Ҳамон тавре дар матлаби қаблӣ гуфта шуд, Фармони 622-и Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз ҷониби идеологҳои ҳукумат ба сифати инқилобе маънидод гардид, ки акнун ба журналистикаи миллӣ сатҳу сифати нав медиҳад.

Аммо чунин интизорӣ дар худ воқеият надоштааст.

Мо чиро дар назар дорем?

Пеш аз ҳама ба таври чашмрас иҷро нашудани фармони мазкур аз ҷониби мақомдорон. Ба ҳар ҳол, то ҳанӯз, махсусан дар поёни сол ё ибтидои он, дар нашрияҳо сарлавҳаҳое чун “Инҳо аз мо қарздоранд”, “Инҳо фармони президентро “писанд” намекунанд” зиёд ба назар мерасад ва дар онҳо аз масъулин ва ниҳодҳое ёд меоранд, ки ба матолиби нашрияҳо посух ва вокуниш надодаанд.

Ҳатто дар матбуоти ҳукуматӣ.

Ҳам танқид мекунанд, ҳам онҳоро маҷбур, ки вокуниш намоянд

Зимнан, ба назар мерасад, ки фармони мазкур байни журналистон ва ниҳодҳои ҳукумат як навъ ихтилофро ҳам ба дунбол дошт.

Масалан нашрияи “Ҷумҳурият” ду сол қабл матлаберо таҳти унвони «Фармони №622. Чаро баъзе роҳбарон масъулият эҳсос намекунанд?» ( 29.01.2020, №21-22) ба нашр расонд ва иддао намуд, ки онҳо соли 2019-ум 150 мақолаи танқидиву таҳлилӣ чоп кардаанд, “вале то ба имрӯз ҳамагӣ ба 30 мақола вокуниш расидааст”.

Баъдтар Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм таҳти унвони “Фармони №622. Роҳбарон масъулият эҳсос мекунанд, агар…” ба матлаб посух дода, навишт, ки “баъд аз мутолиаи мақолаи танқидии дастандаркорони рӯзнома ва мақолаҳои дар рӯйхатбуда ба назар мерасад, ки мақола танҳо бо таҳлили рӯякӣ ба нашр расидааст ва ё муаллиф ҳангоми таълифи мақолаю ҷамъоварӣ ва таҳияи рӯйхат танҳо ба сарлавҳаи ин ё он мавод нигаристаасту халос”.

Бахши матбуотӣ вокуниши худро бо ин хулоса намуд, ки “роҳбарони вазорату идораҳо масъулият эҳсос мекунанд, агар ҳангоми таҳияю таълифи мақола рӯзноманигорони “Ҷумҳурият” аз рӯйи принсипҳои касбият ва талаботи журналистӣ амал намоянд”.

Дар ин вокуниш ҳамчунин гуфта мешуд, ки журналистон на ҳамеша аз мавзӯи мавриди пайгирии худ огоҳӣ доранд ва на ҳамеша сарлавҳаи матолиб бо мавзӯи асосӣ иртибот мегирад.

“Садои мардум” – нашрияи парлумонии Тоҷикистон ҳам дар матлабе таҳти унвони “Барои вокуниш интизори супориш набояд шуд” (№43 (4305) 06.04.2021) ба нашр расонд ва навишт, ки баъзе аз масъулон дар татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, интизор мешаванд, то онҳоро касе ё ниҳоди дахлдоре гӯшзад намояд, ки бояд ба мақолаҳои таҳлилию танқидӣ ҷавоб гардонанд”.

Дар идомаи матн ҳамчунин гуфта мешуд:

“Мутаассифона, бархе аз роҳбарони идораю муассиса ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо на рӯзномаҳоро варақ мезананду на зердастонашон муҳтавояшонро ба онҳо мерасонанд. Дар натиҷа, проблемаҳои бамиёномада ҳал намегарданд”.

Ин нашрия дар идома як масъалаи хеле муҳимро низ ба муҳокима гузошт:

“Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқид ба шахсияташон пиндошта, изҳори норизоӣ ва ранҷиш мекунанд. Илова бар ин, вокуниши баъзе аз шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷуз худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест».

“Садои мардум” навишт, ки то он замон беш аз 50 мақолаи танқидӣ, таҳлилӣ ва проблемавӣ ба нашр расондаасту танҳо ба 22 матлаб масъулин вокуниш карданд. Яъне, аз нисф зиёди чунин мақолаҳо бе ҷавоб монданд.

