Номгӯи созмону гурӯҳҳое, ки аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон террористӣ ё ифротгаро эътироф гардида, фаъолияташон дар қаламрави кишвар манъ шудааст (бо зикри вақти қабули қарор аз ҷониби судҳо). Онҳо дар қаламрави дигар давлатҳо ба фаъолияти ифротгарӣ ва террористӣ машғуланд.

Рӯйхат дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон оварда мешавад:

1. «Ал-Қоида» – созмони террористӣ ва ифротгаро эътирофшуда (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

2. «Ҳаракати исломии “Туркистони Шарқӣ” – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

3. «Ҳизби исломии Туркистон (собиқ “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”) – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

4. «Ҳаракати “Толибон” – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

5. «Бародарони мусалмон» (Ихвон-ул-Муслимин) – қарори Суди олии Тоҷикиситон аз 30 марти соли 2006.

6. «Лашкари Тайиба» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

7. «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покистон») – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

8. «Ҷамъияти Таблиғ» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

9. «Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом») – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

10. «Тоҷикистони озод» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

11. «Ҳизб-ут-Таҳрир» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008).

12. «Ҷамоати Ансоруллоҳ» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2012).

13. «Салафия» – қарорҳои Суди олии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2009 ва 8 декабри соли 2014).

14. «Гурӯҳи 24» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014).

15. «Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДОИШ), “Давлати исломӣ”) – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).

16. «Ҷабҳат-ан-Нусра» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).

17. «Ҳизби наҳзати исломӣ» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015).

18. «Паймони миллии Тоҷикистон» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019).

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон рӯйхати расмии шахсони воқеӣ мавҷуд аст, ки бо терроризм алоқадошта дониста мешаванд. Дар ин рӯйхати 2 ҳазору 417 нафар зикр шудаанд.

Бознашр аз Asia-Plus

Previous articleДар интернет эҳтиёт бошед
Next articleИстифодаи интернет. Омӯхтан, кор кардан ё зоеи вақт?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here