Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки журналистони телевизион ва радио, блогерону донишҷӯёни факултаи журналистика семинари навбатӣ оид ба меъёрҳои ахлоқии фаъолити журналистӣ бо дастгирии САҲА дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар семинар паҳлӯҳои гуногуни масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барномаи омӯзишии дурӯза ҳамаи ҷанбаҳои омӯзиширо фаро гирифта буд. Аз лексия то музокираву мубоҳиса, бозиҳои шавқовар, намоиши маводҳо дар доираи мавзуъ омӯзишро мазмун ва мӯҳтавои дигар бахшид. Интизориҳо дар рӯзи аввал дар флипчарт навишта часпонида шуда, дар рӯзи охир он дар ҳузури худи иштирокчиён баррасӣ карда шуд. Синну сол, донишу малакаҳои кори иштирокчиёни семинар- тренинг гуногун буд. Бинобар ин барои тренерон зарур буд, ки ҳамаи ин ҳолатҳоро ба инобат гиранд. Зимни муҳокимаи мавзуҳо онҳо фаъол буданд. Махсусан ҷавонон, ки аз мавҷудияти ин меъёр огаҳанд, аммо моҳияти қабул ва таъсири онро ба фаъолияти журналист камтар дарк мекарданд. Мо дар доираи тренинг фаҳмонидем, ки меъёр ҳаргиз ин сензура, ё маҳдудкунии озодии фаъолияти журналист нест. Ин санади ахлоқӣ ба фаъолияти касбии журналист аст, ки дар сурати риоя кардан ӯро аз мушкилоти дигар эмин медорад. Мушкилоти журналист он замоне пайдо мешавад, ки агар меъёр дағалона вайрон карда шавад.
Аз ҷониби тренер Ҳуринисо Ализода чораҳои ҷазо дар ҳолати вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби журналистон тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи бандҳои он Меъёр фаҳмонида дода шуд. Ин тавзеҳотро журналистон, иштирокчиёни тренинг аксар баён доштанд, ки бори аввал шуниданд ва ин ба бедории масъулияти онҳо бетаъсир набуд. Дар баҳсу музокираҳои дохили сессияҳо фаъолнокии худро нишон дода, фикру андешаҳои худро вобаста ба ҳолати риояи меъёр, мақому мавқеи журналист дар ҳолатҳо, риояи сиёсати редаксионӣ, риояи ҳуқуқи кӯдак, шинохтани ҳуқуқи инсон дар ҳама ҳолат ва корбурди дурусти калимаву ибораҳо ҳангоми инъикоси мурофиаҳои судӣ, риояи принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ, ҳамрайъии касбӣ, муносибат ба манбаъҳои иттилоотӣ ва дарёфти иттилои саҳеҳ ва корбасти дурусти он аз масъалаҳои бисёр баҳсноки семинар буданд. Тренерон тавонистанд, ки масъаларо бо воситаи баҳс ва шинохти дурусти он ба иштирокчиён фаҳмонанд.
Машғулиятҳои амалии гуруҳӣ ва инфиродӣ қисмати манфиатбахши семинари омӯзишии дуруза буд, ки дар ҳар рӯзи он чунин машғулият гузаронида шуда муносибату масъулияти журналистонро дар шинохту риояи меъёр бештар намуд. Дар ин намуди машғулиятҳо иштирокчиён дар гурӯҳ ва мустақилона сари масъалаҳои гузошташуда корбарӣ намуданд ва талаботҳои меъёрро шинохтанд.