Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон ва аъзои Раёсати ин ниҳод бо устодон ва донишҷӯёни бахши журналистикаи баргузор шуд. Дар вохӯрӣ раиси Шуро ва устодон оид ба сохтори Шуро, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, бандҳои он ва дигар масоили саводи расонаӣ суҳбат намуданд. Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои:

– Ахлоқ ва меъёрҳои журналистӣ кадомҳоянд;

– Чаро донистани онҳо зарур аст;

-Журналист бояд аз онҳо чӣ гуна истифода кунад;

– Чаро журналисте, ки меъёрҳои ахлоқиро ба кор мебарад, муваффақ аст, баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки Риояи меъёрҳо маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд,ки эҳтиром ба ҳақиқат ва ҳуқуқи ҷомеаро ба ҳақиқат аз вазифаҳои аслии журналист эътироф намоянд. Вобаста ба ин вазифаи бунёдӣ, вобаста ба ин масъулият, вазифадоранд принсипҳои озоди ҷамъоварӣ ва интишори иттилооти воқеӣ, инчунин ҳуқуқи шарҳу интиқоди холисонаро ҳифз кунанд. Ҳақиқат, воқеънигорӣ, адолат, плюрализм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро аз усулҳои асосии фаъолияти ВАО ва журналистон бидонанд.

 

Previous articleЧанд сабаби муҳими доштани саводнокии расонаӣ
Next articleВАЗИФАИ ҲИРФАӢ ВА ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАО ВА ЖУРНАЛИСТ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here