Бо ибтикори Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии мутахассисони ВАО-и маҳаллӣ тавассути малакаҳои журналистикаи муосир барои баланд бардоштани сифати муҳтаво ва фарогирии аудитория”, ки бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон татбиқ мешавад, дар меҳмонхонаи “Хуҷанд Стар”-и шаҳри Хуҷанд семинар-тренинги дурӯза оғоз ёфт.
Дар ҷамъомади такмили маҳорати касбӣ наздики 20 нафар муҳаррирону кормандони нашрияҳо, хабарнигорони радио ва телевизионҳо, журналистони мустақил, блогнависону донишҷӯён аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат меварзанд.
Ба гуфти масъулин, давоми ду рӯз коршиноси соҳа Ҷамшеди Маъруф ба журналистону блогерон роҳу усулҳои муосири таҳияи матолиби чандрасонаиро меомӯзонад.
Семинар-тренинг то 25 декабр давом хоҳад кард.
Чуноне Раиси Шурои ВАО Тоҷикистон, мутобиқсози лоиҳа Ҳуриннисо Ализода иброз дошт, дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур дар манотиқи мухталифи кишвар боз 4 семинар-тренинг баргузор мегардад.