Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар ҳама соҳаҳо ҳамеша мавриди баррасӣ қарор мегирад, этика ва ё ахлоқи касбӣ мебошад. Дар ҳақиқат, этика мавзӯест, ки ба ҳама дахл дорад, зеро ҳамчун нахустунсури инсоният шинохта мешавад ва ҳастии инсон низ аз маънавиёти ӯ маншаъ мегирад. Ба ифодаи дигар, ҷузъи аслии ҳастии маънавии инсон ахлоқ аст ва ҳамин аст, ки ахлоқ мавзӯи ҷовидонаи инсоният гардидааст.
Зуҳури ахлоқ низ чун нишони ниёзи инсон будааст, ончунонки ҳангоми баррасии умумияти ахлоқ ва қонун ин нуктаро ба қонун низ нисбат медиҳем ва мегӯем, ки пайдоиши қонун низ натиҷаи эҳтиёҷоти ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро ҳаёти инсон дар ҷомеаи ибтидоӣ гувоҳи сухан аст, ки чӣ гуна инсонҳои аввалин дарки ҳамроҳ зистанро карданд ва аз ҳамон лаҳза ахлоқ ба таври табиӣ чун нишони баҳамоии онҳо зуҳур кард. Ба ифодаи дигар, этика ва қонун аз муҳимтарин омилҳои ҳаёти маънавии инсонҳо ва ё кашфиёти онҳост, ки барои расидан ба ормонҳои олии инсонӣ мусоидат мекунанд. Ин ормонҳо тарбияи инсони комил ва таъмини адолату баробарӣ мебошанд.
Ин нукта боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сарнавишти ҳазоронсолаи инсоният гувоҳ аст, ки озодӣ ба маънои мутлақ ҳеҷ гоҳ вуҷуд дошта наметавонад, зеро озодӣ пеш аз ҳама, дарки масъулият аст ва ҳамин дарк карданҳо худ ҳадди озодӣ мебошанд ва моҳияти мутлақияти онро аз миён мебаранд.
Воқеан ҳам, шинохти ахлоқ ва қонун яке аз масъалаҳои мубраму доманадори фалсафа ва ҳуқуқ мебошад. Муҳаққиқони зиёде шурӯъ аз замонҳои қадим то имрӯз доир ба он изҳори назар кардаанд ва чунин баррасиҳо боз ҳам идома доранд.
Аз ин рӯ, мо ба таври умумӣ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, мушаххасан вобаста ба шинохти этикаи касбии тахассуси худ изҳори назар менамоем, ҳарчанд ҳамеша дар назар дорем, ки ахлоқи касбӣ низ ҷузъе аз ахлоқи умумӣ аст ва аз он сарчашма мегирад.
Аз нигоҳи мо, назари муҳаққиқи маъруфи журналистикаи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов беҳтарин намунаи шинохти этикаи касбии журналист аст: “Одоби журналистӣ маҷмўи хислатҳое мебошад, ки аз як тараф хосияти касби журналистиро ташкил медиҳанд ва аз тарафи дигар онҳо бо хусусиятҳои хоси ҳар шахс пурра шуда, комплекси симои эҷодии нигорандаро ба вуҷуд меоранд. Ин хислатҳо ба сифати матолиби навишташуда таъсир мерасонанд, онро хонданӣ ё мутанафур, диданӣ ё нописанд мекунанд”[9, с.71].
Воқеан ҳам, чунин шинохт аз ахлоқи касбӣ тавзеҳи комили моҳияти он аст, зеро дар ҳамин шарҳи кӯтоҳ мазмуни одоби касбӣ ифодаи худро ёфтааст. Дар ҳақиқат, одоби касбӣ муаррифгари симои нигоранда аст ва ҳамзамон, ботини ӯро низ ошкор месозад. Ҳамон сухани классикӣ, ки мегӯяд, “то мард сухан нагуфта бошад…” мувофиқ ба ҳамин ҳол аст.