Зимнан, масъулини нашрияи парлумонӣ гуфтанд, ки аз 22 вокуниши ба идораи рӯзномаашон расида ҳам, қисми зиёдашон бо огоҳӣ ва ё хоҳиши идораи рӯзнома фиристода шудааст:

“Фориғболию бетаваҷҷуҳии масъулонро ба назар гирифта, барои фаҳмидани фикру мулоҳизаҳои онҳо ба идораю муассиса ва мақомоти дахлдор нусхаи мақолаи чопшуда ва нома ирсол менамоем”.

Баҳси асосӣ: Вокунишро бояд кӣ нависад?

Нашрияи “Фараж”, ки ҳамеша масъулони ба матолибашон вокунишнокардаро ном ба ном менависад, се сол қабл бо сарлавҳаи “Чаро мансабдорон қонунро иҷро намекунанд?” (06.07.2019) матлабе нашр намуд.

Муаллифи матлаб аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки кормандони масъули вазорату идораҳо барои додани ҳатто як факту рақам аз корманди ВАО мактуби расмӣ талаб мекунанд ва пеш омадани мушкилоти навро чунин баррасӣ кард:

– Солҳои пеш агар расонаҳои мустақилу ҷамъиятӣ дар масъалаи гирифтани иттилоот шикоят мекарданд, мутаассифона солҳои охир ин мушкилот дар маҷмӯъ ҷомеаи журналистиро фаро гирифтааст. Имрӯз баъзе аз мансабдорон, ки шояд чӣ будани матбуотро намедонанду нақши онро дар пойдории сулҳу субот дарк намекунанд, бо журналистон хунукназарона муносибат карда, аз додани иттилооти зарурӣ истиҳола менамоянд.

Ҳангоми муроҷиат ба вазорату идораҳо баъзан лозим мешавад, ки аз роҳбарони идораи ВАО сар карда то муассиси онро барояшон муаррифӣ кунӣ, вагарна ба назар чунин мерасад, ки онҳо миёни журналист ва як террористи хатарнок фарқ намегузоранд.

Дар мавриди пеш омадани ихтилофҳо байни журналистон ва бахши матбуотии ниҳодҳои ҳукумат бархӯрди нашрияи “СССР” намунаи равшан аст.

Ин ҳафтанома матлабе таҳти унвони “Ширкатҳои ҳоҷибар ё бозори рақобат” нашр карда буд, ки ба он аз ҷониби бахши матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон вокуниш ё раддия пешниҳод гардид.

“СССР” ин вокунишро бо шарҳи худ нашр кард ва дар он аз ҷумла навишт:

“Мо аслан медонем, ки кадом оқилак (ба таъбири бобои Ғулом “ақлак”) ин посухро навиштааст. Нафаре, ки худро ҳомии Кумитаи дин… медонад ва бовар дорем, раиси Кумитаро низ мутмаин кардааст, ки зери ин посух имзо гузорад ва аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба редаксия расид. То ин ҳадд диктатор будани 1 корманди маркази матбуотро худ дигар шарҳу тафсир кунед, хонандаи гиромӣ. Ва ин ҳам дар мавриде, ки чун Тоҷикистони азизро евро-оппозитсия барои “фишор сари дину мазҳаб” танқид мекунад, ин оқилак боре ҳам посух нанавиштааст.

Боиси таассуф аст, ки дар арафаи Рӯзи Матбуот, Маркази матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ раво мебинад, ки таҳдид карда, матлабашро чунин пешкаш созад, ки 1 газетаи хусусӣ набояд онро таҳрир намояд ва сипас чоп. Мо бе таҳрир чоп кардем. Хатову дағову дағалии корманди Маркази матбуотии ин кумитаро худ баҳо деҳ, хонанда. Гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ, “ина ҳамӣ-да усунуш”…”

Албатта, солҳои пеш аз тасвиби Фармони 622 ҳам мақомоти ҳукумат ба матолиби нашршуда вокуниш бадар мекарданд ва бисёр вақт нашрияҳо дар поини матлаб бо шарҳи кӯтоҳе норозигии худро изҳор медоштанд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки нашрияҳо вокуниши мақомотро бе ҳеч гуна таҳрир чоп карда, ба хонанда ҳушдор медоданд, ки ин ё он ниҳод ба онҳо матлаби пурхато пешниҳод кардааст. Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки баҳси ҷонибҳо шадиду тундтар мешавад.

