Шӯрои ВАО дар ҳамкорӣ бо дафдари САҲА дар Тоҷикистон семинари дурӯзаро таҳти унвони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” багузор кард. Дар семинар журналистони ботаҷрибаи телевизион ва радио, матбуоти даврӣ, донишҷӯёни факултаҳоии журналистикаи кишвар, ширкат варзиданд. Нахуст раиси Шӯрои ВАО Ҳуриннисо Ализода дар мавриди фаъолияти Шӯъро ба иширокчиён маълумоти муфассал пешниҳод карда, зарурати мавҷудияти онро таъкид кард. Баъдан Қироншоҳ Шарифзода доир ба аз будани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналиситӣ дар Тоҷикистонро ба таври густурда маълумот дод. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки:
- Нишон додани ҳамраъйии касбӣ, дар муносибат бо ҳамкорон ба хотири расидан ба ҳадафҳо истифода накардан аз усулҳои “номуносиб” ва танҳо кор гирифтан аз усули рақобати солим дар ҷамоаи меҳнатӣ ва журналистӣ бояд меъёри фаъолият ҳисобида шавад.
- Ба мавқеи журналист ҳангоми инъикоси мавзуъҳои ҳадафмандона, мисли сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, маънавӣ эҳтиром гузошта, журналистро бидуни хоҳиш ва ризоияташ барои омода намудани маводи рекламавӣ ҷалб накунанд.
- Журналист бояд ба сиёсати ВАО дар идораваберун аз он пойбандбошад.
- Муносибатҳои меҳнатиро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ роҳандозӣ намоянд. Дар қисмати шартномаҳои меҳнатӣ оид ба уҳдадориҳои журналист ишора шавад, ки ҳангоми кор меъёри ахлоқи касбиро риоя кунад.
- Журналистоншаффофиятимуносибатҳоимеҳнатӣбоякчандкорфармоватартибиинтишориматолибияксон дар чанд ВАО-рориоякунанд.
- Андеша, назарот ва дидгоҳҳои мухталифро холисона ва бидуни таҳриф интишор кунанд. Дар матлабҳо бояд принсипи мувозинати назари тарафайн ба инобат гирифта шавад. Сарлавҳа ва тасвирҳо бояд ба муҳтавои матн мутобиқат кунанд.
- Ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот ба манбаи он эҳтиром гузоранд, бо дархости манбаъ махфияташ ҳифз гардад ва бо амали худ барои ошкор шудани шахсияти манбаи иттилоот, инчунин сири касбӣ замина фароҳам наоваранд.
- Ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ эҳтиром гузошта, аз асардуздӣ худдорӣ ва ҳангоми иқтибосу бознашр ба манобеъ ишора намоянд.
- Ба ҳуқуқи мусоҳиб ба ҳайси ҳаммуаллифи мусоҳиба, эҳтиром гузоранд.
Ишораҳои фавқ аз ҷумлаи масоиле буданд, ки дар семинари дурӯзаи мазкур ба саъми иштирокдорон расонида шуданд. Семинар ба таври хеле ҷолиб бо иҷрои бозиҳои шавқовар ва гурӯҳи аз тарафи журналистон муддати дӯ руз давом ёфт. Ҳамин тавр, дар ҷамъбаст иштирокчиён бо сертификат қадрдонӣ гардида, аз ташкили чунин як семинари муфид қаноатманд гардиданд.