Муҳаққиқи дигари журналистикаи тоҷик Сангин Гулов низ барҳақ таъкид менамояд, ки “Ташаккули ахлоқи касбӣ ҷараёни зинда ва мудовим буда, аз масоили муҳимтарин фаъолияти журналистӣ мебошад. Ба хусус, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ, боло рафтани нақши ВАО, пайдоиши имкониятҳои нав дар дастрасӣ ба иттилоъ, марзнописандии иттилоъ ва монанди ин, дар баробари меъёрҳои ҳуқуқиву касбӣ, меъёрҳои этикиву ахлоқӣ хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар фаъолияти ҳаррўзаи журналистон мо ҳар лаҳза ба муаммоҳои ҳуқуқӣ ва бештар этикӣ рў ба рў мешавем. Дар ҷараёни фаъолияти худ журналистон вазифадоранд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва этикиро риоя кунанд. Меъёрҳои ҳуқуқиро қонунгузориҳо муайян ва танзим мекунанд, аммо дар хусуси меъёрҳои этикиву ахлоқии фаъолияти журналистӣ андешаҳо гуногун ва ҳатто баъзан хилофи якдигаранд. Бо вуҷуди ин, аксарият меъёр ва принсипҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро эътироф карда, онҳоро ҳатмӣ медонанд”[5, с.259].
Дар андешаҳои ин муҳаққиқи маъруф, ки солҳои сол ба таълими одоби касбӣ машғул аст, дар як вақт шинохти меъёрҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ (қонун), алоқамандӣ ва тафовути онҳо низ изҳор гардидааст. Аз назари ин муҳаққиқи маъруф низ, меъёр ва принсипҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳатмӣ мебошанд, ҳарчанд доир ба онҳо нуктаҳои назари гуногун вуҷуд доранд.
Чун идомаи мантиқии ин мавқеъ, зикри ақидаи муҳаққиқ Лайло Киёнпурро лозим медонем, ки мегӯяд: “Асри иртибототи маонӣ тарзҳои гуногуне дорад, агар бо рўйкарди хирадмандона ба он нигариста шавад, метавонад фурсатҳои нав дар баробари инсон кушояд ва агар бар мадори манфиатталабӣ бошад, чизе ҷуз сиёҳӣ ва завол дар пай надорад. Асри иттилоот зистан дар дунёи расонае шудааст, ки ахлоқи касбии расонаӣ бо қонуни ҳирфаиро барои фаъолиятҳои мудовим, ҳадафманд ва низомманд дар ҳавзаи расонаҳо, аз пажўҳиш ва нақд, журналистикаи телевизионӣ, радиоӣ, матбуот ва интернет, барномасозӣ зарурӣ менамояд, ки он баёнгари вазифаҳои ҳирфаӣ ва навъи рафтори расона ва дастандаркорону мавориди он ва ҳар мутахассиси иртиботот аст ва талош мекунад, то робитаи байни расонаву аудитория ва омилҳои онро нисбат ба ҳам таъйин кунад. Ахлоқи масъулонаи расонаӣ дар ин дунё, ки зиндагӣ дар он ҳам ба ҳам пайваста ва ҳам шикананда аст, ба ҷойи мантиқи қудрат мантиқи ҳақиқатро мепазирад, барои ҷонибдории тарҳе такя мекунад, ба ҷойи барҷастасозӣ ба айниятгароӣ рўй меоварад ва ба ҷойи якпорчагӣ бар такассургароӣ таъкид дорад” [6, с.11].
Ин муҳаққиқ ҳам, ки асосан вазъи риояи меъёрҳои ахлоқиро дар шабакаҳои телевизионӣ таҳқиқ кардааст, зарурати риояи онҳоро дар ҳама воситаҳои ахбор таъкид менамояд ва дар шароити муосири замон ин заруратро чун талаботи рӯз муаррифӣ менамояд.
