25 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон” маҷлиси солонаи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзои Шӯро, коршиносон ва ВАО баргузор мегардад.
Ҷаласа бо дастгирии Дафтари САҲА дар Душанбе доир гардида, аз соати 9:00 то соати 16:00 давом меёбад.
Дар ҳамоиш иштирок ва суханронии Ёрадамчии Президенти ҶТ Эмомалӣ Насриддинзода, намояндаи парлумони кишвар Саидмурод Фаттоҳзода вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, намояндагони САҲА ва Интернюс пешбинӣ шудааст.
Инчунин, дар маърӯзаҳои журналистон ва коршиносони соҳа масъалаҳои муҳими журналистикаи муосир, аз қабили “Ҷанбаъҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти блогнависон”, “Саводи расонаӣ дар шароити муосир” ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.