Онҳо гуфтанд, мо намегӯем
Устоди ман бо шавқ нақл мекунад:
– Аз синфи 6-7 аллакай маълум карда будам, ки дар оянда касби журналистиро интихоб мекунам ва аз ҳамон вақт бо матбуоти маҳаллӣ ҳамкориро оғоз кардам. Ҳар вақте ки хабар, гузориш, мусоҳиба ё лавҳаам нашр мешуд, ҳатман онро аз газета бурида ба дафтарам мечаспонидам. Ҳамин тавр, то омадан ба имтиҳоноти дохилшавӣ ман аллакай дафтари матолиби гуногунжанр доштам ва аввалин чизе, ки муаллимон аз ман пурсидан маҳсули эҷодам буд…
Устоди дигари ман нақл мекунад:
– Ман бисёр мехостам журналист шавам, вале бо сабаби надонистани ҳадди ақад як забони хориҷӣ тамоми орзуҳоямро куштанд ва маро ба шуъбаи рӯзноманигорӣ қабул накарданд…
Устоди сеюми ман нақл мекунад:
– Мо баробари наздик шудани имтиҳонот рӯзро дар китобхона шом мекардем ва ҳатто мешуд рӯзҳое, ки масъули китобхона моро пеш мекард, чун ки аллакай кайҳо вақти кор тамом шуда буд. Ҳақиқатан ҳам, имтиҳон барои мо таваллуд кардани занро мемонд. Бисёр сангин, вазнин ва ботарс мегузашт.
Устоди чоруми ман нақл мекунад:
Вақти таҳсил аз радио, телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо барои “харидан”-и мо меомаданд. Ба мо кор ва маоши хуб пешниҳод мекарданд ва ҳатман аз миёни толибилмон гулчин карда, коргар мегирифтанд.
Ман устоди зиёд дорам ва онҳо ҳам дар бораи таҳсилу корашон суханони зиёд гуфтаанду ҳоло ҳам мегӯянд, вале дардовар он аст, ки насли мо ба ояндагон чунин ҷумлаҳоро гуфта наметавонем.
Бовар кунед, мо ҳеҷ вақт ба насли баъдӣ гуфта наметавонем, ки аз даврони мактабхонӣ дар фикри журналист шудан будему дар дафтари махсусе маҳсули эҷодамонро барои имтиҳоноти дохилшавӣ ҷамъ мекардем.
Бовар кунед, мо ҳеҷ вақт ба насли баъдӣ аз душвории имтиҳоноти дохилшавӣ ва суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо устодон барои унвони донишҷӯро гирифтан, гуфта наметавонем, зеро имтиҳонотро бо як қалами сиёҳ месупорему устодонамонро аввалин маротиба дар аудитория вақти дарзгузарияшон мебинем.
Бовар кунед, мо ҳеҷ вақт ба насли баъдӣ аз тарси баҳои хуб нагирифтан аз имтиҳонот намегӯем, зеро мо ҳатто имтиҳони фанҳои эҷодиро ҳам тариқи тест месупорем ва ҳеҷ душворие нест.
Бовар кунед, мо ҳеҷ вақт ба насли баъдӣ аз серхаридор будани худ намегӯем, зеро аксари соҳибони расонаҳо дар симои донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ коргареро дида наметавонанд, ки ба дардашон бархурад.
Хуллас, мо аз устодонамон суханони таъсирбахш, ангезадиҳанда ва хуб мешунавем, вале мутаассифона мо ба насли баъдӣ дар бораи дохилшавӣ, таҳсил, муносибат бо устодон ва ғайраҳо сухани ҷолибе гуфта наметавонем. Зеро фазову муҳите, ки мо дорем, беранг аст.
Дар куҷо журналист омода мекунанд?
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014, №138 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз ҳамон сол то инҷониб имтиҳони дохилшавӣ ба ихтисоси рӯзноманигории макотиби олӣ тавассути тест ба роҳ монда шудааст. Довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо дар қисми А — имтиҳонҳои умумии забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва дар қисми Б имтиҳоноти ихтисосӣ ҷой дода шудаанд, ки барои довталабони ихтисоси рӯзноманигорӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва забони хориҷӣ имтиҳони ихтисос гирифта мешавад. Номи имтиҳоноти қисми дувум ихтисосист, вале, мутаассифона, дар ин рӯйхат аз имтиҳонҳои ихтисосии рӯзноманигорӣ дараке нест. Иловатан, 8 сол боз довталабони риштаи рӯзноманигории макотиби олӣ бидуни имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат донишҷӯ мешаванд.
Ҳоло 9 муассисаи олии касбии ҷумҳурии мо – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар дохили худ факулта ё бахши журналистӣ доранд ва аз рӯйи 8 ихтисос – WEB-журналист, журналисти байналхалқӣ, журналист-тарҷумон, журналисти телевизион, журналист, воқеанигори варзишӣ, муҳаррири адабӣ ва умури нашриёт мутахассис тайёр мекунанд.
Аз як тараф вуҷуд доштану фаъолият кардани факултаву бахшҳои журналистӣ дар мо хуб аст, зеро мизу курии макотиби дар боло ишора шуда холӣ намемонанд. Иловатан, ба дилхоҳ нафаре, ки мехоҳад донишҷӯ шавад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то ки журналист ҳам нашавад, ҳадди ақал диплом дошта бошад.