Ба назари муҳаққиқ Мутриба Бобоҷонова, “ахлоқ дар фаъолияти касбии журналист нақши ниҳоят муҳим дорад. Ин холат ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ бараъло зоҳир мешавад. Аввалан, ахлоқ муносибатҳои журналистро бо ҷомеа, хусусан, ба истеъмолкунандагони иттилоот ба низом медарорад, яъне ин муносибатҳо дар ҷараёни фаъолияти муайян, зуҳур мегардад. Дар мураттаб сохтани ахлоқи касбии журналист нақши принсипҳо, талаботи категория ва ғояҳои ахлоқӣ низ муҳим мебошанд, зеро онҳо журналистро дар доираи фаъолияти касбӣ ба идора ва назорат кардани рафтори худ ҳидоят менамоянд. Албатта, чунин низоми рафтор пеш аз ҳама ба манфиати журналист аст, зеро ин ҳолатҳо эътибору эътиқоди ҷомеаро ба журналист ва ВАО бештар мегардонад. Ҳар як зуҳуроти беэътиноӣ, беэътиборӣ ба ахлоқ, сарфи назар аз он ки он бо кадом мақсад амалӣ мегардад ба манфиатҳои умумии журналистика ва тамоми ҷамъият таъсири манфӣ мегузорад” [2, с.131].
Воқеан ҳам, дурустӣ ва аҳамиятнокии андешаҳои мазкур, ки чун нишони шинохту ибрози зарурати мавҷудияту риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ зикрашон рафт, тасаввурпазир ва эътирофшаванда аст.
Дар мавриди меъёрҳои ҳуқуқӣ ё нақши қонун дар журналистика муаллифони дастури таълимии “Муқаддимаи журналистика” менависанд, ки “зимни фаъолияти ҳамарўзаи худ журналистон ҳамеша бо меъёрҳои ҳуқуқӣ сари кор мегиранд. Дар шароити кунунӣ фаъолияти журналистӣ ба дараҷаи зарурӣ ба низом дароварда шудааст, зеро таъбири ҳуқуқшиносон, ки дар асоси ҳар касб бояд заминаи қонунӣ вуҷуд дошта бошад, амри воқеист”[4, с.37].
Доир ба мазмуни рамзие, ки дар унвони матлаб аст, мехоҳем бо таҳлили як мисол марзи миёни меъёрҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиро дар журналистика муайян намоем.
Ҳафтаномаи “Пайк” дар саҳифаи фейсбукии худ зери унвони “Дар хобгоҳи ДДК шабона чӣ ҳодиса мегузарад?” матлабе нашр гардонида буд, ки ба вокунишҳои шадиди касбӣ дучор шуд. Дар ин матлаб асосан сухан атрофи вохӯрии ноиби ректор оид ба тарбия бо волидони донишҷӯёне буд, ки фарзандонашон дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд. Дар матлаб пурра аз забони ӯ нақл мешавад. Ин масъули донишгоҳ бо нигаронӣ иброз медорад, ки дар хобгоҳ тартибот риоя намегардад ва як мушоҳидаи худро мегӯяд, ки бо мақсади назорат як нимашабӣ ба хобгоҳ рафтааст ва шоҳиди ҳолати ногувор гардидааст. Пасон, хоҳиш мекунад, ки телефони духтарҳоятонро тафтиш кунед, ба зисту таҳсилашон бепарвоӣ накунед, зери назорат гиред. Ин масъул аз сари эҳсос мегӯяд, ки ҳар шаб мошинҳои сиёҳшишаро мебинам, ки духтарҳо ба онҳо нишаста мераванд. Ба ин монанд, аз ҷониби ӯ боз чанд сухани эҳсосии дигар баён шудаанд.
