Чанд андеша дар бораи монографияи Хушдил Раҳимҷонов «Этические нормы: теория и практика применения в таджикской журналистике» («Меъёрҳои ахлоқӣ: назария ва амалияи истифодаи онҳо дар журналистикаи тоҷик»). – Душанбе: Ирфон, 2017. – 176 с.
Чанде қабл аз тарафи нашриёти «Ирфон» монографияи муҳаққиқи ҷавону умедбахш Хушдил Раҳимҷонов бо номи «Этические нормы: теория и практика применения в таджикской журналистике» («Меъёрҳои ахлоқӣ: назария ва амалияи истифодаи онҳо дар журналистикаи тоҷик») аз чоп баромад. Бояд гуфт, ки Х. Раҳимҷонов аз соли 2013 дар кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ чун аспирант дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун механизми худтанзимкунанда дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон» ба тадқиқоти илмӣ машғул буд ва соли 2017 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Рисолаи ӯ аз тарафи муқарризон баҳои арзанда гирифта, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия тасдиқ шуд ва муаллифи рисола сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – журналистика гардид. Ба табъ расидани монографияи илмӣ як навъ ҷамъбасти тадқиқоти илмии муҳаққиқ ва ба доираи илмии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардидани ӯ мебошад.
Этика ё одоби касб маҷмӯи қонунҳои нонавиштае мебошад, ки талаботи маънавию ахлоқӣ ва урфу одатҳои ҷамъиятро ба назар гирифта, меъёрҳои ахлоқи инсонро ба танзим медарорад. Этикаи касбии журналист низ аз этикаи умумиинсонӣ сарчашма мегирад, вале он нисбатан ҷиддию серталаб аст, зеро фаромӯш кардани принсипҳои этикӣ баъзан барои журналист оқибатҳои ногувор ва ҳатто хатарнок дошта метавонад. Меъёрҳои этикӣ ба журналист имкон медиҳанд, то оқибатҳои имконпазири иҷтимоии эҷоди худро дарк намояд, дар бораи тақдири қаҳрамони худ, дар бораи нуфузу обрӯйи мақоми иттилооти оммавие, ки онро намояндагӣ мекунад ва дар бораи номи неки худ андеша кунад.
Дар баробари донистан ва риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, донистани меъёрҳои ахлоқӣ ва риоя намудани онҳо низ барои журналист муҳим мебошад. Ҳарчанд этикаи касбии журналистӣ дар факултету шуъбаҳои журналистии ҷумҳурӣ ҳамчун фанни алоҳида таълим дода мешавад, то ба имрӯз роҷеъ ба этикаи журналистӣ ва риояи меъёрҳои он дар ВАО-и Тоҷикистон тадқиқоти алоҳидаи монографӣ анҷом дода нашуда буд. Аз ин рӯ, ба табъ расидани рисолаи илмии Хушдил Раҳимҷонов муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки тиҷорат самти фаъолияти як қатор воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ гардидаасту вазифаҳои асосии ВАО низ як андоза тағйир ёфтаанд, барои таҳқиқ ва аз ҷиҳати илмӣ баррасӣ намудани саҳифаҳои то ба ҳол тадқиқнашудаи журналистикаи ватанӣ шароити нисбатан мусоид фароҳам омадааст. Аз ин рӯ, тадқиқи этикаи касбии журналистӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми муайянкунандаи хусусиятҳои касби журналистӣ, ҳамчун механизми танзимкунандаи ҷомеаи журналистӣ ва ҳамчун қисми таркибии васоити ахбори оммаи ватанӣ ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ муҳиму саривақтӣ мебошад. Масъалаҳои вобаста ба меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун механизми танзимкунандаи ҷомеаи журналистӣ дар Тоҷикистон, риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва муайян намудани омилҳое, ки зарурати ҷорӣ намудани меъёрҳои худтанзимкунандаро дар фаъолияти журналистӣ муҳим меҳисобанд, аз тарафи муаллифи рисола бори аввал мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд, ки ин қимати рисоларо боз ҳам афзун менамояд.
Тадқиқоти анҷомдодаи Хушдил Раҳимҷонов доир ба меъёрҳои ахлоқии касби журналистӣ, омилҳои ташаккул, инъикоси масъалаҳои вобаста ба меъёрҳои этикаи касб дар матбуоти даврӣ ва проблемаҳои риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» асосноку воқеӣ ба ҳисоб меравад, зеро риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО аз масъалаҳои ниҳоят баҳсталаб ва дардноки ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар байни ҷомеаи журналистӣ, дар байни журналистон ва шахсони алоҳида ва ҳатто дар байни журналистону шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баҳсу муноқишаҳои зиёд ба вуҷуд меорад ки, мутаассифона, баъзан барои ҳаллу фасли ин баҳсу муноқишаҳо ба мақомоти судӣ низ муроҷиат карда мешавад. Аз ин ҷиҳат низ мавзӯи мавриди тадқиқ актуалӣ ва дархӯри замон мебошад.
