Яке аз ҷанбаъҳои муҳимми фаъолияти рўзноманигориро дар замони муосир сохтан ва нигоҳ доштани имиҷи он ташкил медиҳад. Ба он хотир замони муосир гуфтем, ки дар майдони фарохи фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки имкониятҳои фаровонеро дар бар мегирад, пайдо кардани мавқеъ осон нест, аз ин рў, масъалаи 13 сохтани имиҷи худ аз вазифаҳои асосӣ барои онҳое, ки мақсади созмон додани ин ё он воситаи ахборро доранд, ба шумор меравад. Омили нахустин дар ин самт кўшишҳои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад, ки расидан ба ин ҳадаф самтҳои гуногун дорад. Ҳамин кўшишҳои ҷалби таваҷҷуҳ нишони аввалини сохтани имиҷ мебошад.

Табиатан, ҳам ҳар инсон чунин майлу хоҳишро дорад, ки дар ҷомеа, дар ҳаёти иҷтимоӣ мавқеъ пайдо намояд. «Ба ин мақсад ў ба зоҳири худ эътибор медиҳад, кўшиш мекунад, ки ороставу пероста бошад, одобу рафтор, гуфтору пиндораш нек гардад, то таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб созад ва аз дигарон фарқ кунад. Ин эътибору кўшишҳоро бо истилоҳи касбӣ имиҷсозӣ меноманд» [3, с. 6].

Имиҷ калимаи англисии «image» буда, маънояш «тасвир» (образ) ва «инъикос» аст. Моҳияти имиҷ дар тасаввури ҷомеа ҷой кардани муносибати мақсаднок нисбат ба объект аст, ки тавассути тарғиб, PR реклама ба вуҷуд меояд. «Ба ибораи дигар, он маҷмуи тасаввури одамон доир ба чӣ гуна будани мавқеи инсон дар муҳити иҷтимоиву касбӣ аст. Имиҷ дар асоси воқеият, бахусус аз воқеияте, ки интизориҳои мардумро интиҳо мебахшад, сохта мешавад. «Аз воқеият дур сохтани имиҷ» маънои фиреби ҷомеаро надошта, балки объектро водор мекунад, ки ба нақшаи сохташуда тадриҷан мутобиқ шавад. Ин раванд ҳам вақти зиёд ва ҳам эҳтиёткориро талаб мекунад» [3, с.7].

Ҳарчанд «имиҷ» истилоҳи нисбатан нав аст, аммо моҳият ва мақсади он ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад. Ба тақвияти ин фикр, ба адабиёти классикии тоҷику форс назар меандозем. Аксари адибон доир ба нуфузу эътибори шахс (имиҷсозӣ) андеша ронда, баъзеашон дар мавзуи усулҳои шаклгирии зоҳиру ботини шахс дар тасаввури ҷомеа асарҳои алоҳида офаридаанд. Масалан, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Баҳористон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ. Ин асарҳо зина ба зина инсонро ба худсозӣ даъват мекунанд.

Имиҷ истилоҳи нисбатан нав буда, солҳои 60-уми асри ХХ мавриди истифодаи омма қарор гирифт. Ҳарчанд солҳои 30-юми асри гузашта Зигмунд Фрейд кўшиш намуд, ки истилоҳи «имиҷ»-ро оммавӣ гардонад, аммо ин кор ба ў муяссар нашуд. Дар даҳсолаи 1960-ум ба иқтисоддон К. Болдуинг муяссар шуд, ки истилоҳи имиҷро ба иртиботи корӣ (ниҳодӣ) ворид созад. Дар Русия ин истилоҳ дар даҳсолаи охири садаи ХХ бо шарофати шаклгирии имиҷи варзишгарону ҳунармандон мавриди истифода қарор гирифт. Дар кишвари мо – Тоҷикистон истилоҳи «имиҷ» ва «имиҷелогия» нисбатан дертар, баъд аз расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аниқтараш дар оғози қарни нав нишонаҳои имиҷсозӣ дар ҳаёти фарҳангиву варзишӣ зуҳур ёфт [3, с. 8].

Дар ҳақиқат, «барои журналист доштани имиҷи дилхоҳ ниме аз комёбии ўст. Доштани образи махсус ва мувофиқи табъ барои намояндагони соҳаҳое, ки фаъолияташон бо мардум вобастагӣ дорад, муҳим аст. Имиҷ ҷузъе аз фаъолияти амалии сиёсатмадорон, ходимони бонк, омўзгорон, олимон, журналистон ва ғайра ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, аз диди алоқамандони мавзуъ «дар замони мо имиҷ моли серхаридори намояндагони соҳаи тиҷорат гардидааст, махсусан онҳое, ки бо сиёсат сару кор доранд…» [4, с. 233].

Имиҷ образест, ки шахс барои ба вуҷуд овардани тасаввуроти дилхоҳ доир ба худ истифода мебарад. Аз рўи таъкиди И. Стренин, «имиҷ образи оддӣ не, балки симоест, ки инсон махсус барои худ интихоб менамояд, меофарад ва шууран онро дастгирӣ мекунад, барои расидан ба ин ё он ҳадаф дар ҳаёт истифода мебарад» [4, с. 233].

Аз рўи ақидаи мутахассиси симоофари рус В. М. Шепел, «Имиҷелогия илм ва ҳунари ба дигарон писанд омадан аст. Имиҷ намуд ё партави хусусие аст, ки аз тарафи ВАО, гурўҳҳои ҷамъиятӣ ё кўшиши шахсиятҳо бо мақсади ҷалби диққат ба худ офарида мешавад» [4, с. 233].

Ин андешаҳои муҳаққиқон, ки ба тафсил зикр шуданд, моҳияти имиҷу таърихи пайдоиши истилоҳии онро ошкор месозанд ва барои баррасиҳои мо чун заминае ҳастанд.

Дар ин матлаб мо бевосита доир ба имиҷсозии худии воситаҳои ахбори омма на, балки аз зовияи дигар ба ин мафҳум ва муносибати расонаҳои гурўҳӣ бо он назар мекунем; доир ба он ки расонаҳо имиҷсозиҳо мекунанд ва ҳамин тавр, дар ин асос барои худ ҳам имиҷ пайдо мекунанд.

Асосан, ин имиҷсозиҳои воситаҳои ахбори омма тавассути эълони озмунҳо сурат мегиранд ва ба воситаи назарсанҷиҳо натиҷагирӣ мешаванд. Имрўз, ки имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои фарогирии доираи васеи хонандагон мусоидтар аст, расонаҳо низ ин озмунҳои худро дар саҳифаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доранд, роҳандозӣ намуда, диққати аудиторияи васеъро ба онҳо ҷалб менамоянд ва ҳамин тавр, барои расидан ба ҳадафҳои худ кўшиш менамоянд.

Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имкони баёни афкорро ба ҳама истифодабарандагони худ дар чанд шакл пешниҳод менамоянд ва ҳамин тавр, озмунҳои воситаҳои ахбори омма ҳам дар шакли васеъ мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва дар шаклгирии имиҷсозии расонаҳо барои худи онҳо ҳам мусоидат мекунанд.

Мо дар мисоли яке аз озмунҳо ё худ ба истилоҳи худи нашрия, рейтинги ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи рressa.tj ва муносибату бархўрдҳо ба он ҷанбаъҳои ахлоқии онро баррасӣ менамоем.

14 декабри соли 2022 дар сомонаи рressa.tj, ки ҳамчун сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» муаррифӣ мешавад, чунин маълумот пайдо шуд: «Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рўи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тули сол соҳиби дастовардҳо шуданд. Моҳи ноябри имсол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» миёни 800 респондент пурсиш гузаронд, ки дар натиҷа аз ҳар номинатсия даҳнафарӣ ашхоси муваффақ дониста шуданд. Ҳоло шумо, шаҳрвандони кишвар бо роҳи овоздиҳӣ метавонед аз ҳар номинатсия як нафарро интихоб кунед ва ба ҷонибдории ў овоз диҳед. Шахсоне, ки аз ҳар номинатсия (аз ҳар номинатсия 1 нафарӣ) аз ҳама зиёд овоз мегиранд, чеҳраи сол шинохта мешаванд. Овоздиҳӣ аз 14 то 30-юми декабри соли 2022 идома меёбад. Аз як IP ҳуқуқи дар ҳар номинатсия ба тарафдории як нафар овоз додан доред. Ғолиб ҳамоне дониста мешавад, ки дар номинатсияи худаш аз ҳама бештар овоз мегирад. Чеҳраҳое, ки соли гузашта рейтингашон муайян ва соҳиби дипломи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj гардиданд, имсол ба рўйхат ворид карда нашуданд. Ғолибон баргузидагони мардуманд ва бо Дипломи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мукофотонида мешаванд» [7].

Ин эълон, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ҷониби кормандони нашрия борҳо бознашр шуд, муштариёни ҳафтанома ва дигар истифодабарандагони ин шабакаро ба овоздиҳӣ даъват мекард.

Вобаста ба ин эълон ин суханро, ки пештар ҳам зикр шуда буд, «дар замони мо имиҷ моли серхаридори намояндагони соҳаи тиҷорат гардидааст, махсусан онҳое, ки бо сиёсат сару кор доранд…» лозим медонем. Яъне, ин бозоршиносӣ, огоҳ будан аз нозукиҳои тиҷорат дар соҳаи муассиси нашрия аст, ки тарзи корбарии хуб дорад ва василаҳои ҷалби таваҷҷуҳро низ хуб медонад.

Табиист, ки эълони чунин озмуну рейтингҳо аксариятро бетараф намегузорад ва онҳо ба ҳар васила вокуниш менамоянд. Ин суханро вокунишҳои мухталифи сершумор дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук собит мекунад, яъне, ин амал яке аз роҳҳои хуби ҷалби таваҷҷуҳ аст.

Ҳамин вокунишҳо боиси он гардидааст, ки шореҳи сомонаи newreporter.org ба ин мавзуъ рўй орад ва онро пас аз ҷамъбасти рейтинг зери унвони «Ғалабаи пурсару садо. Чаро озмунҳои ВАО-и Тоҷикистон «бе гап» тамом намешаванд?» мавриди баррасӣ қарор диҳад[6].

Ин сомона менависад, ки «ниҳоят вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳам дипломи ғолибияти худ дар озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj-ро аз дасти сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф 15 Ҳамдампур соҳиб шуд. Ў ҳатто ба онҳое, ки ба ҷонибдориаш дар «Рейтинг-2022» овоз доданд, изҳори сипос намуд ва гуфт «ин эътимоди мардум нисбат ба соҳаи маориф аст, ки раъйи худро доданд». Хотиррасон мешавем, ки сар аз соли нав нашрияи «Тоҷикистон» маълумот дар бораи ғолибони рейтинги ҳафтаномаи мазкур ва сомонаи Pressa.tj-ро нашр карда, онро дар сомонаи худ ҳам мегузорад. Масъулини ҳафтанома дар шарҳи озмун гуфтанд, ки овоздиҳӣ дар он тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то соати 12.00 –и 30-юми декабри соли 2022 идома ёфт. Пеш аз ин, онҳо гуфта буданд, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳафтаномаи «Тоҷикистон» миёни 800 респондент пурсиш гузаронд, ки дар натиҷа аз ҳар номинатсия даҳнафарӣ ашхоси муваффақ дониста шуданд» [6].

Ин сомона менависад, ки «аммо ҳанўз дар рўзҳои аввали ин озмун мавҷи норозигӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Бархеҳо навиштанд, ки саҳифаи озмунро дар интернет мекушоянд, аммо ҳоло амале анҷом надода, барояшон паём меомад: «Шумо аллакай овоз додаед!». Масъалаҳои дигар низ радду бадал шуданд. Кор то ҷое расид, ки ҳамин вазири маориф, ки ниҳоят дипломи худро гирифт, вокуниш кард. Аз ҷумла гурўҳҳои вобаста ба вазорат дар Фейсбук бо изҳори сипоси Саидзода ба масъулини озмун ва онҳое, ки ба ҷонибдориаш овоз додаанд, тазаккур намуданд: – Раҳим Саидзода афзуд, «зарурат ба чунин тарғибот нест. Аз ин рў, эҳтиромона хоҳиш менамоем, аз пешниҳоди чунин навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, минҷумла, маҷаллаи Маорифи Тоҷикистон худдорӣ намоед». Ин гуна бархўрди вазири маориф мавриди истиқболи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт ва бархеҳо навиштанд, ки хеле аз мансабдорон бояд аз ў ибрат гиранд. Аммо ҳоло маълум мешавад, ки ин вокуниши Саидзода барояш нақши мусбат бозида, барои овоздиҳии бештар мусоидат намудааст. Дар акси ҳол, ў дипломи ғолибиятро соҳиб намешуд…» [6].

Шоистаи зикр аст, танҳо корбарони оддӣ, онҳое, ки овоз додан мехостанд, ки аз ин шакли рейтингсозӣ изҳори норизоӣ карданд. Шахсиятҳо низ ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шуданд. Донишманди тоҷик, яке аз доварони машҳури озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…» Ҳафиз Раҳмон навишт, ки мантиқи ин гуна озмун ё имиҷсозиро нафаҳмидааст: «Банда мантиқи ҳамин озмун ё имиҷсозиро нафаҳмидам: агар яке хубтар аз дигарон бошад, пас, боқимондаҳоро иваз бояд кард. Ҳама вузаро бояд беҳтарин бошанд, дар идораи давлат вазири ноуҳдабаро мисли хор миёни гулҳост. Вазир масъули кишвардорист, рисолат аст, тадбиргар аст… Пас, аз рўйи ҳамин мантиқ онҳо бояд ҳама дар як тим, яъне Ҳукумат чорасозу чораандеш ва ниҳоят ғамхори халқу миллат бошанд, якҷо кор кунанд, якҷо барои обрўву манзалати тими воҳид дар гирудор бошанд… Аз ин гуна овоздиҳӣ беҳтар мебуд, ки барои инҳо ҳам як озмуни имтиҳони фаъолият ташкил кунанд, то донишу ҳунари мудирияташон маълуми ҷомеа шавад… Мисли он ки дар «Фурўғ» аз адабиёти бадеӣ мардум донишу фаҳму дарки хешро ба намоиш мегузоранд…» [5].

Ҳуринисо Ализода, рўзноманигор ва раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон ҳам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук таҳти унвони «Рейтинг- чаро норизоӣ ба миён овардааст? Фишкаи он дар куҷост?» [8] матлаби калон навишт ва гуфт, албатта омўзиши афкори омма хуб асту назарпурсиҳо ин донистани мавқеи одамон аст, ки барои як давлати демократӣ ҳеҷ ҷойи таҳайюр ё нигаронӣ надорад. Аммо оё натиҷаи он ба ҷуз обрўрезӣ ё «обрўсозӣ» чизе медиҳад?».

Раиси Шурои ВАО дар идомаи матлаб афзудааст, ки «Ба кӣ даркор шуда, ки яке вазири сол бошад ё сарояндаи сол? Магар ин натиҷагирӣ барои дигар вузаро муассир аст? Оё Ҳукумати кишвар ин пажуҳишу пурсишро эътироф мекунад? Оё вазире, ки воқеан муваффақ асту бо сабабҳои маълуму номаълум чун «беҳтарин вазир» интихоб намешавад, зеро ба ин бозӣ ҳамроҳ нашудааст, зарари маънавӣ намебинад? Садҳо суолҳои дигар ҳам беҷавобанд, аммо!

Чанд рўз аст, дар ин шабака даъвоҳои ба ҷойи дигарон «овоз» додани «касе»- ро дида ҳайрон мешавам. Ҳамин чизҳои сохта ба кӣ даркор аст? имиҷсозӣ ҳам як бозиест, чун дигар бозиҳои кадрӣ. Албатта вазир бояд кордонтарин кас ва донову муаддабу оқилу фозил ва содиқ ба миллату давлат бо дасту дили пок бошад… Чанд сол 16 аст, ҳамин «ҳилла»-ҳоро дар пайравӣ ба матбуоти ғарб, бархе аз редаксияҳои мо ҳам роҳандозӣ мекунанд, ки мақсади он, мутаассифона, ҳақиқат не, вале манфиат аст. Яъне ин як проекте аст, ки ба созмондиҳандагони ин маърака пурвоҳима, вале барои ашхоси зирак, хандадор, роҳандозӣ мегардад. Ва онҳое, ҳам ки ба ин бозиҳо ҳамроҳ мешаванд, аксар касони тамаъҷў ё таблиғгаре беш нестанд. Вагарна чаро ҳар кас вазири (сароянда, актёр, раис ва ғайра) худаш, ҳамшаҳрӣ ва ё ягон каси аз вай манфиатбардоштаашро ин ҷо чун «беҳтарин» пешниҳод ва ба мо талқин месозад, ки ба ў ҳамроҳ шавем» [8].

Ғунчагул Нурализода, корбари фаъоли Фейсбук, наттоқи Телевизиони «Душанбе» ҳам бо ишораи «Аз саҳифаи дўст» матлаберо таҳти унвони «Ректори Рўзи қиёмат» нашр кард, ки гўё гуфтаҳои Ҳуринисо Ализода дар мавриди тамаъ ва манфиатҷўии расонаҳо аз роҳандозии ин гуна озмунҳоро ошкор мекард: «Чанд сол пеш як расона озмуни «Ректори сол» эълон карда буд. Масъулон танҳо барои шомил шудан ба рўйхати номзадҳо аз ректори як муассисаи олии хеле бонуфуз чанд ҳазор сомонӣ талаб намуданд. Инчунин, барои ба эшон додани ҷойи аввал маблағи иловагӣ… Ректор, ки хеле шахсияти фарҳехта аст, ба онҳо посухи сазовор дода буд: «Ба ҷойи сарфи ин маблағ дар озмуни сохтаву дурўғини шумо онро ба ягон ятимхона дода, ректори рўзи қиёмат мешавам!» [9].

Масъулини озмун аз нашрияи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ин ҳолатро дида, кўшиш намудаанд, ки ба саволҳои асосии мавриди баррасӣ посух диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки ин гуна озмунҳо барояшон нав нест: «Соли дуюм аст, ки рейтинги мазкурро сомонаи Pressa.tj мегузаронад, зеро имкониятҳои техникӣ шароит фароҳам оварданд, ки овоздиҳӣ онлайн ва шаффоф баргузор шавад. Аз оғози рейтинг то имрўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёде пайдо шуд…» [11].

Дар идома ба се суоли баҳсбарангез, ки ба гуфтаи онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва суҳбатҳои хоса ба онҳо расидааст, посух доданд. Ба саволи аввал дар бораи он ки чаро корбарон овоз дода наметавонанд, масъулини ҳафтанома навиштанд, «овоздиҳӣ дар барномае, ки мо бо он кор мекунем шаффоф аст. Ин барнома ба як IP адрес имкони ҳамагӣ як маротиба овоз доданро ба як номина медиҳад. Яъне агар дар офисе, ки шумо фаъолият мекунед 50 компютер ҳам ба як IP адрес пайваст бошад, имкони ҳамагӣ як маротиба овоз додан ҳасту халос….» [11].

Ба саволи дуввум дар бораи он ки онҳо тариқи рейтинг маблағ кор мекунанд ё не, посух дода шуд, ки «ин рейтинг то ба имрўз ба хазинаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 1 сомонӣ ҳам фоида наовардааст. Баръакс, дарди сар меораду халос… Мо бархе аз «Шахсиятҳои сол»-ро ҳатто намешиносем. Бархеи онҳо ҳатто «Диплом»-ашонро то ҳол нагирифтаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мо рейтингро баргузор мекунем! Зеро хонандаи мо ҳаққи баёни андешаву афкорро дорад» [11].

Ба саволи сеюм дар бораи он ки чаро ин рейтингро баргузор мекунанд, посух чунин буд, ки ин ҳаққи мардум аст: «Яке аз вазифаҳои асосии ВАО муайян кардани афкори умум аст. Мардум ҳаққи интихоб дорад, ҳақ дорад ба ҷонибдории як раис ё як вазир ё як шоир ё як ҳунарманд овоз диҳад. Ўро аз дигаре бартару болотар донад… Албатта, натиҷаи тамоми рейтингҳову сабқатҳо нисбӣ аст, вале он натиҷаи интихоби як гурўҳи одамон аст. Мо ҳаққи онҳоро ҳуқуқи поймол кардан надорем. «Ноҳақ» гуфтани натиҷаи рейтинг поймол кардани ҳаққи интихоби ҳазорон нафар аст…» [11].

Ин посухи идораи нашрия, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам ашр шуд, боз ҳам суолбарангез шуд. Масалан, корбари шабака, журналист Қурбон Аҳмадзода навишт, ки «ман бо ин рейтинг мушкилӣ надорам, аммо ман ҳозир бо интернети худу телефони худам даромадам ва соли гузашта низ ҳамин гуна карда будаму ҷавоб ҳамин буду ҳаст: «Шумо аллакай овоз додед». Ман овоз диҳам, ба яктояш овоз медиҳаму ҳуқуқ дорам, наход ба «даҳ» вазир якбора «овоз» дода бошам… ҳеҷ нафаҳмидам» [11]. Корбаре бо ному насаби Рустам Азимов навишт, ки «тарзи овоздоданро ба мардум бояд фаҳмонд на хулосаи қатъии худро. Мо низ овоз додан мехоҳем, лек як ҷавоб: аллакай овоз додаед. Телефони ман акаунти ман, касе ҳақ надорад ворид шавад, ин аст мушкил. Инро бояд фаҳмонд!». Корбари дигар, журналист Фаридун Раҳмонзода нуктаи 17 муҳимро таъкид намуд: «50 компютерро ба як IP адрес фаъол кардан ғайриимкон аст. Ҳатто 2 компютерро намешавад» [11].

Аммо мутаассифона, ин саволҳо, ки бидуни ягон ғараз пешниҳод шудаанд ва ҳам ин эрод, ки хеле муҳим аст, беҷавоб мондаанд, ки ин ҳолат шаффофияти рейтингро зери суол мебарад.

Шореҳи сомонаи newreporter.org дар идомаи матлабаш менависад, ки «дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносон, аслан рейтинги мансабдорон аз рўи меъёрҳои илми ҷомеашиносӣ баргузор намешавад. Роҳандозии аввалини ин гуна озмунҳо дар матбуоти фаъол аз ибтидои солҳои 2000 – ум оғоз мегирад. Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» саҳифаи махсусеро боз намуд, ки «Рейтинг» ном дошт. Он моҳе як маротиба баргузор шуда, дар он «Журналисти беҳтарин», «Нашрияи беҳтарин», «Шоири беҳтарин», «Овозхони беҳтарин» ва мисли ин натиҷагирӣ гардидааст. Масъули ин саҳифа Раҷаб Мирзо мегўяд, идеяи ташкили ин саҳифа аз Давлат Назрӣ, сармуҳаррири вақти ин нашрия буд ва масъули саҳифа ба донишгоҳҳо мерафт ва аз донишҷўён тақозо мекард, ки номгўи ашхоси ба назарашон машҳурро дар қоғазҳо нависанд: «Албатта ин назарсанҷиҳоро ҳоло касбӣ номидан имкон надорад. Мо баъд, дар замони фаъолият дар Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» махсусиятҳои касбии сотсиологиро дуруст дарк намудем. Аммо он замон ин гуна назарсанҷиҳо анҷом намешуданд ва ин як навъ ибтидо буд. Баъд онро дар чанд шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо номи «Мизони шўҳрат» ҳам роҳандозӣ кардем» [6].

Ин шореҳ ҳамзамон, афзудааст, ки «солҳо боз нашрияи «СССР» гўшаҳое чун «Раиси мардумӣ», «Вазири халқӣ» ва мисли инро анҷом медиҳад. «Фараж» ва «Самак» – нашрияҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳам чандин сол аст, ки озмунҳои гуногун ташкил мекунанд: «Беморхонаи беҳтарин», «Мактаби беҳтарин», «ШКД –и беҳтарин», «Овозхони беҳтарин» ва мисли ин. Ҳамин тавр, тавассути анкетаҳои хос бояд ҳар яке аз муассисаҳои ёдшуда миқдори зиёди нашрияҳоро харидорӣ намоянд ва ба ин тартиб теъдоди муайяне аз ин ҳафтаномаҳо ба фурўш мераванд. Ба ин васила то ҷое теъдоди нашри худро ҳифз мекунанд. Барои ҳамин натиҷаи онҳо ҷиддӣ гирифта нашуданд. Ҳадди ақал, барои он ки афзалият дар ин гуна озмунҳо маҳз ба онҳое дода мешуд, ки анкетаи бештарро, ки нашрияҳо ташкил кардаанд, харидорӣ менамуданд. Сару садое буд, ки мансабдорон ба зердастонашон супориш медоданд: фалон нашрияро харид карда, анкетаашро пур карда, ба ман «овоз» диҳед! [6].

Дар идомаи матлаб зикр мешавад, ки нашрияҳои Тоҷикистон идеяҳои нисбатан креативӣ ҳам доштанд. Масалан, «СССР» солҳои аввали пайдоишаш иқдомҳои ҷолибе анҷом медод. Фарзи мисол, вақте бозори фурўши лампаҳои каммасраф «гардон» шуд, ин нашрия дар чанд бозори Душанбе фурўши арзону босифати онро ташкил кард. Фурўши чанд навъи ғизо тариқи анкетаҳои «СССР» низ мисле, ки таъсирнок буданд. Аммо ҳоло ин нашрия «Раиси мардумӣ» ва «Вазири мардумӣ» онҳоеро номидаву диплом медиҳад, ки аз ҳама зиёд анкетаи нашрияро «пур кардааст»…[6].

Шореҳи сомонаи зикршуда барои муқоиса аз таҷрибаи кишварҳои дигар ёдовар мешавад ва ҳамчунин, аз ин муқоиса натиҷагирӣ ҳам мекунад, ки ба назари мо, мувофиқу муносиби ҳол аст: «зимнан, баргузории чунин иқдом дар ҷомеаҳои демократӣ як амри маъмулист. Ҳатто дар рўзҳои муқаррарии зиндагӣ. Дар кишварҳои ҳамсояи мо, назири Қирғизистону Қазоқистон ҳам расонаҳои хабарӣ ва низ созмонҳои вижаи омўзиши афкор ҳар мансабдорро аз рўзи аввали ба курсӣ нишастанаш, зери дурбини худ қарор медиҳанд, ҳар қадами ўро пайгирӣ ва таҳлил менамоянд. «100 рўзи фаъолияти вазир», «3 моҳу 10 рўз бо…», «Шаш моҳи шаҳрдори нав» ва мисли ин гўшаҳои доимии нашрия, шабакаҳои радиоиву телевизионист. Рейтинги манасабдорон аз рўи таъиноташон ҳам доим баргузор мешаванд. Ин гуна иқдомҳо, ки бар асоси далелҳои мушаххас баҳогузорӣ мешаванд, барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва таҳрик намудани мансабдорон хеле муҳим мебошанд. Хоса дар рўзҳои буҳронӣ… Аммо шояд нашрияҳои Тоҷикистон чунин озмунҳоро ба он хотир анҷом медиҳанд, ки худ ба бўҳрон, хоса бўҳрони молиявӣ гирифторанду ба ин васила мехоҳанд аз он берун 18 шаванд? Агар чунин аст, оё буҳрони беэътимодӣ буҳрони иқтисодиро бештар намекунад? Ин аст саволи муҳим…» [6].

