Шурои ВАО-и Тоҷикистон аз 4 июл ба мониторинги (пайгирии) риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ, ки дар санади худтанзимкунии ВАО “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мундариҷ аст, шурӯъ намуд.
Мақсад аз ин тадбир дар заминаи пайгирии матолиби интишории ВАО муайян намудани ҳолатҳои нақзи меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар матолиби нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии ҷумҳуриявӣ, пешниҳоди тавсияҳо барои такрор нашудани саҳву хатоҳо ва пешгирӣ аз баҳсҳои эҳтимолии судӣ миёни идораву ташкилотҳои ВАО, рӯзноманигорон, муаллифони онҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии “ҷабрдида” мебошад.
Ба мониторинги ҷорӣ 11 нашрияи чопӣ ва 2 сомонаи интернетӣ (“asia+”, “Минбари халқ”, “Оила”, “Омӯзгор”, “Пайк”, “Самак”, “СССР”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, “Ҷавонони Тоҷикистон”,“Муҳаббат ва Оила” ва https://khovar.tj/, https://avesta.tj/) фаро гирифта шуда, ин кор то моҳи ноябр давом хоҳад ёфт. Натиҷаи пайгирӣ дар сомонаи расмии Шурои ВАО http://mediacouncil.tj мунтазам ба табъ хоҳад расид.