1. Ҷоизаи «Эътимод»–и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, новобаста аз шакли моликияташон, фаъолият доранд, таъсис дода шудааст.
2. Ҷоиза соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот- 3 май ба як нафар тақдим мегардад.
3. Ҷоиза ба онҳое дода мешавад, ки ;
-«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»–ро зимни таҳияи матолиб риоя мекунанд;
– Дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;
– Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд;
– Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
– Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;
– Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
– Дар тайёр намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
4. Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аъзои Комиссияи Ҷоизаи «Эътимод» ва меъёрҳои баҳодиҳиро муайян мекунад.
5. Пешбарии номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» як моҳ пеш аз чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот оғоз гардида, дар ин бора Раёсати Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ эълон пахш мекунад.
6. Пешбарии номзадҳо то 15 апрел идома меёбад.
7. Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон аъзои Раёсати Шӯрои ВАО, ё идораи ВАО, ки номзад кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоие, ки Раёсати Шӯрои ВАО номгӯашонро муқаррар мекунад, пешниҳод гарданд. Шарт нест, ки идораи ВАО ё худи номзад узвияти Шӯрои ВАО–и Тоҷикистонро дошта бошанд.
8. Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Қарорро дар бораи барандаи Ҷоиза Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО ниҳоӣ мегардонад.
9. Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон маблағ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯрои ВАО муайян мекунад. Он ҳамчунин бо рамзи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон диплом дорад.
10. Як журналист танҳо як маротиба метавонад ҷоизадори Ҷоизаи «Эътимод» гардад.