Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:
- Эҳтиром ба ҳақиқат ва ҳуқуқи ҷомеаро ба ҳақиқат аз вазифаҳои аслии журналист эътироф намоянд.
- Вобаста ба ин вазифаи бунёдӣ, вобаста ба ин масъулият, вазифадоранд принсипҳои озоди ҷамъоварӣ ва интишори иттилооти воқеӣ, инчунин ҳуқуқи шарҳу интиқоди холисонаро ҳифз кунанд.
- Ҳақиқат, воқеънигорӣ, адолат, плюрализм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро аз усулҳои асосии фаъолияти ВАО ва журналистон бидонанд.