Аз таҳлили маводи дар монография пешниҳодшуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки муҳаққиқ ба мақсади дар наздаш гузошташуда ноил гардидааст, зеро дар он маводи таърихию назариявӣ мувофиқи талаботи кори тадқиқотӣ ба танзим дароварда шудааст, дастгоҳи илмӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад, нуқтаи назари муаллиф аз ҷиҳати илмию назариявӣ ва бо мисолҳои амалӣ хеле хуб асоснок карда шудааст. Рисола аз муқаддима, се боб, хулосаву натиҷагириҳои муаллиф ва рӯйхати адабиёт исборат мебошад.
Боби аввали тадқиқоти монографӣ «Факторы формирования профессиональной этики журналиста» («Омилҳои ташаккули этикаи касбии журналистӣ») аз ду фасл иборат буда, ба тадқиқи таҷрибаи байналмилалии танзими проблемаҳои этикии журналистӣ бахшида шудааст, ҳамчунин сарчашмаҳои миллии ташаккули меъёрҳои этикаи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар фасли аввали боби якум «Международный опыт регулирования журналистских этических проблем» («Таҷрибаи байналмилалии танзими проблемаҳои этикаи журналистӣ») ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки ба этикаи касбии журналистӣ бахшида шудаанд, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллиф якчанд ҳуҷҷатеро, ки намунаҳои комилан мувофиқи кодексҳои ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд, мавриди баррасӣ қарор дода, мавҷуд будани кодекси ахлоқӣ ва аз тарафи намояндагони ВАО риоя гардидани меъёрҳои муқаррарнамудани чунин кодексҳоро кафолати асосии комёбиву муваффақияти ҳар як ширкати медиавӣ меҳисобад.
Дар фасли дуюми боби якуми тадқиқоти илмӣ – «Национальные истоки становления профессиональных этических норм в Таджикистане» («Сарчашмаҳои миллии ташаккули меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар Тоҷикистон») муаллиф барҳақ таъкид медорад, ки баъзе марҳилаҳои ташаккул ва тартибу ҷараёни қабули ҳуҷҷат дар бораи танзими фаъолияти журналистони Тоҷикистонро дар журналистикаи ҷаҳонӣ таҷрибаи хуб ҳисобидан мумкин аст.
Боби дуюми тадқиқоти илмӣ «Освещение проблем профессиональных этических норм в периодической печати» («Инъикоси проблемаҳои меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар матбуоти даврӣ») унвон дорад. Дар он фаъолияти Шӯрои ВАО мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳсу мунозираҳое, ки ҳангоми қабули меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар саҳифаҳои матбуот сурат гирифта буданд, таҳлил карда мешавад. Дар бисёр кишварҳое, ки ба озодии сухан арҷ гузошта, ба худтанзимии фаъолияти журналистон кӯшиш ба харҷ дода мешавад, дар ин раванд усулҳои мухталифи ба даст овардани натиҷаи мусбат пешбинӣ гардидааст. Дар Тоҷикистон низ барои танзими фаъолияти журналистӣ Шӯрои ВАО ҳамчун мақоми худсензурӣ амал мекунад. Фасли аввали боби дуюми монографияи илмӣ – «Совет по СМИ – новое явление в саморегулировании СМИ в Таджикистане» («Шӯрои ВАО – падидаи нави худтанзимии ВАО дар Тоҷикистон») ба таҳлили фаъолияти Шӯрои ВАО ҳамчун мақоми худсензурии фаъолияти журналистӣ бахшида мешавад. Муаллифи рисола кӯшиш ба харҷ додааст, Шӯрои ВАО-ро ҳамчун мақоми худтанзими фаъолияти журналистӣ баррасӣ карда, муқаррар намояд, ки он то чӣ андоза ба муқаррароти низомномавиаш ҷавобгӯ мебошад. Муносибат ба Шӯрои ВАО нишон медиҳад, ки журналистикаи тоҷик ба чунин созмоне, ки рисолати оинномавии худро ба таври бояд анҷом медиҳад, эҳтиёҷ дорад.
Дар фасли дуюми ин боб «Дискуссии в печати при принятии этических норм журналистской деятельности» («Баҳсу мунозира дар матбуот ҳангоми қабули меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ») муаллиф мавқеи коршиносон ва фикру ақидаи журналистони шинохтаро дар мавриди қабули кодекси этикии журналистӣ, ки дар матбуот ба табъ расида буданд, баррасӣ ва таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки дар ҷаҳони мутамаддин меъёрҳои ахлоқӣ аҳамияти муҳим доранд, ба хусус шахсе, ки ба сухан сари кор дорад, бояд дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошад.
