Шурои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи лоиҳаи “Хонаи саводи расонаӣ дар Хвтлон” дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 22 то 24-уми декабр тренинге дар мавзуи “Саводи расонаӣ-талаботи замон” баргузор намуд. Бояд гуфт, ки ҳадафи лоиҳа рушди саводнокии ВАО, иттилоотӣ ва рақамӣ дар вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Бохтар) тавассути чорабиниҳои мунтазами таълимӣ мебошад. “Хонаи саводи расонаӣ дар Хвтлон” як навъ маркази экспертизаи маҳаллиест, ки ба ҷалби ҷомеа дар ВАО, иттилоот ва саводнокии рақамӣ нигаронида шудааст. Ҳамчунин, ҳадафи дигари “Хонаи саводи расонаӣ дар Хвтлон” таъмини иртибот миёни тими MediaCAMP ва сокинони Хатлон аст, ки имкон медиҳад, лоиҳа ҳар моҳ саводнокии ВАО-ро паҳн кунад ва ба табақаҳои мухталифи аҳолӣ дастрас шавад.Ҳадаф аз баргузории ин тренинг омӯзиши мураббиёни ҷавон барои гузаронидани чунин мавзуҳо ва паҳн намудани мавзуи ташкили “Хонаи саводи расонаӣ дар Хвтлон” аз ҳисоби рӯзноманигорони ҷавон дар минтақаи Кӯлоб буд.Тренинги мазкур бо иштирок ва роҳнамоии худи раиси Шурои ВАО-Ҳуринисо Ализода, доктори илми филология Ҷовид Муқим, номзади илми филология Мухторӣ Қутбиддин ва намояндаи Интернюс Меҳрангез Турсунзода баргузор гардид.Дар оғоз раиси Шӯрои ВАО Ҳ. Ализода дар бораи таърихи таъсиси Шурои ВАО, ҳадафу вазифаҳои он, дастовардҳо, мушкилот ва рушди ВАО суханронӣ намуда, сипас, намояндаи Интернюс хонум Меҳрангез Турсунзода ба иштирокчиён барои ширкат дар чунин тренинг изҳори миннатдорӣ кард. Инчунин, дар бораи фаъолияти созмони Интернюс ва аҳамияти расонидани маълумоти нав оид ба саводнокии ВАО ба аҳолӣ, бахусус, ба рӯзноманигорон мухтасар суханронӣ намуд.Дар тренинг 13 нафар рӯзноманигорони ҷавон (6 зан ва 7 мард) аз расонаҳои гуногун ва намояндагони Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.Боиси хушнудӣ гардид, ки дар тренинг ба ҷуз аз донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб худи рӯзноманигорон ва устодони онҳо, намояндагони ҳукумати минтақа низ ширкат доштанд, ки ин комёбии бузург аст, зеро муттаҳид шудани ташкилотҳои чамъиятӣ ва мақомотҳои давлатӣ дар инкишофи матбуоти даврӣ икдоми муҳим аст.Тренерҳо тӯли ду рӯз аз рӯи слайдҳо омӯзиш гузарониданд, ки дар он иштирокчиён ба ҷуз гӯш кардан, имкони иловагии дидани ҳама чизро бо чашмони худ доштанд.Сипас, тренерҳо миёни иштирокчиён доир ба мафҳуми «саводнокии ВАО» ва тафаккури интиқодии рӯзноманигор баҳсҳо оростанд, ки таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.Мавриди зикр аст, ки дар тренинги мазкур иштироккунандаҳо дар муҳокимаи мавзуҳо фаъолона иштирок карданд.Инчунин, дар тӯли ин ду рӯз иштироккунандагон дақиқае ором намеистоданд ва ҳамеша дар ҷараёни кор ва муҳокима буданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ба касби худ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва нисбат ба донишҷӯёну рӯзноманигорони пойтахт як каме худро озодтар ҳис мекунанд. Аз муаллимон натарсида, саволҳои муҳимашонро медиҳанд ва нисбати ин ё он масъала ошкоро мухокима мекунанд.Бояд гуфт, ки пеш аз оғози тренинг муайян гардида буд, ки 6 нафар, яъне 47 дарсади иштирокчиён оид ба саводи расонаӣ маълумот надоштанд. Баъди анҷоми тренинг бошад, аллакай 87 дарсад ба саволҳои тестии пешниҳодшуда ҷавоби дуруст доданд. Яъне 11 нафар иштирокчии тренинг дониши заруриашонро гирифтанд ва ба он боварем, ки онро ба манфиат ва рушди ВАО дар вилоят истифода мебаранд.Ҳамин тавр, омӯзиш нишон дод, ки ин гуна чорабинӣ бояд дар саросари кишвар, яъне ҳадди ақал дар ҳар як минтақа ва шаҳрҳои бузурги кишвар баргузор гардад. Ин на танҳо барои рӯзноманигорон, балки ба аҳолӣ ва мансабдорони давлатӣ низ муҳим ба ҳисоб меравад.

Previous articleШӮРОИ ВАО ДАР КӮЛОБ
Next articleСАВОДИ РАСОНАӢ БИОМӮЗЕМ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here