“СССР” пешопеши нишастҳои матбуотии имсола матлаби дигаре навишт, ки “ФАРМОНИ №622: АЗ СССР КӢ ҚАРЗДОР МОНД?” ном дошт ва дар он зикр намуданд:

“Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қонунан МУВАЗЗАФ гардонида шудаанд, ки дар муҳлати тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида – 3 рӯзи корӣ, посух бигӯянд. Аммо тавре ба назар мерасад, аксари вазирону раисон ва директорону раҳбарон аз иҷрои ин Фармони Сарвари Давлат саркашӣ намуда, вокуниши бояду шояд зоҳир намесозанд. Сафи чунин «қарздорон» дар редаксияи газетаи мардумии СССР кам нест ва ҳоло мо номи бархе аз вазирону раисони посухгурезро ба хонанда ва мақомоти дахлдор ошно хоҳем кард”.

Баъдан ному насаби мансабдоронеро рӯйхат намуданд, ки ба матлабҳои эшон, ба гуфтаи нашрия, умуман посух надодаанд. Дар ин миён аз мансабдороне ин гуна ном бурданд, ки “шояд рӯзнома намехонанд”. Якеи дигарро ин гуна сифат карданд, ки ҳарчанд, аз рӯйи шунидашон, ҳама нашрияҳоро мехонад, бо вуҷуд, ба навиштаҳои онҳо вокуниш накардааст. Як вазири дигар, ба гуфтаи “СССР”, шояд нашрия нахонад, аммо “тибқи овозаҳо, ин вазир бо имзои мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст”.

Ин гуна баҳсҳо бештари вақт барои он пеш меоянд, ки фармон масъулияти навиштани вокунишро мушаххас накардааст. Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО, мегӯяд, ки масъулияти навиштани вокунишҳо бори дӯши котибони матбуотист, на раисон:

– Барои ҳамин онҳо як бало карда, чизе сиёҳу сафед карда, ин борро аз дӯши худ мефароранд. Ҳол он ки мушкилро роҳбар ҳал бояд кунад, на котиб.

Хуршед Атовулло, роҳбари МТЖТ ҳам ба ин назар аст, ки ин қисмати масъала баҳси асосист, зеро:

а) Дар фармон мушаххас нашудааст, ки матолиби ҷавобиро кӣ нависад: шахс ё кумита, раёсат, вазорати танқидшуда ё зинаи болотар аз он?

б) Дар фармон наомадааст, ки вазорату ташкилоту кумитаи ба маводи танқидӣ посух надода дар ҳолати гӯшашонро ба карӣ задан чӣ ҷавобгарӣ доранд?

Мутаассифона, аксари котибони матбуотии вазорату идораҳо, ки шахсони ноогоҳу ғайрикасбианд, вазифаашонро танҳо дар бардоштани ҷузвдони роҳбар ва ҳимоя намудани он аз «ҳуҷуми» ВАО медонанд, – хулоса мекунад Хуршед Атовулло.

Вақте на танқид асту на таҳлил…

Аммо масъулони бахши матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ин гуна баррасиҳоро чӣ гуна баҳо медиҳанд?

Эҳсони Хушбахт, роҳбари Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм ба ин андеша розист, ки дар ин маврид мушкилоте ҷо доранд ва барои ҳамин шояд ба Фармони №622 тавзеҳоте низ аз ҷониби мутахассисон таҳия шавад:

– Масалан, таҷрибаи кории чандинсолаи банда нишон дод, баъзан нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Ман онҳоро ба чанд гурӯҳ нисбат медиҳам.

1. Бояд мушаххас кард, ки ба кадом мавод бояд вокуниш нишон дод. Зеро баъзан аз ҷониби нашрияҳо номи мақолаҳое ҳатто то сатҳи Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод мегардаду дар он зикр мешавад, ки фалон ниҳод ба ин навишта вокуниш нишон надод. Аммо вақте мақоларо мебинед, онҷо на танқид аст ва на таҳлил. Танҳо як иттилоия аст, ки шояд дар кадом як ҷаласае як нафар масъул ба самъи иштирокдорон расонидааст.

2. Баъзан вокуниш таҳия ва бо имзои як нафари масъул пешниҳод мегардад. Аммо аз идораи нашрияҳо талаб мешавад, ки вокуниш ҳатман бояд бо имзои шахси аввал бошад. Аслан на матлаби нашршуда ва на вокуниши таҳияшуда дар он сатҳе нест, ки ба он бо имзои шахси аввал ҷавоб гуфт ва аз чӣ бошад, ки аз ҷониби бархе нашрияҳо чунин талабот пешниҳод мешавад.

3. Баъзан мақола нашр мешавад ва зимни таҳияи мақола журналист бо як нафар масъули соҳа ҳамсуҳбат мешавад. Зимни суҳбат масъули ин ниҳод ба журналист мефаҳмонад, ки дар ҳамин самти кор фалон мушкилоту камбудиҳое ҷой доранд, ки бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ё он шаҳру ноҳия ё фалон ниҳод ҳаллу фасл карда шавад. Аммо баъдан мебинед, ки дар рӯйхати вокунишнишоннадодаҳо боз номи ҳамин ниҳод аст, ки масъулаш проблемаву мушкилотро гуфтааст, на журналист, аммо дар рӯйхати, ба истилоҳ, “қарздорҳо” номи мақомоти иҷроия ё дигар ниҳоди масъул зикр нашудааст.

4. Якҷониба таҳия шудани мақолаву гузоришҳои телевизионию радиоӣ. Дар баъзе ҳолатҳо маводи нашршуда якчониба аст. Проблемаву мушкилот аз ҷониби журналист баррасӣ шудааст ва дар он, масалан, як ниҳодро гунаҳкор медонанд. Ин дар ҳолест, ки то замони нашр журналист барои фаҳмидани дурустии масъала ба он ниҳод муроҷиат накардааст ва ё шояд мавзуъро ба пуррагӣ наомӯхтааст, ки ҳамон масъалаи мавриди баррасӣ то куҷо дар салоҳияти ин ниҳод аст, ки номаш зикр мешавад.

Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, ба сарчашмаи асосии масъала дахл мекунад:

– Вуҷуди ин фармон ба ин маъно нест, ки вазорату идораҳо то нашри матлаб интизор шаванду танҳо баъдан ба он ба гунае вокуниш нишон диҳанд. Баръакс, бояд иттилои зарурӣ ба журналист дастрас шавад, то зарурате ба суитафоҳум боқӣ намонад. Зеро дар замони кунунӣ, ки умри хабар кӯтоҳ асту вусъати интишори он хеле баланд, таъсирнокии вокуниш ҳам то ҷое камтар аст. Яъне, ҷомеа ба ҳамон иттилое такя мекунад, ки бори аввал нашр мешавад.

Фикр мекунам, ин масъалаи муҳимтарин аст. Яъне, агар бархӯрд ба фаъолияти журналистӣ тибқи қонунҳои фаъол сурат мегирифт, зарурати пайдоиши Фармони №622 пеш намеомад.

Аз ҷониби дигар, мантиқан фикр кунем, агар журналист ва расонаи хабарӣ бо маълумоти зарурӣ таъмин бошад, чӣ ҳоҷат ба вокуниш боқӣ мемонад?

Масалан, дар расонаҳои хабарии давлатҳои пешрафтаву қонунманд нашр кардани вокуниш кори андак нест ва хеле кам вомехӯрад. Журналистон омодаанд, ки бо мансабдорон баҳси судӣ намоянд, аммо аз нашри вокуниш, ки дар бисёрии ҳолат инкор кардани маълумоти журналистон аст, худдорӣ мекунанд. Зеро инро як навъ аз даст додани эътимоди мухотабонаш меҳисобад, ки барои онҳо ин меъёри аз ҳама муҳим аст. Барои таҳияи чунин матлаб бояд журналист, албатта, бо маълумоти кофӣ таъмин гардад ва, бештар аз ин, расонаи хабарӣ қолаби пешниҳоди матлаби касбиро бо фарогирии ҳамаи меъёрҳои журналистикаи касбӣ риоя намояд.

Оё ҳамаи нашрияву ТВ ва радиову расонаҳои хабарии мо ин меъёрҳоро риоя мекунанд?

Ба ин савол мутаассифона посухи мусбат надорем. Сабабҳои риоя нашудани ин меъёрҳо, фикр мекунам, ба ду омили асосӣ вобастагӣ доранд:

– камии маоши журналистон, ки онҳоро ба касбӣ таҳия кардани матлаб чандон шавқманд намесозад. Масалан, хабарнигорони “Озодӣ” ё ВВС барои он дар Тоҷикистон аксаран хабарсозанд, ки журналистон маоши хуб мегиранд ва барои ба даст овардани ҳар маълумот тамоми талошро анҷом медиҳанд. Дар натиҷа, маълумоти муҳимро ҳам маҳз онҳо соҳиб мешаванд. Зимнан, агар журналист матлабро дар заминаи меъёрҳои касбӣ таҳия накард, он пазируфта намешавад ва ҳамкасбон аз маош мемонанд;

– аз ҳад идеологӣ тасаввур кардани нақши журналистика. Мутаассифона, ҳоло, махсусан дар журналистикаи ҳукуматии мо, ҳатто аз қолабҳои замони шӯравӣ ҳам бештар журналистикаро ба абзори пропагандавии худ табдил дода, дар натиҷа мухотабонашонро хеле кам кардаанд. Зимнан, аз суҳбати охири раиси Кумитаи телевизион ва радио, ки худро масъули иттилоотонии кишвар меҳисобад, хулоса кардан мумкин аст, ки вазъ аз пас ҳам беҳбуд намеёбад…

Моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон. Он чаро “хомӯш” аст?

Воқеан, баҳси асосӣ таъмин намудани журналистон бо маълумоти барои ҷомеа муҳим аст, ки солҳо боз мавриди баҳс бошад ҳам, ҳалли ниҳоии худро пайдо намекунад. Чанд сол қабл дастуре ҳам пеш омада буд, ки аз ин пас ҳар иттилои расмӣ танҳо пас аз нашраш дар хабаргузории ҳукуматии “Ховар” ба дигарон пешкаш мегардад. Ин дастур он замон баҳси зиёди касбиву ҳуқуқиро пеш овард.

Ин гуна баррасиҳо дар ҳолест, ки моддаи 162–и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон” ном дошта, барои ин гуна ҳолат “ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол” ҷазо муқаррар кардааст. Мутаассифона, ин банди Кодекси ҷиноятӣ то ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Муҳаққиқи журналистика Қироншоҳ Шарифзода танҳо як мавриди анқариб фаъол шудани ин банди қонунро ба хотир меорад:

– Аз соли 2010 инҷониб ёд надорам, ки журналисте ниҳодеро барои надодани иттилоот ба суд дода бошад. Пештар аз соли 2010 агентии иттилоотии «Авесто» чанд корхонаи давлатиро барои надодани иттилоот ба суд дода буд, вале он ба таври дақиқ баррасӣ нашуд,- мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар сурати фаъол шудани ин банди қонун хеле аз масъалаҳо роҳи ҳал пайдо карда, шояд барои вокуниш ҳам зарурат намемонад.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии Воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ҳам ба ин фикр розист, ки агар қонунҳои мавҷуда иҷро мешуданд, шояд зарурат ба ин фармон боқӣ намемонд:

– Дар давлатҳои мутамаддин, аз ҷумла Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Литва ва ғайра, масоили вокуниш ба маводи ВАО дар чаҳорчӯбаи қонунгузории марбут ба дастрасӣ ба иттилоот ба низом дароварда мешавад. Ҳамзамон таъсирнокии маводи танқидию таҳлилӣ аз муносибати одамон ба мақоми ВАО дар ҷомеа марбут аст. Дар кишварҳои демократӣ як маводи танқидӣ боиси муҳокимаҳо дар сатҳи ҳукумату порлумон ва истеъфои мансабдорони баландпоя мегардад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин қонунҳо вуҷуд доранд, бар замми онҳо зерсанади махсуси ҳуқуқӣ ба имзо расонданд, то масъулин уҳдадориҳои худро иҷро намоянд.

Яке аз журналистони тоҷик, ки дар расонаи байналхалқӣ кор мекунад, ба ин назар аст, ки ба фарқ аз солҳои охир дар солҳои душвори то 2000–ум масъалаи дастрасӣ ба иттилои муҳим осонтар буд:

– Барои ман бисёр вақт гирифтани посухи мақомот аз Қирғизистон, Украина, ИМА, Олмон ва ҳатто Русияву Қазоқистон бамаротиб осонтар аз он аст, ки мақомоти тоҷик ин гуна маълумотро пайдо кунам. Таҷрибаи камсобиқа ин ташкили нишастҳои ҳатмии хабарӣ соле ду бор аст, ки дар Тоҷикистон дорем. Дар ҳақиқат, ин нишастҳо мақомоти “безор” аз матбуотро барои рӯ ба рӯ ҷавоб додан вазифадор мекунад ва дар натиҷа чеҳраи воқеии хеле аз мақомдорон ошкор мешавад. Хоса, вақте изҳороти хабарсозе аз забонашон шунида мешавад. Илова ба ин, журналистон маҳз ҳамин ҷо танҳо имкони дидану савол додан ба мақомдоронро доранд. Ин дар ҳолест, ки солҳои охири 1990 ва оғози 2000-ум барои ман мусоҳиба бо Прокурори генералӣ дар утоқаш бо ҳузури прокурори Душанбе ҳеҷ мушкиле надошт. Ҳар вазири қудратӣ ба саволҳоят телефонӣ ҷавоб медод. Ҳоло ҳамаашон дастнорас шудаанд. Ин хеле бад аст, аз ин рӯ нишастҳо гоҳо охирин шонс мемонанд.

Барои ҳалли ин мушкил ӯ як роҳро мебинад:

– Хуб мешуд, агар худи президент бо журналистон сӯҳбати бепарда мекард. Бархӯрди шахсии ӯ дар ин замина шояд намуна барои зердастонаш мешуд.

Он чи ки ҳамкасбамон мегӯяд албатта метавонад як роҳи ҳали мушкил бошад. Аммо масъалаи мулоқоту сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон солҳост, ки мавриди баҳсҳосу ҳич амалӣ намешавад.

Боз кадом роҳҳои осонтари ҳалли масъала вуҷуд дорад?

Вақте вокуниш фарҳанг нест…

Иршод Сулаймонӣ, масъули бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс”, мегӯяд:

– Фикр мекунам, бо ҳал шудани мушкилоти умумии ҷодошта, Фармони 622 на танҳо барои рӯзноманигорон муҳим аст, балки барои давлату ҷомеасозии мо хеле нақш мебозад. Албатта, ман тарафдори маҷбур кардан нестам, балки хубтар аст, ки ин фарҳанг (ҳамкорӣ бо расонаҳо ва гузоришдеҳ будан дар назди мардум) дар ҷомеа ниҳодина шавад, ба таврӣ табиӣ кор кунад. Аммо чун ин фарҳангро надорем, аз ин фармон бояд истиқбол кард. Мутаассифона, аксари мансабдорон дар оғоз инро василаи сафедкунӣ ва ё тавҷеҳи кори худ истифода мекарданд. Онҳо ба ин хотир посух медоданд, ки дастури раисҷумҳур аст, на ба ин хотир, ки дар корашон камбуд вуҷуд дорад. Гузашта аз ин, ҳамеша ниҳодҳои, ба истилоҳ, дувуму севумдараҷа посух медоданд, аммо ниҳодҳои калидӣ ва ҳукумати иҷроияи марказӣ хеле кам ва ҳатто ҳеч гоҳе ба интиқодҳо посухи мустақим надодаанд.

Бахтиёри Қутбиддин, декани факултаи журналистикаи ДМТ, ба ин назар аст, ки аз Фармони 622 набояд як василаи имиҷсозии Эмомалӣ Раҳмонро ҷуст:

– То ҷое медонем, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсифҳои беҳудаву зиёдативу сохтаро (имиҷсозии баъзеҳо) намеписанданд. Зеро, барои роҳбари давлат даҳҳо сарчашмаи дигаре низ ҳастанд, ки ҳақиқату воқеиятро барояш мерасонанд. Яъне, Президенти кишварамон барои баланд гардонидани масъулияти мансабдорон ин фармонро баровардааст, ки моҳияти иҷтимоӣ дорад. Яке аз уфуқҳои онро нишастҳои матбуотӣ ташкил медиҳанд. Бубинед, дар мавсими нишастҳо масъулони алоҳида дар муносибат ба журналистон масъулияти бештар зоҳир менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев мисоле пеш меорад, ки ин фармон боис ба қатъ шудани як нашрия ҳам гардид:

– Мутаассифона, ҳолатҳои ба ҷойи аз маводҳои танқидию таҳлилӣ хулоса баровардану аз пайи ислоҳи камбудӣ шудан таъқиби муаллифон ва даъвоҳои беасос нисбати ВАО ба назар мерасад. Вокуниши роҳбарияти вақти “Тоҷикстандарт” ба маводи танқидии “Пайкон” боиси даъвои судӣ ва муфлисӣ ва аз байн рафтани нашрия гардида буд. Чунин мисолҳо дар солҳои дигар низ ба назар мерасид.

Мирзо Салимпур, масъули расонаи интернетии “Бомдод”, сабабҳои асосии дар ибтидо то ҷое ҷиддӣ гирифтани масъалаи вокуниш ва баъдан заъф пайдо кардани онҳоро ба мавзуи дигар рабт медиҳад:

– Ба сурати умум, назар ба солҳои 2016 то 2019 вокуниши мақомот ба матлабҳои интиқодӣ дар расонаҳо хеле кундтар шудааст. Он солҳо, вақте Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва баъдан Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе таъин шуданд, мардум дар аризаҳояшон номҳои онҳоро ҳамроҳ мекарданд. Аз ин ҳолат мансабдорон то хеле вақт метарсиданд ва кӯшиш мекарданд, ки муаллифони шикоятҳоро то ҳадде розиву қонеъ кунанд, ки боз дубора ба фарзандони президент муроҷиат накунанд. Вале ин механизми авторитарӣ аст, система нест ва доим кор намекунад. Бо гузашти вақт ё пӯсти мансабдорон ғафстар шуд, ё тарс аз Озодаю Рустам аз чашмашон парид. Барои ҳамин умед бастан ба нақши шахсият умеди беҳуда аст. Аввалан як ё ҳатто 10 кас тавони расидагӣ ба ҳамаи матлабҳои матбуотро надоранд. Чанд мавзуи вирди забоншуда ва пурсарусадоро шояд расидагӣ кунанд (ҳарчанд дастгоҳ ягон се соли охир аслан ҳатто ба масоили доғшуда ҳам қариб расидагӣ намекунад), вале тамоми масоили дар расонаҳо матраҳшударо ҳал карда наметавонанд. Шеваи расидагӣ ба матлабҳои матбуот бояд иваз шавад. Мансабдор бояд бидонад, ки агар камбудиаш дар матбуот ошкор шуду барои ислоҳаш коре накард, шадидан ҷазо хоҳад гирифт ва ҳатто мансабашро аз даст хоҳад дод. Он вақт танқиди матбуот корагар мешавад. Вале дар шароити Тоҷикистон ин як орзуст. Вақте дар мо ҳатто мансабдорони порахӯрро афв мекунанд ё бо ҷарима ҷавоб медиҳанд, маълум аст, ки ягон мансабдорро барои он ки баъди мақолаи танқидӣ чора надид, ҷазое намедиҳанд. Дар ин сурат, албатта, танқиди журналистон аксаран беасар мемонад.

Зимнан, дар солҳои 2000–ум, ки инҷониб дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” кор мекардам, вақти мулоқот бо яке аз масъулони дастгоҳи президент пешниҳод намудам, ки ба нашрия имкон бидиҳанд, то бо шуъбаи мактубҳои дастгоҳ ҳамкории васеътар намояд. Хоса, дар бахши мактубҳои шикоятӣ аз шаҳру ноҳияҳо. Вақте чанд раиси шаҳру ноҳия дар пайи таҳқиқу интиқоди нашрия аз мансаб канор мешавад ё муҷозот мегардад, ҳам ҷойгоҳи рӯзнома баланд мешавад, ҳам эътиқоди мардум ба президенту ҳукумат меафзояд.

Он масъул гуфт, ки ин идеяи ҷолиб мебошад, аммо гумон аст, ки ба он розӣ шаванд…

Пас то куҷо метавон умед баст, ки журналистикаи тоҷик “ҳокимияти чорум” аст?

Раҷаб Мирзо

Previous articleЧаро журналистикаи тоҷик “Ҳокимияти чорум” нашуд?
Next articleЖурналистикаи чандрасонаӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here