Дирӯз -22 декабри соли 2022 мулоқоти банда ба ҳайси раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, чанде аз журналистони номдор ва устоди ин касб бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Мақсади ин ҳамоиш ошноии устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки узви ин Шӯро ҳастанд, бо ҳайатм нави ин созмони журналистӣ буда, миёни иштирокдорон ва меҳмонон, ки дар қатори онҳо профессор Ҷовид Муқим ва доктори илмҳои филологӣ Кутбиддин Мухтори низ ҳузур доштанд, суҳбатҳои сирф ихтисосӣ ва тарғиби меъёрҳои ахлоқ дар фаъолияти журналистӣ буд.
Ин нишастро ноиби ректор оид ба масъалаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шарофат Худойдодова ифтитоҳ намуда, ҳозиронро ба ҳамдигар ошно намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Миёни аҳли нишаст баҳсҳои ҷолиб ва суолу ҷавобҳои барои ҳарду ҷониб хеле муҳим доир гардид.
Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон китобчаи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” ва ҳамчунин плакатҳои ин меъёрҳоро тақдим намуданд.
Донишҷӯён ва устодони ин факулта, зимни суханрониҳои хеш ин мулоқотро муфид хонда, журналистони оянда ба саволҳои хеш посухҳои ҷолиб дарёфта, изҳори сипос ва миннатдорӣ изҳор намуданд, хостори идомаи чунин ҳамоишҳо гаштанд.
Риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ гарави журналистикаи босифат ва кафолати ҳифзи манфиатҳои касбӣ ва ҳуқуқии журналистон аст.
Previous articleЭълон!
Next articleСАВОДИ РАСОНАӢ-ТАЛАБОТИ ЗАМОН
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here