Раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода ва тренери соҳаи ВАО Рустам Гулов оид ба марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи “Тавсеаи имкониятҳои мутахассисони ВАО маҳаллӣ бо истифода аз малакаҳои муосир барои баланд бардоштани сифати маводҳо” ва нақшаи босифати иҷроиши онро мариди баррасӣ қарор доданд. Қарор аст, ки омӯзиши аввал барои хабарнигорони вилояти Суғд гузаронда шавад.

🔑 Мақсади лоиҳа:

  • Такмили малакаҳои рӯзноманигорон бо истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла системаи ҳуши маснуъи
  • Пешбурди журналистикаи мобилӣ, ки ба рӯзноманигорон кӯмак мекунад, мундариҷаи ҷолиб ва босифат эҷод намоянд.
  • Анализ ва визуализатсияи маълумот бо истифода аз усулҳои нави коркард.
  • Пешбурди сохтани контент барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаи роҳҳои самараноки тафсир ва санҷиши маълумот.

 

 

 

 

🗣 Мухотабон: Рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд, аз ин лоиҳа манфиат хоҳанд бурд. Бо ташкили чунин тренингҳо, онҳо метавонанд малакаҳои касбӣ ва рӯзноманигории худро ба таври муассир такмил диҳанд.

🎯 Чӣ гуна мо ба онҳо расонем?
Рустам Гулов тасмим дорад, ки аз роҳҳои ҷаддид ва муассири омӯзиш истифода карда, малака ва дониши хабарнигорони маҳаллиро такмил медиҳад.  Онҳо бо истифода усулҳои ҳозираи журналистика, имкониятҳои бештар барои эҷоди мундариҷаи босифат пайдо хоҳанд кард.

🌍 Қарор аст, ки  иштирокчиён дар охири тренингҳо маҳсулоти мультимедиявӣ эҷод хоҳанд кард, ки баъдан дар порталҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Previous articleОмӯзиш барои рӯзноманигорони маҳаллӣ
Next articleАхлоқ дар блогнависӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here