Мушкилиҳои омода карданӣ кадри журналистӣ
Мушкилии аввал. Аксарият устодоне, ки дар факултаву бахшҳои журналистӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд, худашон аз муҳимтарин рукни журналистӣ – фаъолият дар ҷузъҳои ВАО маҳруманд. Модоме ки дар бораи мухбирнома лексия мехонад, бояд ҳадди ақал худаш чанд мухбирнома навиштаву нашр карда бошад, ки ҳамчун намуна ба донишҷӯён нишон дода, роҳнамоӣ кунад, ки ба чунин тарз навишта мешавад. Устод бояд пеш аз он ки ба донишҷӯ вазифаи мусоҳибагириро медиҳад, бояд ҳадди ақал худаш чанд мусоҳиба дошта бошад. Модоме ки аз барномаи телефвизионӣ мегӯяд, бояд худаш муаллифи чанд барнома бошад. Модоме ки аз гузориши радиоӣ мегӯяд, бояд худаш дар амалия гузориш гирифта бошад. Ин проблемаро қариб, ки ҳамагон медонанд, аммо гӯё ки онро касе намебинад.
Мушкилии сонӣ. Чаро намояндагии факултаву бахшҳои журналистӣ дар назди ҷузъҳои ВАО вуҷуд надорад?. Чаро ҳадди ақал факултети журналистикаи ДМТ, ки бузургтарин маркази омода кардани журналистони оянда маҳсуб меёбад, дар назди ягон расона намояндагии худро надорад? Агар чунин як намояндагӣ бошад, ба фоидаи тарафайн аст. Дар ин росто ҳар донишҷӯе, ки ба ин соҳа чуқуртар ворид шудан мехоҳад, рафта бевосита ҳамкорӣ мекунад ё дар назди муҳаррире шогирд меистад, лекин бо таъбири профессор Иброҳим Усмонов “Муҳаррирон журналист не, балки барои худ корманд тайёр мекунанд”. Вале фикри садҳо донишҷӯёнеро, ки меоянду мераванд кӣ мекунад?
Мушкилии саввум. Имтиҳонҳо нодуруст ба роҳ монда шудаанд. Ман то ҳол дар шакли имтиҳонгирии факултаву бахшҳои журналистӣ мантиқ мекобам, аммо афсус, ки намеёбам. Мантиқ куҷост вақте ки имтиҳони фанни эҷодӣ тариқи тест гирифта мешавад?
Мушкилии чаҳорум. Шакли имтиҳоноти дохилшавӣ ба факултаву бахшҳои журналистӣ нодуруст ба роҳ монда шудааст. Зеро ҳеҷ гоҳ тест наметавонад журналист тайёр кунад.
Мушкилии панҷум. Калонсолон медонанд, ки дар замони Шуравӣ вобаста ба қабули омода кардани кадрҳо ба плангирӣ гуфтанӣ чиз буд. Макотиби олӣ ба миқдорӣ лозимӣ мутахассис тайёр мекарданд, лекин ҳоло баръакс аст. Ба назар менамояд, ки барои ҳама бефарқ аст оне ки кадрҳои тайёр шуда дар куҷо кор мекунанд ва аслан барои чӣ омода шуда истодаанд? Ин раванд дар журналистика ҳам бетаъсир намондааст. Масалан, 100 нафаре, ки факултети журналистикаи ДМТ ҳар сол омода мекунад на ҳамаи онҳо кор меёбанд ё ҷойи кор ҳаст. Ин ҳоло дар марказ аст, дар бораи минтақаҳо бошад ҳоҷати гап нест.
Мушкилии шашум. То чанд соли қабл муҳлати таҳсил барои журналистшавандаҳо 5 сол буд, ҳоло бошад 4 сол аст, ки баъзе фанҳои даркорӣ нохонда мемонанд. Ва бояд гуфт, ки дар ин шароит омода кардани журналисти ҳирфаӣ кори хеле мушкил аст. Зеро системаи таълим ба пояи рӯзноманигорӣ мувофиқ нест.
Ангезаҳои журналистони ҷавон
Бо вуҷуди он ки имрӯз ҳолу ҳавои журналистикаи мо абрист ва бисёриҳо дасту дил шустаанд, наметавонем ба пуррагӣ бигӯем, ки журналистони ҷавон ангеза надоранд.
Аввал. Дуруст аст, ки дар миёни толибилмони риштаи рӯзноманигорӣ дар факултаву бахшҳои макотиби олӣ тасодуфиҳо хеле зиёданд, вале боз ҳастанд бачаҳое, ки кӯшиш мекунанд бо расонаҳои фаъол ҳамкорӣ кунанд. Ҳамин кӯшиш кардану матолиби гуногунжанр таҳияву нашр намудан, ин худ барои ҳамдигар ангеза аст.
Дуюм. Расонаҳои нав ба дилхоҳ донишҷӯи риштаи рӯзноманигорӣ ва умуман журналистони ҷавон майдонеро ташкил карданд, ки ангезаи калон барои ҷавонон маҳсуб мешаванд. Ин расонаҳо ҳам ҳаққи қалами хуб медиҳанд ва ҳам аз расонаҳои анъанавӣ дида, муносибати хуб карда метавонанд.
Сеюм. Ҳоло бешуҳба интернет ҳам яке аз ангезаҳои калон барои журналистони ҷавон аст. Бачаҳо дар аз фазои маҷозӣ ҳар қадар, ки хоҳанд меомӯзанд ва то қадри имкон пул кор мекунанд.
Ба ҷои хулоса ё роҳи ҳал
Хулосаи ин матлаб метавонад бисёр дароз бошад, вале бо овардани чанд ҷумлаи кӯтоҳ қазоватро бар хонандагон мегӯзорем:
– то агар қабул ба ихтисосҳои рӯзноманигорӣ аз рӯи майлу рағбат ва маҳорати эