Чаро фармони 622 журналистикаро чунин мақом надод? Ё дод?

7 феврали соли 2009 Президенти Тоҷикистон Фармони №622–ро ба имзо расонд, ки он “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ном дошт.

Ин фармонро дар бархе доираҳо ба гунаи инқилобе маънидод карданӣ мешаванд, ки дар дунё ва хоса минтақа нодир буда, ба боло бурдани обрӯву нуфузи журналистикаи касбӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Оё дарвоқеъ чунин аст?

Ин савол беҳуда гузошта намешавад. Зеро бархӯрди Ҳукумати Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма аз ибтидои ба қудрат расиданаш дар соли 1992 яксон баҳогузорӣ намешавад. Гуфтан мумкин, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар замони тақрибан вуҷуд надоштани расонаҳои мустақил рӯйи кор омад. Он замон кормандони нашрияҳои мустақилу оппозитсионӣ аз Тоҷикистон фирор карда буданд ва бештар аз хориҷи кишвар ҳукуматро интиқод менамуданд. Расонаҳои хабарии ҳукуматӣ низ дар ҳоли мушкиле қарор доштанд: шабакаҳои телевизионӣ ҳамагӣ чанд соат барнома пахш мекарданд, нашрияҳои ҳукуматӣ ҳам бо сабабҳои молиявӣ ҳафтае як ё ду бор нашр мешуданд. Фақат радио буд, ки то андозае халои иттилоотиро коҳиш медод.

Тақрибан аз солҳои 2000–ум расонаҳои хабарӣ кӯшиши аз ҳолати буҳронӣ берун шудан ва шакл гирифтанро доштанд.

Аммо фармони №622 пас аз панҷ соли “тоза кардан”-и фазои расонаҳо, хоса матбуоти мустақил, пайдо шуд. Гап сари соли 2004 меравад, ки пешопеши интихоботи парлумонии соли 2005 нашрияҳои мустақили “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав”, “Одаму олам” ва нашрияи Ҳизби демократ “Адолат” аз фаъолият бозмонданд. Ҳеҷ кадоми ин нашрияҳо бо қарори суд ё муассиси худ – он чӣ, ки қонун тақозо дорад, баста нашудаанд. Сабаб ё баҳона як буд: чопхонае чопи онҳоро ба зимма нагирифт. Кӯшишҳои дар хориҷи кишвар нашр кардани онҳо, тавре дар мисоли “Рӯзи нав” дида шуд, пешгирӣ шуданд.

Пас аз ин, то интихоботи президентии соли 2006, тақрибан нашрияи наве сабти ном нагашт ва ҳафтаномаҳои фаъол, ба гуфтаи соҳибназарон, то ҷое эҳтиёткор гардида буданду матолиби интиқодии ҷиддӣ нашр намекарданд. Нашрияҳои “Миллат”–у “Озодагон” каме пештар ва “Фараж”-у “Нигоҳ” дар ҳамин асно пайдо шуданд ва аз инҳо то имрӯз фақат яке – “Фараж” фаъол асту бас. Масъулони ду нашрия ба хориҷи кишвар фирор намуданду яке, бо эҳтимоли зиёд, ба буҳрони молиявӣ гирифтор ва ҳамин тавр аз нашр бозмонд.

Аз матбуот барои он мо бештар ёд мекунем, ки журналистикаи таъсиргузор маҳз он ба ҳисоб мерафт.

Пас, чаро “фармони танқидпарвар” ба нафъи кор нашуд?

“Масъулин “илоҷаш”–ро ёфтанд

Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО, ба ин назар аст, ки ин фармон то андозае гӯё мансабдоронро водор ё маҷбур мекард, ки таваҷҷуҳе ба масъалагузории журналистон дошта бошанд.

-Аммо мо, чун одат, “илоҷ”-и ҳар гуна қонуну қоидаҳоро меёбем. Масъулин даррав роҳи ҳалли инро ҳам ёфтанд: “худмуҳофизаткунӣ” ё вокуниши рӯякӣ навишта, пайи ҳалли масъала нашудан. Яъне боз ҳамон “ради галочки”. Баъзе ниҳодҳое ҳастанд, ки ин фармонро писанд ҳам намекунанд. Ин аст, ки фармони мазкур аксаран як мактуббозии муқаррарӣ миёни редаксияҳо ва идораҳои давлатӣ шуду монд. Дар мавридҳои кам масъалаҳо воқеан бартараф карда мешаванд,- мегӯяд ӯ.

