофи дунёи худро пурра дарк намекунад. Равоншиносон маълум кардаанд, ки кӯдакони навзод барои рушди ҳамаҷониба ба муҳити мусбат ва омӯзиши дуруст ниёз доранд. Аз ин рӯ, барои ҳифзи саломатии равонии кӯдак, аз тамошои наворҳои бо зеҳни сунъӣ сохташуда, ки дар он зӯроварӣ мавҷуд аст, худдорӣ кардан беҳтар аст.
Файзуллохон ОБИДОВ,
Бознашр аз “Ҳақиқати Суғд”
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии мутахассисони ВАО-и маҳаллӣ тавассути малакаҳои журналистикаи муосир барои баланд бардоштани сифати муҳтаво ва фарогирии аудитория”, ки Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон татбиқ мекунад, омода шудааст.