Дар шаӽри Кулоби вилояти Хатлон  дар доираи лоиӽаи «Саводи расонаӣ» вохӯрӣ ва машғулият барои 15 нафар намояндагон аз касбу кори гуногун баргузор гардид. Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур аз тарафи Интернюз дар Тоҷикистон дастгирӣ гардид. Тибқи барномаи машғулият нахуст барӯйхатгирии иштирокчиён гузаронида шуда, саволномаи пешакӣ оид ба саводнокии расонаӣ тақсим гардид.

 Ӽадафи баргузории вохӯриро Раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуриннисо Ализода муаррифӣ намуда, бо иштироккунандагони мачлис шинос шуд.  Дар рафти муаррифӣ иштирокчиён дар бораи саводнокии расонаӣ маълумоти нопурраи худро баён карданд. Тренерон дар  мавзуӽои  «Оид ба  бораи саводнокии ВАО чиро донистан муҳим аст» ва  «Саводнокии ВАО чист ва барои кист?»  маълумоти мушаххас додан.

Ӽамин тавр, дар рафти вохӯрӣ ва муҳокима бо истифода аз саволу ҷавоб корҳои инфиродӣ гузаронида шуд, лексияи хурд тавассути презентатсия, дар байни иштирокчиён сӯҳбат ташкил карда шуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба саводнокии ВАО саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Иштирокчиёни фаъол дар бораи ин вохӯрӣ андешаҳои худро баён намуда, қайд намуданд, ки дар чунин вохӯрӣ бори аввал иштирок доштанд ва  зикр карданд, ки дониши дар ин вохӯрӣ андӯхтаро ба ҳамкорону дигар пайвандонашон пешкаш хоҳанд кард.

 

Previous articleФарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати донишҳои саводи расонаӣ
Next articleСуратгузориш аз рафти вохӯрӣ дар доираи лоиӽаи «Саводнокии расонаӣ дар Хатлон»
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here