Мафҳуми «фактчекинг» ба ВАО-и нав аз журналистикаи анъанавӣ омадааст. Аниқтараш, аз принсипҳои кори таҳрирӣ: филтри таҳрирӣ шарти зарурии технологияи кори журналист аст. Ин технология бо принсипҳои ахлоқӣ: мустақилият, объективӣ, беғаразӣ, дақиқӣ мувофиқ карда шудааст. Ба шарофати риояи ин принсипҳо боварии аудитория пайдо шуда, обрӯи нашрия ташаккул меёбад.
Факт як ҳодисаест, ки бо далелҳои боэътимод тасдиқ карда мешавад. Одамони гуногун метавонанд дар бораи як воқеа назари гуногун дошта бошанд, аммо шумо наметавонед бо далелҳо баҳс кунед. Аз ин ру, фактро на танхо мукаррар кардан, балки санчидан, муътақид шудан лозим аст.
Дар коммуникатсияи муосири рақамӣ мафҳуми «фактҳо» торафт лозимтар мегардад. Ин як воқеияти ибтидоӣ нест, ки дар расонаҳо нашр мешавад, вокуниш ва баҳои ҷиддие мегирад, ҳамчунин он  дар навбати худ, ба тасвири ҷаҳон ва рафтори одамон таъсир мерасонанд.

Previous articleЖурналистикаи чандрасонаӣ
Next articleДар бораи баъзе меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here