Дар боби сеюми тадқиқоти илмӣ – «Проблемы применения “Этических норм журналистской деятельности в Таджикистане”» («Проблемаҳои амалӣ намудани “ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”») масоили риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҳолати риояи ин меъёрҳо дар матбуоти даврӣ, монандӣ ва фарқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ҳуҷҷатҳои дигари ҳамназир мавриди таҳлилу дар мадди назари муҳаққиқ қарор дорад. Фасли аввали ин боб – «Сходства и различия «Этических норм журналистской деятельности в Таджикистане» с другими этическими документами» («Монандӣ ва фарқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз дигар ҳуҷҷатҳои этикӣ) ба таҳлили муқоисавии «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо дигар санадҳои ҳамназир бахшида мешавад. Таъкид карда мешавад, ки ҳангоми таҳияи ин ҳуҷҷат таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода гардидааст. Муқоисаи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо кодексҳои этикии журналистии кишварҳои узви ИДМ нишон медиҳад, ки кодекси ахлоқии журналистони тоҷик фарогири масъалаҳои зиёдтар мебошад. Аз таҳлилҳои муқоисавии муҳаққиқ бармеояд, ки воқеияти ҷаҳои имрӯза ҳам дар манфиатҳои миллӣ ва ҳам дар фаъолияти институтҳои иҷтимоиву сиёсӣ ифода меёбад, ки соҳаи журналистика аз инъикоси ин воқеият дар канор буда наметавонад.
Фасли дуюми боби сеюм «Проблемы соблюдения этических норм в деятельности СМИ» («Проблемаҳои риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти ВАО») унвон дорад, ки ба масоили риояи меъёрҳои аълоқӣ дар матбуот бахшида мешавад. Баҳсу мунозира дар ВАО ҳамеша аҳамияти ҷамъиятӣ касб мекунад. Ҳақиқат аз баҳс бармеояд, вале ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки баҳс дар матбуот бояд ба меъёрҳои ахлоқӣ ҷавобгӯ бошад. Муаллифи рисола дар асоси маводи зиёд дар бораи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва риояи ин меъёрҳо дар матбуоти даврӣ таҳлилҳои ҷолиб анҷом додааст. Таҳлилҳои ӯ дорои низоми муайян ва илман асоснок буда, дар истинод ба адабиёти илмии мавҷуда сурат гирифтаанд.
Рисолаи илмии Хушдил Раҳимҷонов дар амалия ва назарияи журналистикаи тоҷик аз чанд ҷиҳат муҳим мебошад:
Нахустин кори мукаммали илмӣ доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба ҳисоб меравад. Дар шакли чопӣ дастрас гардидани он барои анҷом додани тадқиқотҳои фарохтару мукаммалтари илмӣ дар ин самт роҳ мекушояд; мисолҳои мушаххаси онро дар дарси этикаи касбии журналистӣ истифода бурдан мумкин аст; барои навиштани корҳои мустақилона, рефератҳо, корҳои курсиву рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ ҳамчун заминаи хуби назариявӣ хизмат менамояд; аз рӯйи он дар факултету шуъбаҳои журналистӣ курсу семинарҳои махсус ташкил кардан мумкин аст; дар фаъолияти амалии журналистӣ истифода бурдани он аз манфиат холӣ нест, зеро таҳлилҳои муаллифи рисола дар мавриди риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО барои журналистони амалӣ низ хонданиву ибратбахш мебошанд.
Ба ибораи дигар, он барои беҳтар гардидани одоби муошират дар ҷомеаи журналистии мамлакат мусоидат карда метавонад. Маводи кори илмию тадқиқотиро ҳангоми навиштани дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои «Этикаи касбии журналистӣ», «Асосҳои ҳуқуқи журналистӣ», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналистӣ» истифода бурдан мумкин аст.
Шоистаи таъкид аст, ки ба забони русӣ нашр шудани рисола доираи истифодабарандагонро зиёд менамояд, зеро доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ҷумҳуриҳои узви ИДМ низ тадқиқотҳои илмӣ ангуштшумор мебошанд, вале, азбаски манбаи тадқиқоти илмӣ матбуоти тоҷикзабон аст, чопи варианти тоҷикии он низ аз аҳамият холӣ нест. Аз ин рӯ, хуб мебуд, муаллиф аз пайи чопи варианти тоҷикии рисола шавад, зеро ҳам муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва ҳам журналистоне, ки дар ВАО фаъолият менамоянд, хоҳиши мутолиаи варианти тоҷикии рисоларо доранд.
Меҳроб ҶУМЪАЕВ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Бознашр аз “Ҷавонони Тоҷикистон”