13-уми декабр Шурои ВАО-и Тоҷикистон натиҷаҳои лоиҳаи “Мониторинги расонаҳои кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ”-ро муаррифӣ намуд, ки дар кори он беш аз 60 нафар рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон ширкат варзиданд.
Аз ҷараёни ин нишаст кадом расонаҳо чӣ пахш карданд, мо пайгирӣ кардем.
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” бо нашри як хабар аз ҷараёни ин ҳамоиш иттилоъ дод. Зимнан, бояд гуфт, ки ин расона барои риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” бо Сипоснома ва туҳфаи Шурои ВАО сарфароз гардид.
Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бошад бо нашри як гузориш аз баргузории ин ҷамъомад хабар дод. Қобили зикр аст, ки ин нашрия низ барои риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” бо Сипоснома ва туҳфаи Шурои ВАО қадрдонӣ шуд.
Радиои “Озодӣ” бо нашри як гузориши муфассал ин чорабиниро инъикос намуда, ҳамчунин, дар барномаи шомгоҳии “Ахбори “Озодӣ” сабти видеоии онро намоиш дод.
Радиои “Тоҷикистон” низ бо нашри як гузориши муфассал чорабинии Шурои ВАО-ро инъикос намуд, ки шумораи зиёди хонандагону шунавандагонро фаро гирифт.
Ҳамзамон, ҳафтаномаи “Истиқлол”, “Омӯзгор”, “Пайғоми Рӯшон”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” низ ин чорабинии муҳимми Шӯрои ВАО-ро инъикос намудаанд.