Ин матлаб фавран аз ҷониби корбарони шабака мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, номзади илмҳои филологӣ, рӯзноманигор, сармуҳаррири нашрияи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ дар матлабе зери унвони “Аз барои кайк пӯстинро намесӯзонанд”[11] онро таҳлил намуда, менависад, ки ба назари ман, 6 банди “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” (намунаи соли 2009) ҳангоми таҳияи он сарфи назар шудааст. Аз ҷумла, а) рисолати ВАО ва журналист: ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, б) сареҳияти ахбор: ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд, в) ақида, далел ва гумону тахмин: ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад, г) иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр: ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегардад, худдорӣ кунанд, ғ) эҳтироми ҳаёти шахсӣ: ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад. Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад, д) ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс: Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст.
Ӯ ҳамчунин, менависад, “мардуми оддӣ, ки аслан аз касбияти журналистика бехабаранд, ҳарфҳое гуфтанд, ки ҳиҷ ногуфтанӣ. Ман хаёл кардам, ки дар даврони ваҳшоният зиндагӣ дорем”[11].
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ дар ин матлабаш ҳамчунин, нуктаи назари “мутахассисони касбӣ ин мақоларо ғайриҳирфавӣ хондаанд. Масалан, Ҳуриннисо Ализода, рӯзноманигори собиқадор менависад, ки “барои як ё ду духтари сабукпо, ки дар ҳама давру замон ва ҳама макон буданду ҳастанд, кӣ ба журналист ҳуқуқ додааст, ки ахлоқи ҳама духтарони донишҷӯро зери суол бибарад? Оё ин муаллифи тезқалам ё ҳангомаҷӯ фикр намекунад, ки барои духтарон, хоса барои духтарони маҳал латма задан ба шаънашон чӣ паёмаде дорад? Дар асри XXI ҳам бошем, шояд ҳамин як даҳсолаи охир масъалаи ба хондан рафтани духтарони минтақаи Кӯлоб ҳалли худро ёфтаву онҳоро барои гирифтани маълумоти олӣ иҷозат медиҳанд. Ин «журналисти таҳқиқотҷӯ» масъалаи дигар наёфтааст, ки соати 12 аз паси кадом духтаре мепояду баъд ҳамаашонро «бо як дос дарав» мекунад? Оё намеандешад, ки ин қадар духтарони ДДК падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабову ҳамсояву ҳамдеҳа доранд. Онҳо дар бораи ҳар яки инҳо чӣ фикр мекунанд? Магар дигар ба онҳо бовар карда барои таҳсил иҷоза медиҳанд? Чаро ин гуна масоили тақдирсозро бо чунин сабукфикрӣ расонаӣ мекунед? Дуруст аст, ки ягон номи мушаххас несту касе наметавонад шуморо ба суд бидиҳад. Вале суди виҷдон дар қиболи бадномии кулли духтарони донишҷӯ чӣ? Суолҳо хеле зиёданд, вале ахлоқи касбӣ иҷоза намедиҳад онҳоро ин ҷо гузорем. Вале ҳамчунин матолиби шармандасози бедалел бояд аз саҳифа пок карда шавад. Андеша бояд! Вазифаи журналист шарманда кардан нест. Ин кори ҷомеа аст, ки рафтори ғайриахлоқиро маҳкум кунад. Ин масъаларо бод надиҳед, обрӯи духтарони хушодобро нигаҳ доред. Онҳо хеле зиёдтаранд аз чанд каҷрафтор”[11].
Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигори таҷрибадор гуфтааст, ки “ин чӣ касбият аст, ин чӣ бемаънигӣ? Ин чӣ арзёбист, ки як сабукпоро ба кулли духтарон нисбат медиҳанд? Пас, он падару модари деҳотӣ магар ҳаққи бадгумонӣ аз донишгоҳҳо надоранд? Айб аст ба журналист. Аслан ҳатто як нафар ҳам бошад бояд нанависӣ”[11].