Вале Саъдӣ Маҳдӣ, директори Академияи ВАО, мегӯяд, ин фармон боис ба боло бурдани обрӯи журналистон шудааст:

-Бинед, ҳар идора, корхона, муассиса ҳар сол ҳисобот медиҳад, нишасти матбуотӣ баргузор мекунад, ғайр аз ин, се мақомоти дигар онро месанҷад. Аммо масъалаи вокуниш, ки бевосита баррасии масъалаи муайян аст, ба дӯши роҳбари корхона масъулияти дигареро бор мекунад. Расонае, ки танқид чоп кардааст, низ масъул аст, ки вокунишро чоп кунад. Ин, дар маҷмуъ, обрӯи расонаро боло мебардорад.

Вақте мансабдорон аз интиқод наметарсанд…

Бахтиёри Қутбиддин, декани факултаи журналистикаи ДМТ, мавзуъро ба сӯйи дигар мебарад. Ӯ ба ин назар аст, ки то замони судури ин фармон мунтақидон аз танқидҳо чандон ҳарос надоштанд:

– Аз ҷониби дигар, ҳар як роҳбари давлат намехоҳад, ки аз нуқсону камбудиҳои ҷомеа бехабар бошад. ВАО бошад, нишондиҳандаи набзи иҷтимоӣ аст. Ба масъалаи то куҷо барои журналистон ин фармон даркор аст ва ба фаъолияти муассири касбиашон мусоидат намудааст, аз чанд дидгоҳ бояд назар кард. 1.Журналист ҳамеша дар пайи ҷонибдорону пуштибононаш барои ҳар як сухану ҷумлаи гуфтааш мебошад ва ин фармон то ҳадде ин хостаҳояшро бароварда мекунад. 2.Фаъолияти муассири касбӣ пеш аз ҳама ба маҳорату донишу ҷаҳонбинии журналист иртибот дорад. Яъне тавассути як минбаре, ки дар ихтиёр дорад ва ҳамзамон муттакоеро ҳам эҳсос мекунад (фармони №622 дар назар аст), то кадом андоза дар пешниҳоди мақбули матлаб муваффақ гардида метавонад. 3.Ҳавасмандӣ ва мавқеъ доштани сухани журналист ҳамеша таҳрикдиҳандаи фаъолияти самараноки ӯ мебошад.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил (НАНСМИТ) ҳам мегӯяд, ин фармон имкон дошт вокуниши мақомоти давлатию ҷамъиятиро ба мақолаҳои таҳлилию танқидӣ ҷиддитар гардонда, ҳамчун як абзори ҳамгироии бахшҳои ҳукумат ва бизнес бо расонаҳо дар самти бароварда намудани аҳдофу ормонҳои умумимиллӣ хидмат кунад, аммо:

-Бо гузашти айём шоҳиди беэътиноӣ ва ҳатто муқовимати масъулин ба иҷрои меъёрҳои ин зерсанади ҳуқуқӣ гардидем. Ҳатто интишори рӯйхати ниҳодҳое, ки ба мақолаҳо сари вақт вокуниш нишон намедоданд, дар нашрияҳо, аз ҷумла дар саҳифаҳои нашрияи “Фараж”, натиҷаи дилхох надоданд.

Зимнан, танҳо матбуоти мустақил нест, ки аз иҷро нашудани ин фармон шикоят доранд. Матбуоти ҳукуматӣ низ дар ин бора матлаби кам нанавиштаанд.

Пас мушкил дар куҷост?

Вақте расонаҳои таъсиргузор надорем…

Иршод Сулаймонӣ, масъули бахши тоҷикии хабаргузории “Азия плюс”, ҳарчанд пайдоиши чунин фармону амру дастурҳоро фоли нек медонад, аммо мутмаин аст, ки ин гуна ҳолат ба воқеияти сохти иҷтимоии кишварҳо бастагӣ мегирад:

-Таҷрибаи хубе буд. Ҳарчанд дар ҷомеаҳое, ки демократия ҳамчун арзиш ва озодии баён асли демократия шинохта мешавад, мансабдорон бояд худ пойбанди ин арзишҳо бошанд ва бо расонаҳо ҳамкории танготанг дошта бошанд, вале барои кишварҳое, ки аз тангои режими худкомаву яккатафаккури Шӯравӣ берун омада буданд ва мансабдорону ҳукуматдоронашон худро дар назди ҷомеа ҳисобботдеҳ намедонанд, ин фармон метавонист таҷрибаи муваффақе шавад. Мутаассифона, он ҳам мисли ҳазорон санади ҳуқуқиву қонунҳои дигар ҷо-ҷо иҷро мешавад ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аслан ҳолати иҷрои онро назорат намекунад.
Зимнан, Иршод Сулаймонӣ дар идомаи суҳбати худ сабабҳои камтаъсир шудани ин фармонро ба омили дигар – он чӣ, ки дар боло зикр намудем, нисбат медиҳад:

-Гап сари ин аст, ки мо расонаҳои муқтадир, асаргузор ба тасмимҳои сиёсӣ ва ё амалкарди мансабдорон надорем. Замоне доштем, аммо сарнавишти онҳо ба ҳама маълум аст. Бархе расонаҳои дигаре, ки замоне асаргузор буданд (муштаракан бо расонаҳои дигар), имрӯз амалан ба ниҳоди нашаротии мансабдорону ниҳодҳои хосу ҷудогонае табдил шудаанд. Аз ин рӯ, як-ду расонае, ки боқӣ мондааст, мансабдорон онҳоро ҷиддӣ намегиранд, ё тавонистаанд дар болотар аз худ ин расонаҳоро сиёҳ кунанд ва посух доданро ба ин гуна расонаҳо як кори нанговар талаққӣ кардаанд.

Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки чанд нашрияву хабаргузориро дар худ дорад, аз воқеияти дигари кишвар мисол меорад:

-Дуруст аст, ки агар далелҳои матолиби интиқодӣ қавӣ бошанд, таъсиргузор мешавад. Аммо дар мо як масъалаи дигар ҳам вуҷуд дорад – дар аксари ҳолатҳо мансабдорон пушти матолиби танқидӣ фармоишгар мекобанд, ба ҷойи он ки камбудии ҷодоштаро ислоҳ кунанд.

Қонун ҳаст, татбиқ нест?

Пас, шояд масъала дар ин қонун нест ва аслан шояд ба тасвиби чунин як қонун мо зарурат надоштем?

Ҳамсуҳбатҳои мо дар ин замина нигоҳи аксаран яксон доранд. Онҳо мутмаинанд, ки агар назорати қонун ҷиддӣ мешуд, таъсири бештареро фаро мегирифт.

Муҳаққиқи журналистика Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, дар кишварҳои пешрафтаву демократӣ қабули чунин санаду қонунҳо бо чанд сабаб зарурат надорад:

-Зеро, якум, дар он кишварҳо ВАО-и давлатӣ ё ҳукуматӣ набуда, ҳама мустақиланд. Дуюм, сатҳи баланди фаҳмиш ва эҳсоси шарикии шаҳрвандон дар идоракунии давлат, аз ҷумла тавассути ВАО, зарурати дахолати давлат ба муносибати мансабдорон ба маводи танқидӣ ва таҳлилиро аз байн бурдааст. Сабабу решаи инро дар низоми ғайридемократии ба мансаб расидани қишри роҳбари хизматчиёни давлатӣ бояд ҷуст. Яъне, мансабдори боломақоми имрӯза вобаста аз ҳудуди фаъолият ва салоҳияташ, бо фармони роҳбари давлат ё сардори ҳукумат, на бо раъйи шаҳрвандон, сари вазифа меояд ва ӯ (онҳо) кӯшиш мекунанд ҳисоботашон ба он мақом хушоянд бошад, на инъикосгари воқеият.

Ҳуқуқшинос Баҳодур Раззоқов ба ин назар аст, ки агарчи дар Тоҷикистон қонунҳои зиёд дар соҳаи иттилоот амал мекунанд, “бо вуҷуд, фармони 622, бо эҳтимоли зиёд, дар партави пурзӯр намудани татбиқи онҳо қабул шудааст”:

-Ба андешаи ман, зарурати қабули чунин санад бо маърифати ҳуқуқии дастгоҳи давлатии мо алоқаманд аст. Албатта, дар маҷмуъ гирем, ин раванд мусбат аст. Ба ҳар ҳол, баъзе иттилоот ва мавқеъгирии расмӣ аён мегардад, иллатҳо дар идораи давлатӣ низ ошкор мешаванд. Масалан, агар мо, аз як тараф, сатҳи номатлуби фарҳанги хизматии шахсони мансабдори давлатиро бинем, аз тарафи дигар, сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқии рӯзноманигорон баръало зоҳир мешавад. Барои ҳамин мо ҳоло роҳи дигар надорем, сатҳи касбии дастгоҳи давлатӣ чунин аст, – мегӯяд ӯ.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО, ба ин назар аст, ки ин вокунишҳо дар сурате ба манфиати ҳамагон кор карда метавонанд, ки агар “он барои ба даст овардани маълумот имкони хубро фароҳам орад. Зеро нишастҳои матбуотии мансабдорон хеле қолабӣ шудаанд. Масъулин танҳо рақам пешниҳод мекунанд. Ягон суоли дигари иловагӣ бошад, масъулон ҷавоби пурраю дуруст намедиҳанд. Дар бораи сифати вокунишҳо бошад, бояд аз котибони матбуотии мақомот гиламанд шуд. Бубинед, ҳатто дар Россия, вақте ягон мушкили ҷиддӣ ё ҳодисаи фавқулода пеш омад, сухангӯҳои мақомот ва ҳатто президент вокуниши худро бадар мекунанд. Пас, дар мо ҳам зарурати қавӣ кардани ин институт пеш омадааст”.

Вақте роҳбар масъулият эҳсос мекунад…

Дар аксари мавридҳо ҳамкасбони мо барои бесифат ва дар шакли худсафедкунӣ таҳия шудани вокунишҳо аз котибони матбуотии вазорату идора ва ниҳодҳои дигари ҳукуматӣ гиламанданд. Мо аз ду сухангӯйи фаъоли вазорату кумитаҳои ҳукуматӣ хоҳиш намудем назари худро иброз намоянд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯйи Вазорати маориф ва илм, ҳоло танҳо аз заруратҳои фармони 622 суҳбат мекунад:

– Аслан, роҳбари ҳар ниҳод ё масъули он, ки дар самти иҷрои вазифаҳои худ масъулияте эҳсос мекунанд, бидуни ин ё он санади танзимкунанда ҳам кори худро анҷом медиҳад. Яъне, агар маводе нисбат ба самти фаъолияти онҳо дар расонае нашр шуд, ки масъулин ба мавқеи журналист розӣ нестанд, метавонанд посухи худро асоснок пешниҳод кунанд. Аммо имрӯз, ки дар кишвари мо чунин як санад амал мекунад – Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО”, масъулияти бештарро аз намояндагони вазорату кумитаҳо тақозо менамояд.

Зимнан, Эҳсони Хушбахт чанд пешниҳоди мушаххас ва роҳи ҳалли масъалаи вобаста ба “худсафедкунӣ”–ро дорад, ки ба онҳо дар матлаби дигар бармегардем.

Ҳоло аз Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон мешунавем, ки дар бораи зарурати фармони 622 чӣ мегӯяд:

– Ҳадаф аз ба тасвиб расонидани чунин як фармон аз ҷониби Президент як навъ бунёди қаробат миёни шахсони мансабдор ва журналистон мебошад. Будани чунин як фармон, агар ба он муносибату корбурди дуруст сурат бигирад, ҳам барои журналистон ва ҳам барои сохторҳои давлатӣ ба манфиат аст. Зеро дар гузашта чунин таҷриба вуҷуд дошт, ки баъзе аз расонаҳои чопӣ ин ё он муроҷиат ё матлаберо нашр карда, бо дастрасӣ ба бандҳои дахлдори фармони мазкур ба вазорату идораҳо ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъала дархост ирсол мекарданд. Яъне, журналистон аз ин фармон ба сифати як абзори муассири дастрасии иттилоъ истифода мекунанд. Дар ин ҳолат шахсони мансабдор ҷиҳати иҷрои фармони Президент уҳдадоранд, ки вокуниш нишон диҳанд. Зимнан, аз натиҷаи иҷрои фармони мазкур ҳар сол ҳадди ақал як маротиба вазорату идораҳои давлатӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод мекунанд. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент зимни санҷишҳои худ дар вазорату идораҳо аз амалишавии Фармон пурсон мешуданд. Яъне, боз ҳам агар ҳам журналистон ва ҳам вазорату идораҳо дар ин самт муносибати ҷиддӣ нишон диҳанд, фармони мазкур метавонад ба сифати омили ҳамкории хуб хизмат кунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамон тавре ишора кардем, танҳо матбуоту расонаҳои хабарии мустақил нестанд, ки аз иҷро нашудан, ё бесифат иҷро шудани фармони мазкур шикоят доранд. Матбуоти ҳукуматӣ низ гилаҳои зиёде дорад. Пас, сабаби аслӣ дар чист? Оё танҳо мақомоти ҳукуматӣ барои иҷро нашудани ин фармон муҷриманд?

Бештар аз ин, чаро фармони 622 ва мисли он истисноиянду танҳо дар кишварҳое чун Тоҷикистон пайдо мешаванд?

Аз ҳама муҳимаш, чаро ин фармон ҳам натавонист обрӯи журналистикаро ба сатҳи “ҳокимияти чорум” бирасонад?

Мо ба ин мавзуъҳо ҳам бармегардем…

Раҷаб Мирзо

Previous articleДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ РАСМӢ МУШКИЛИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ВАО ДАР ТОҶИКИСТОН БОҚӢ МОНДААСТ
Next articleҲОКИМИЯТИ ЧОРУМ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here