Ё чаро аз блогнависӣ бо таърихи зиёда аз 30-солаи он ҳанӯз ҳам шинохти дуруст надорем?
Блогнависӣ ё ба истилоҳи маъмул блогерӣ бо таърихи зиёда аз 30-солаи худ дар кишвари мо ҳанӯз ҳам ба таври бояд шинохта нашудааст. Дар Тоҷикистон ва шояд соири кишварҳо блогнависӣ ба як мафҳуми дуруст шарҳу тавзеҳ намехӯрад ва ҳанӯз ҳам ҷомеа блогериро бо касб ё ихтисоси алоҳида омехта мекунад.
Блогер журналист нест!?
Чанд рӯз пеш Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии хешро дар соли 2024 баргузор кард. Дар он ҷаласа мавзӯи асосӣ риояи меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби рӯзноманигорон буд. Дар ин миён перомуни фаъолияти блогерон дар Тоҷикистон низ баҳс ба миён омад. Махсусан, риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби ин гурӯҳ бисёр нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Баҳс сари он буд, ки блогерҳо ҳамчун журналист пазироӣ шаванд ё не?. “Онҳо ба обрӯ ва нуфузи журналистика латма мезананд,” – андеша дошт як ҳамкасби мо.
Аксаран дар он ҷаласа мухолифи ҳамчун журналист пазируфта шудани блогерҳо баромад карданд. Ҳуринисо Ализода, раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон бар ин бовар буд, ки аз журналист ҳисобидани блогерон бояд сарфи назар карда шавад, – “Блогер журналист нест!” – гуфт Ҳ. Ализода.
Дар ҳамин маврид Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома” низ аз фаъолияти блогерҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки “блогерҳоро ба журналистика ҳамроҳ насозем. Фаъолияти онҳоро бояд қонунгузорӣ баҳо диҳад”.
Манзури хонум Акобирова аз ҷумлаи “Фаъолияти онҳоро бояд қонунгузорӣ баҳо диҳад” он буд, ки Шурои ВАО ё дигар созмонҳои журналистӣ муваззаф нестанд, ки фаъолияти блогеронро баррасӣ кунанд ё ба танзим дароваранд.
Дар ҳамин ҷо бояд ёдовар шавем, ки масъалаи ба журналистика ҳамроҳ кардани блогерҳо дар мамолики дигари ҷаҳон ҳам аз мавзуъҳои баҳсҳои расонаист. Барои мисол бо вуҷуди оне ки аз соли 2014 Думаи давлатии Федератсияи Русия блогерҳоро дар асоси қонун ҳамчун узви воситаҳои ахбори омма ҳисоб мекунад, аммо қисме аз ҷомеаи журналистии Русия то кунун аз ин тарҳ пазириши амиқ надоранд.
Ду сол пеш Владимир Соловьев, раиси Иттифоқи журналистони Русия ҳам дар суҳбат бо “РИА Новости” гуфта буд, ки иттиҳодияи онҳо блогерҳоро ба узвияти худ намепазирад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамон давр Иттиҳодияи журналистони вилоятҳои Санкт-Петербург ва Ленингради ин кишвар эълон карда буданд, ки блогерҳоро ба узвияти худ мепазиранд.
Дар ҳамсоякишвари мо Қазоқистон ҳам блогнависҳое, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғуланд, ҳамчун рӯзноманигор пазируфта мешаванд ва ба онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои соҳибони ин касб дода шудааст.
Блогерҳо журналист ҳисоб мешаванд, агар…
Банда низ ба фикри ҳамкасбон то ҷое розӣ ҳастам, аммо пеш аз оне ки блогеронро ба кадом гурӯҳ дохил мекунем, аввал бояд ба худи мафҳуми блогер диққат диҳем. Чаро блогеронро чун журналист меҳисобем ё чаро онҳо бояд дар баробари журналистон ҳисоб шаванд? Чаро ҳуқуқшинос, сиёсатшинос, рассом, мӯзадуз, ҳаҷвнигор, сохтмончӣ, муҳандис ва дигар касбу кор неву маҳз журналист?
Ҷомеаи журналистиро мебояд аввалан дар ҷамъи худ ва сипас ҷомеа ҳамин афкорро аз миён бардорад, ки блогерӣ ягон касб ё ихтисос нест, балки шуғл ё ба маъраз гузоштани кадом маҳорату тавоноист. Барои ин ҷониб дар мавриди блог ва блогерӣ ташреҳи Рустам Гулов, ки яке аз аввалин блогнависҳои тоҷик аст, бисёр мақбул афтод. Ӯ дар як мусоҳибае блогро бо дафтарчаи хотираҳое, ки баъзе нафарон то пайдоиши интернет доштанд, муқоиса мекунад. Дақиқан ҳамон рӯзномаҳое, ки баъзе аз бузургон ва ҳатто ҳамнаслони мо ҳам доштанд. Ёддоштнома, дафтари ёддошт ё амсоли ин аз он ном мебурданд.
– Бо дастрас шудани интернет ба оммаи мардум тахминан охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта блогҳои аввалин пайдо шуданд, ки одамон дар онҳо аз ҳаёти худ қисса мекарданд. Ҳамин тариқ, блогҳо ба майдон омаданд ва муаллифони онҳоро блогер меномидагӣ шуданд, – гуфтааст, Гулов.
Аз рӯи ин мантиқ мо наметавонем блогерҳоро дар умум намояндаи ягон касби алоҳида (чӣ журналистика чӣ касби дигар) ҳисоб кунем. Ё пазируфтани ин гурӯҳи одамон фақат бо номи блогер мантиқӣ нахоҳад буд.
Чи гунае, ки аз манбаъҳои интернетӣ бармеояд блогерҳоро дар ҷаҳони имрӯза метавонем ба шакли зер тасниф ё гурӯҳбандӣ кунем:
Рӯзноманигор – блогер;
Ҳуқуқшинос – блогер;
Ҳаҷвнигор – блогер;
Муҳандис – блогер;
Сиёсатшинос – блогер;
Сохтмончӣ – блогер;
Тарроҳ – блогер;
Дузанда – блогер.
Варзишгар – блогер;
Табиб – блогер;
Омӯзгор – блогер.
Ин рӯйхат метавонад вобаста ба шумори ихтисосҳо пурра гардад ва такмил ёбад, аммо ҳатман бояд қабл аз он ки блогер гуфта шавад, ихтисос ё касби нафари мавриди назар оварда шавад, то ҷомеа дар шинохти ин гурӯҳи одамон ба гумроҳи наафтад. Барои мисол ҳеҷ гоҳе аз фуболбозӣ португалӣ Криштиан Роналду, ки бо як миллиард обуначӣ муваффақтарин блогер ҳисобида мешавад, ҳамчун блогер ёд намешавад. Зеро ҳамаи он нафароне, ки ба ин варзишгар алоқамандӣ доранд, ӯро чун футболбоз мешиносанд ва агар ба саҳифаҳои иҷтимоии ӯ мурур кунанд, ба хотири дастовардҳои варзишии ӯст. Бо ҳамин шинохт мо наметавонем аз Роналду фақат блогер ном барем. Ӯ қабл аз ҳама футболбоз аст.
Дар шинохти блогнависҳои тоҷик ҳам бояд аз ин равиш кор бурд. Масалан, соли гузашта вақте Ассотсиатсияи блогерҳои Тоҷикистон 15-гонаи беҳтарин блогерҳои тоҷикро дар як маросиме қадрдонӣ кард, айнан аз ҳамин усул кор гирифта буд. Тоҷир – блогнавис –, муаллим-блогнавис, техник – блогнавис, блогнависи соҳаи варзиш, мушовир – блогнавис, блогнависи мӯд, блогнависи бахши ғизо, блогнависи бахши зебоӣ ва амсоли ин.
Дар ин росто ҷомеаи журналистии тоҷик, махсусан созмонҳои журналистӣ бояд сари масъалаи журналист – блогерон каме андеша кунанд. Блогҳои онҳоро агарчи ҳамчун васоити ахбор ҳам нашиносанд, дар ҳоле, ки онҳо бинандаву шунаванда доранду дар сохтани афкори мардум нақш мебозанд, бо онҳо дар масъалаи риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва қавоиди рӯзноманигорӣ кор кунанд. Яъне, онҳоро ҳамчун рӯзноманигор қабул кунанду ҳусну қубҳи фаъолияташонро ба риштаи таҳлил кашанд.
“Бераҳмӣ” накунем.
Ба ҷойи хулоса
Дар баробари созмонҳои журналистӣ масъулини касбу кор ё ниҳодҳои дигар ҳам муваззафанд, ки дар доираи имкониятҳои худ ин қишри ҷомеаро, ки аксаран ҳаводорони зиёде доранд, ба бозомӯзӣ, такмили малака ва риояи меъёрҳо фаро хонанд. Ҳамчунин, инҷониб аз Ассотсиатсияи блогерҳои Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки дар дохили Ассотсиатсия шуъбаҳои алоҳида ташкил ва вобаста ба шуъбаҳо фаъолияти онҳоро ба танзим дароранд. Чун аз рӯи маълумотҳое, ки аз саҳифаи инстаграмии ин ассотсиатсия бармеояд, бо бисёре аз намояндагони касбу кори гуногун, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуҳрат доранд, шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Ва зимнан бояд дар хотир дошт, ки дар сурати ба танзим даромадани фаъолияти ҳар намояндаи касбу коре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият дорад, мо метавонем на танҳо ҷомеаро аз ин вартаҳо раҳонем, балки ба пешрафтҳои назаррас ноил хоҳем шуд. Ба қавле дар ин амр “бераҳмӣ” нашояд.
Дар ин ҷо аз расонаҳо низ дархост дорам, ки вақте дар бораи кадом як намояндаи касбу кори гуногун, ки дар блогнависӣ муваффақ аст, менависанд, ҳатман ӯро фақат ҳамчун блогер муаррифӣ накунанд. Мо шоҳидем, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони блогерҳо чи носазо ва дашномҳое мекунанд. Агар гап сари Бобои қанд, Золушка, Маъруфи қмба ё кадом як Ҷонона меравад, нанависанд, ки “блогерҳои тоҷик”, беҳтар аст дар муаррифии онҳо ҳаҷвнигор – блогер, аҳмақ – блогер ё амсоли ин нависанд, то ба иззати нафси ҳазорон нафари дигар, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳфа ва ҳаводорони худро доранд, нарасанд.
Хуршед ХОВАРӢ “ҶТ”
Бознашр аз “Ҷавонони Тоҷикистон”