Маҳбуба Камолова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, рӯзноманигори таҷрибадор бошад, навиштааст, ки “ба фикрам сайди ин журналисти тезқалам барор нагирифтааст, ки чунин маводро омода кардааст. Ҳар як нафар пеш аз навиштани чунин матлаб бояд фаромӯш насозад, ки ин духтар хоҳар ва духтари нафаре аст. Ба ҷавонмард паст задани шаъну шарафи духтарон намезебад. Бовар дорам, ки бародари мо Аҳмади Иброҳим намегузорад номи духтарон доғдор шавад. Пеш аз расонаӣ кардани чунин мавод андеша бояд кард!”[11]
Саъдӣ Маҳдӣ, номзади илмҳои филологӣ навиштааст, ки “ҳамзамон дар ин масъала ман фикри худро мегӯям, ки ҷонишини ректор оид ба тарбия дар маҷлиси дохилии Донишгоҳ масъалаҳои тарбиявӣ, ки бештар хусусияти шахсӣ (обрӯи духтар) доранд, матраҳ кардааст. Мухбири муҳтарам Худойдоди Ислом аз рӯи этикаи журналистӣ набояд ин масъалаҳоро расонаӣ – оммавӣ мекард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекард! Ин оқибати ногувор (барои духтар) дошта метавонад. Дӯсти ман Аҳмади Иброҳим — сармуҳаррир, ки масъалаҳои мазкурро аз ман хубтар мефаҳмад, дар маҷлиси дохилии редаксия ин масъаларо бинад, вале ҳаргиз онро оммавӣ накунад! Сипос!”[11]
Афшин Муқим, рӯзноманигор, котиби матбуотии Кумитаи корҳои оид ба дин, анъана ва ҷашну маросимҳо навиштааст, ки “ончи ноиби ректор дар як ҷаласаи маҳдуд гуфтааст, ба падару модарон рабт дорад, аз ин рӯ, набояд расонаӣ мешуд. Ин гапе нест, ки ба умеди як матлаб ба иззати нафси донишҷӯдухтарон расем”[11].
Пас аз зикри ин андешаҳо, Ҷ. Рустамшоҳ менависад: “Аз ин рӯ, аз дӯстам Худойдоди Ислом хоҳиш мекунам, ки ин андешаҳоро аввалан хуб ҳазм кунад, мақоларо покиза намояд ва аз духтарони хобгоҳ узр пурсад. Дигар ягон гапи гуфтанӣ надорам. Қазоват ба худи журналист аст”[11].
Воқеан ҳам, чунин бархӯрди муносибу саривақтии касбӣ боис гардид, ки ин матлаб аз саҳифаи фейсбукии ҳафтанома бардошта шавад.
Алоқамандии бевоситаи ин матлаб, ки мо ба он ба таври муфассал муносибат кардем ва ҳатто шарҳҳои корбарони фаъол ва рӯзноманигорони ботаҷрибаро низ пурра зикр намудем, дар он ифода меёбад, ки тавре Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ мегӯяд, масъалаҳои ахлоқӣ масъалаҳои ҷузъӣ нестанд, бо онҳо сарсарӣ муносибат кардан мумкин нест, зеро онҳо аз масъалаҳои тақдирсоз ба шумор мераванд.
Дар мисоли ҳамин матлаб ба таври возеҳ мебинем, ки то кадом андоза марзи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ муайян мешавад; онҳое, ки дар бораи ин матлаб изҳори назар кардаанд, иброз медоранд, ки дар ин маврид меъёрҳои ҳуқуқӣ чандон нақши назаррас надоранд, зеро инҷо ягон ҳуқувайронкунӣ нест, ҳеҷ кас аз лиҳози қонунӣ журналистро барои ин матлабаш ба ҷавобгарӣ намекашад, зеро ӯ гӯё вазифаи хабаррасонии худро иҷро намуда, аз як мушкили ҷомеа бонги изтироб задааст. Яъне, ин ҷо бар хилофи ягон моддаи қонунҳои соҳавӣ амал кардан ба мушоҳида намерасад, ҳарчанд ин хулоса аз нигоҳи аввал аст ва таваҷҷуҳ намудан ба ҷузъиёти пешниҳоди маълумот асосҳои ҳуқуқиро пайдо месозад.
