Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон маҷлиси солонаи ҳисоботӣ-интихоботии худро бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзои Шӯро ва коршиносон 25 ноябр аз соати 9:00 то соати 16:00 дар меҳмонхонаи “Хилтон” баргузор менамояд.

Ба ин ҷаласа, Ёрадамчии Президенти ҶТ Эмомалӣ Насриддинзода, намояндаи парлумони кишвар Саидмурод Фаттоҳзода вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, роҳбарон ва намояндагони САҲА, Интернюс, сафирон ва дигар созмонҳои байналмилалии дар кишвар фаъолиятдошта даъват шудаанд.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ягона созмони худтанзимкунии фаъолияти ВАО-и кишвар мебошад. Дар давоми соли ҷорӣ 8 ҷаласаи раёсати Шӯрои ВАО доир гардид, ки масъалаҳои гуногуни кориро баррасӣ намуданд.

Дар ин давра ин созмон чандин мулоқоти корӣ бо намояндагону роҳбарони ВАО, идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои журналистӣ ва ашхоси алоҳида доир намуда аст. Ин навъи фаъолият Шӯроро бо хеле аз идораҳои навтаъсиси ВАО ва дигар муассисаву созмонҳо ошно кард.

Дастгирии созмони Интернюз Тоҷикистон барои ба по рост шудани Шӯрои ВАО баъди таваққуфе, ки бо сабаби бемории КОВИД 19 ба миён омада буд, қобили тазаккури махсус аст.

Барҳам хӯрдани баъзе нашрияҳо ё баръакс ба вуҷуд омадани воситаҳои ахбори нав, теъдоди аъзои Шӯроро то андозае номуайян кард. Аз ин рӯ дар соли ҷорӣ як мониторинги сифатӣ ва миқдорӣ гузаронида шуда, шумораи аъзои он аз нав дақиқ карда шуд.

Натиҷа ин шуд, ки дар ин миён теъдоди аъзои Шӯро, ки аз 71 созмон ва идораҳои журналистӣ мушаххас карда шуданд. Ҳамчунин то ин давра аъзои инфиродӣ 7 нафар низ ҳамчун аъзо аз солҳои пешин боқӣ мондаанд.

Аз 78 аъзои дар мониторинг муқарраргашта маълум гардид, ки тӯли солҳои охир 9 идораи ВАО барҳам хӯрда будаанд ва Шӯро 68 –тои онро дарёфта аз нав бо онҳо тамос барқарор кард.

Бо 18 нафар узви наве, ки дар ин ҷаласа ба узвият дар оғози ин ҷаласа пазируфта шуданд, теъдоди ҳозираи аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  айни замон ба 87-то  расид.

Мулоқоти густурдаи роҳбарияти Шӯро дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода имкон дод, ки ин созмон ва хоса мавҷуд будани ҳуҷҷати танзимкунандаи ВАО “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” барои аудиторияи калони журналистон ва донишҷӯёни факултаҳои журналистии донишгоҳҳо  якбора муаррифӣ гардад.

Ҳамчунин, як суҳбати видеоӣ, ки узви раёсати Шӯро Иршод Сулаймонӣ бо раиси Шӯрои ВАО- и кишвар   ва журналист Ёқуб Ҳалимов ба навор гирифт, барои аудиторияи интернетӣ Шӯро ва “Меъёрҳои фаъолияти касбии журналистони Тоҷикитон”-ро бори дигар  муаррифӣ кард.

Дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯро дар толори бузурги “Осорхонаи миллӣ” 11 марти соли равон дар ҳузури намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми кишвар ва дигар шахсони мақомдори идораҳои ҳукуматӣ аз зарурати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ВАО-и Тоҷикистон суханронӣ намуда буд.

Бо пешниҳоди Шӯро бори аввал ба журналистони мустақил ва баъзе аз блогерҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва ҲХДТ туҳфаҳои молӣ ва пулӣ супурда шуд, ки барои ҳамкориҳои мусбати ниҳодҳои ҳукуматӣ, аҳзоби сиёсӣ  ва журналистони озод дар оянда низ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин миён ба Шӯро аз ҷониби истифодабарандагони интернет чаҳор муроҷиат аз ҷониби ашхоси алоҳида (ғайрижурналист, яке аз ноҳияи Ёвон ва дигаре аз шаҳри Ҳисор) ва як чанд  муроҷиати шифоҳӣ ба хотири машварат  аз ҷониби журналистон ворид шудааст.

Нашри “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ҳам дар шакли плакат бо ду забон 400 – то бо забони тоҷикӣ ва 200- то бо забони русӣ ва дар шакли китобча бо теъдоди 1000 нусха бо ду забон, яке аз корҳои назарраси  дар ҳамкории Шӯро бо дафтари  САҲА дар Тоҷикистон  маҳсуб мешавад, ки имрӯз дастраси аъзои ин ташкилот  гашт ва дар оянда ба ҳама аъзо дар шаҳру навоҳии кишвар  расонида мешавад.

Яке аз корҳои муфид ва ояндадоре, ки Шӯро дар оғози фаъолияти хеш роҳандозӣ намуд, ин созмон додани “Клуби ҳамраъйӣ” буд. Се ҷамъомад ё нишасти сардабирони нашрияҳои ҳукуматӣ ва тиҷоратӣ, яъне шахсӣ, ки дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва фазои озоду дӯстонаи корӣ гузашт, журналистонро бовар кунонд, ки банди 9-и меъёри ахлоқиро мо дар амал татбиқ карда, ба он ноил мешавем.

Дар умум, ҷаласа масъалаҳои зеринро дар бар гирифт:

– қабули аъзои нав;

– ҳисоботи раиси Шӯро ва муҳокимаи он;

– ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ ва муҳокимаи он;

– пешниҳоди номзадҳо ва интихоби аъзои нави раёсати Шӯро;

– интихоби раиси Шӯро.

Масъалаҳои муҳими журналистикаи муосир аз қабили “Ҷанбаъҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии  фаъолияти блогнависон” бо суханронии журналист Шарифзода Кироншоҳ ва мавзӯи “Саводи расонаӣ дар шароити муосир” бо маърӯзаи Илҳоми Ҷамолиён” низ миёни иштирокдорони ин ҳамоиши журналистӣ боиси ба миён омадани назарҳои гуногун дар соҳаи журналистика гардид.

– пешниҳоди номзадҳо ва интихоби аъзои нави раёсати Шӯро;

– интихоби раиси Шӯро низ тибқи талаботи Ойиномаи ин созмон бо овоздиҳии пӯшида доир гардид.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

 

Previous articleҶаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон доир мегардад
Next articleЭълон!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here