Дар замони имрӯз, чуноне ки маълум аст, иттилоот ба суръати хеле тез густариш ёфтааст, қобилияти тасфия ва истифодаи самараноки ахбори гирифташуда ниҳоят муҳим ва зарур аст. Тайи чанд соли охир саводи иттилоотӣ ва расонаӣ дар Тоҷикистон аз як истилоҳ ва дониши номафҳум, ки танҳо аз ҷониби мутахассисони алоҳида истифода мешуд, ба як тамоюли фарогири ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва донишҷӯён табдил ёфтааст. Ҳоло дар манотиқи мухталифи кишвар омӯзиши “саводи расонаӣ” ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла 5 –январи соли ҷорӣ омӯзиши “саводи расонаӣ” барои кормандони мақомоти гуногун дар

шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Иштироккунандагон аз баргузор шудани он хеле қаноатманд гардида, изҳор доштанд, ки мавзӯъ барояшон  хеле муфиду ҷолиб мебошад. Онҳо бар он андешаанд, ки ба роҳ мондани чунин тасмимҳои зарурӣ минбаъд низ ба фойдаи кор хоҳад буд.

 

 

 

 

 

Previous articleСАВОДИ РАСОНАӢ БИОМӮЗЕМ
Next articleОмӯзиши саводи расонаӣ дар Бохтар
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here