Баррасии этика ва қонун ҳамин лаҳзаи ҳассос ва тафовути куллиро нишон медиҳад, ки инъикоси як рӯйдод метавонад аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳеҷ мушкиле надошта бошад, аммо оқибатҳои ногувору ҳатто тасаввурнашавандаи ахлоқӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба онҳо аз муҳиммиятҳои касбӣ ҳаст ва хоҳад монд.
Намунаи дигар, ки ба марзи этика ва қонун алоқаманд аст, хабари ҳузнангези фавти писари адибони маъруф, шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона аст, ки сомонаи ҳафтаномаи “Оила” ва радиои “Озодӣ” ба ин қазия аз нигоҳи ғайриахлоқӣ муносибат карданд. Радиои “Озодӣ” вобаста ба қазия се маротиба маълумот дод. Аввал бо чунин сарлавҳа хабар дода шуд: “Ҳалокати писари Озарахшу Фарзона дар дарёи Сир” [13]. Баъдан навиштанд, ки “Ҷасади Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд”[14] ва пас аз он гузориши видеоӣ бо унвони “Достони нонавишта”. Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд” [15] пахш шуд.
Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук, хусусан, журналистони замоне маъруф ин гузоришҳоро низ маҳкум намуда, он ки дар гузоришҳо ба такрор гуфта мешуд, “мақомот ва наздиконаш дар бораи омилҳои марги Ҳумоюн чизе нагуфтанд”, ғайриинсонӣ ва ғайрикасбӣ хондаанд. Ҳамчунин, масъалаи нашри аксу навори Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар масҷиду қабристон низ маҳкум гардидааст, ки ҳақ ҳам ҳастанд, зеро ин амал низ норавост, зеро он ҳолат набояд аксу наворгирӣ шавад, зеро оддитарин талаботи инсонист, ки бояд ҳамдарду ҳамдами падар буд, ки на ин ки ҳоли зори ӯро навор гирифт.
Масалан, шаби 13 апрел дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар истинод ба сомонаи ҳафтаномаи “Оила” бо чунин сарлавҳа хабар пайдо шуд: “Худкушии писари Озарахшу Фарзона”. Дар ин хабар гуфта мешуд, бинобар маълумоти яке аз хешовандони ин оила, ки нахост номаш ошкор шавад, писари ягонаи ин шоирони халқӣ бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сир партофта, ғарқ шудааст.
Ин хабар дар чанд гурӯҳи калони фейсбукӣ аз ҷониби хабарнигори сомона бознашр гардида, ба таҷоҳуми сахти корбарон, хусусан, журналистон дучор гардид. Аксарият ин навъи пешниҳоди маълумотро маҳкум намуда, амали хабарнависро ғайриахлоқӣ ва ҳатто ғайриинсонӣ номида, аз рӯзи бади дигарон ҳангома сохтанро пастию бешарафӣ донистанд.
Журналист Ҷасури Қиёмиддин дар саҳифаи худ бо унвони “Чаро “Оила” ҳангома месозад?” [12] ин амали сомонаро таҳлил намуда, менависад, ки “хабар ягон манбаи муътамад ва ягон далел надорад (агар аз нигоҳи қавоидии журналистӣ назар кунем), ки бо чунин сарлавҳаи сенсатсионӣ нашр шудааст. Муҳтарам ҳамкасбони сомонаи «Оила», аққалан дар ин рӯзҳои мусибат матлабҳои ҳангомасоз (ва дуруғ) нашр накунед…”
Журналист Исфандиёр Ҳаитов дар зери ин матлаб навиштааст, ки “баъзеҳо аз рӯзи вазнини одамҳо ҳангома месозанд ва он ҳангомаашон гӯё лаззат мебахшад. Ин на журналистика аст на инсонӣ. Худо ба ҳеҷ кас ин рӯзро нишон надиҳад. Аммо ба ҷои ҳамдардӣ ҳангома сохтан ин ноодамист! Ҳангомафурӯшон сари бозори замонанд… Войи чунин қалам ва чунин касб, ки ботинаш олудаи разиливу касифиву чиркковист. То ин ҳад пастӣ… (Аммо боз худамонро хабарсоз мегирем)” [12].