Натиҷагирии ниҳоии шореҳи сомонаи мазкур воқеан ҳам, қобили мулоҳиза аст ва айни ҳамон матлабест, ки дар назар дорем; муҳимтарин шарти муваффақияти ҳар як расона ба даст овардани боварӣ ва ё худ эътимоди аудитория аст, аз ин рў, расидан ба ин ҳадафи аслӣ маънии тай намудани марҳилаҳоеро дорад, ки расонаҳо то он мерасанд. Пас аз расидан боз ҳам осон аз даст додани он амалест, ки чандон оқилона нест, зеро дар назар бояд дошт, ки рўйпўшона амал кардан аз назари аудитория берун намемонад, дар ин сурат, чунин амал кардан худфиребие беш нахоҳад буд.

Тавре аз баррасиҳои шореҳе, ки ба мавзуъ хеле ҷиддӣ ва фарогир муносибат кардааст, бармеояд, таҷрибаи ташкили чунин рейтингу озмунҳо дар воситаҳои ахбори омма иқдоми хуб аст. Аммо чигунагии ба роҳмонии раванди ин озмунҳо масъалаи муҳим мебошад. Ҳамин ҷо ҷанбаи ахлоқии масъала бармало мешавад ва муҳиммияти хешро нишон медиҳад; вақте масъулони нашрия, баргузоркунандагони рейтинг худ аз нозукиҳои касбӣ ва техникии ташкили рейтинг чандон огоҳии дуруст надоранд ва ба суолҳои корбарон посух гуфта наметавонанд ва ё манфиатҷўии расонаҳо аз лаҳзаҳои аввал ба хонандаҳо маълум мешавад, нишони он аст, ки шарти муҳимми комёбӣ – дастёбӣ ба эътимоди аудитория зери суол меравад. Ҳарчанд масъулони нашрия гуфтаанд, ки аз ин рейтингҳо ба онҳо «ҳатто як сомонӣ фоида нест, ин корро онҳо ба эҳтироми ҳаққи интихоби мардум мекунанд», аммо раванди баргузории рейтинг ин фикрро собит намекунад. Журналисти маъруф ва омўзгори собиқадори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода ин ҳолатҳоро мушоҳида карда, бо як ҷумла таассуфи худро иброз доштааст: «Таъйиноту рисолати ВАО ҳам чаппа шуд. Афсўсу афсўс!» [10].

Ҷанбаи дигари ахлоқӣ он аст, ки ҳамон рўзи эълони рейтинг аз ҷониби масъулони нашрияи вазорати маориф ва илм аз номи вазир эъломияе пахш шуд, ки болотар зикраш рафт. Ин ҷо бояд номи вазир аз рўйхат берун мешуд, зеро дар он изҳорот таъкид мешуд, ки вазири навтаъйин наметавонад вазири сол бошад, аммо натиҷаи овоздиҳӣ пурра баръакс шуд ва ў ғолиби рейтинг гардид.

Бо назардошти ин омилҳо, мо ба он натиҷа расидем, ки албатта, баргузории чунин рейтингу озмунҳо барои боз ҳам наздиктар шудани расонаҳо бо аудиорияашон мусидат мекунанд. Аммо шарти муҳим он аст, ки ҷанбаъҳои касбӣ ва ахлоқии ташкили онҳо ба инобат гирифта шавад;

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба эътибор нагирифтани ин омилҳои муҳим асли комёбии расонаро аз миён мебарад. Тавре масъулони чунин чорабиниҳо ҳам иброз медоранд, ҳадаф аз ин амалҳо «эҳтироми ҳаққи мардум аст», аммо раванди амал беэҳтиромӣ нисбат ба аудиторияро баёнгар аст. Аз ин рў, дар ин бобат мулоҳиза кардан зарур аст, ки эҳтиром меъёри муҳимми ахлоқист ва бояд ҳамеша риоя шавад.

Хушдил Раҳимҷон, н.и.ф. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз маҷаллаи тақризшавандаи “Паёми Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ”.

Previous articleМеъёрҳои ахлоқии журналистӣ-яке ҷонибдору дигаре мухолиф
Next articleШикасти арзишҳо ва расонаҳо
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here