13-уми декабр дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе чорабинии муҳими Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ, ки бо ҳузури рӯзноманигорон, коршиносони касбӣ ва намояндагони расонаҳои гуногун доир гардид, барои муаррифии натиҷаҳои лоиҳаи “Мониторинги расонаҳои кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” ташкил шуда буд. Лоиҳа бо дастгирии САҲА сурат гирифт ва аз 1 июли соли 2024 то 30 ноябр идома ёфт. Мониторинг 11 нашрияи чопии серхонанда ва 2 сомонаи иттилоотии кишварро дар бар гирифта, натиҷаҳо дар асоси риояи меъёрҳои ахлоқии журналистика муайян шуданд.

Дар рафти чорабинӣ, муҳтавои мониторинг пешниҳод гардида, иштирокчиён бо натиҷаҳои корҳои анҷомшуда ошно гардиданд. Гуфта шуд, ки натиҷаҳои мониторинг, ки бо иштироки коршиносони касбӣ аз рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони ҳирфаӣ гузаронда шуд, ба нақзҳои меъёрҳои ахлоқии журналистика, ба монанди истифодаи манфиатҳои тиҷоратӣ ва реклама, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ва забони хушунат ва нафрат, ошкор гардиданд. Бар асоси натиҷаҳо, дар баъзе нашрияҳо нақзи меъёрҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дар як моҳ як маротиба ва дар 5 моҳ 14 маротиба нақзҳо ба назар расиданд.

Ҳадафи лоиҳа пешгӯи намудани мушкилот ва пешниҳод кардани тавсияҳо барои беҳтар кардани сифати ахбор ва риояи меъёрҳои ахлоқии журналистика дар расонаҳои кишвар аст. Натиҷаҳои мониторинг низ барои рушди муҳити ахлоқии расонаҳои кишвар аҳамияти назаррас доранд.

Шуро инчунин назари хуби худро нисбат ба чанд нашрия, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии журналистика аҳамияти калон медиҳанд, изҳор намуд.

Ба хусус, нашрияҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Омӯзгор” ва АМИТ “Ховар” барои иҷрои масъулияти касбӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ бо Сипосномву туҳфаҳо сарфарз ва қадрдонӣ гардиданд.

Previous articleХудро бисанҷ ва такмил бидеҳ
Next articleМониторинг пас аз мониторинг. Кӣ чӣ нашр кард?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here