Ҳамчунин, даҳҳо журналистони дигар дар зери ин таҳлил шарҳ навишта, аксаран бо лафзи ҳатто қабеҳ ин амали хабарнигорро маҳкум кардаанд.
Журналист Лутфуллои Азиз бошад, ба масъала ҷиддитар муносибат карда, навиштааст, ки “худкушӣ” гуфтани шумо ҷиноят аст, дар ҳоле, ки агар инсон худкушӣ карда бошад ҳам, ӯро ошкор намекунанд…тибқи қоидаҳои инсонӣ ва ҳам русумоти фаъолият, шумо бояд пӯзиш бихоҳед…!” [12]. Ин нуктаи назар ҳам муҳим аст, ҳарчанд дар ҷомеаи мо сатҳи муносибат то ин ҳад нест, ки аз болои чунин хабарнигор шикоят кунанд, аммо ҳолати ахлоқии ҷомеа худ ҳаками одилу бузург аст ва намунаҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки хабарнавис дар сатҳи зарурӣ ҷазои худро дид.
Шоистаи таъкид аст, ки дар натиҷаи чунин мавҷи вокунишҳо пас аз чанд соат ин сомона сарлавҳаи худро ба гунаи зер тағйир дод: “Яккаписари Озарахшу Фарзона дар дарё ғарқ шудааст” ва дар охир бо имзои “Аз идора” навишт: “Аҳли эҷоди сомонаи “Оила.тҷ” аз шунидани ин хабар маҳзун гардида, ба оилаи ду шоири забардаст сабри ҷамил мехоҳад”[16]. Ҳол он ки дар намунаи аввал ҳатто изҳори ҳамдардӣ низ набуд. Фикр мекунем, ин натиҷаи вокуниши ҷиддии корбарон буд, ки водор сохт, аввалан аз кардаи худ пушаймон шаванд ва ҳам “инсоният ба харҷ диҳанд”.
Аз ин нуктаҳои назар ва баррасии мисолҳо ба натиҷае расидан мумкин аст, ки шинохти меъёрҳои ахлоқӣ (этика) нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ (қонун) масъалаи ниҳоят ҷиддии ҳаёти инсонист.
Аз ҳамин ҷост, аксар муҳаққиқон ҳам мегӯянд, ки меъёри ҳуқуқӣ (қонун) барои мо мегӯяд, ки чӣ раво ва чӣ нораво, аммо этика мегӯяд, ки чӣ бояд кард?
Мо низ ба он назар ҳастем, ки ҳамин “чӣ бояд кард?” муҳимтарин масъалаест, ки ҳамеша бояд пешорӯи журналистон қарор дошта бошад. Ҳар як нафар бояд эҳсос намояд, ки пеш аз он ки хабарнигор бошад, ӯ инсон аст. Агар аз ҳамин зовия ба рӯйдоду ҳодисаҳо муносибат сурат гирад, ҳеҷ гоҳ ба чунин ҳолатҳои ногувор хабарнависон дучор намешаванд.
Ҳамин тавр, шинохту марзи этика ва қонун, ки ба ҳам алоқамандии бениҳоят зич доранд, аз муҳимтарин масъалаҳои касбии журналистика хоҳанд монд ва ногузирии зарурати ҳамеша баррасӣ гардидани онҳо низ чун воқеияте бармало хоҳад буд.
Хушдил Раҳимҷон, номзади илмҳои филологӣ
Бознашр аз “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон“