Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  бо донишҷӯёни кафедраи журналистика  ва назарияи  тарҷумаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир ба  мавзӯи риояи меъёрҳои ахлоқиву касбии рӯзноманигорон ва ҳамзамон оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯрӣ баргузор кард. Ҳуриннисо Ализода, роҳбари Шӯрои ВАО-и ҶТ қайд карданд, ки дар замони имрӯз донистан ва риояи меъёрҳои пешбинишуда дар мавриди истифодаи оқилона ва дурусти расонаҳо хеле зарур ва ба фойдаи кор аст. Номбурда ҳамчунин  оид ба фаъолияти кори Шӯро, салоҳияти он ва лоиҳаҳое, ки айни замон амалӣ мешаванд, ба донишҷӯён баррасӣ кард. Хулоса гарид, ки меъёрҳои ахлоқии журналистӣ як роҳнамое аст, ки донишҷӯёнро метавонад ҳамчун як рӯзноманигори ҳирфаӣ ба воя расонад. Дар идома, ширкаткунандагон доир ба меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, роҳ надодани хато ҳангоми кор дар Интернет, худтанзимкунӣ, паҳн кардани гузоришҳо, меъёрҳи ахлоқӣ  ва танзим шудани саволҳои худро пешниҳод карда,  аз тарафи масъулин маълумоти муфассалро ба даст оварданд.

https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02m89eNdp8CEUnwWJ96pB2MhP2mRyeRKASDht4MhpXxwTX32JNJBDpfH2wfNSrh5qxl&id=100004170930990&sfnsn=wa&mibextid=2Rb1fB

 

Previous articleСуратгузориш аз иштироки раёсати ВАО-и Тоҷикистон дар фокус-гурӯҳи шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар
Next articleКонфронс бахшида ба таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here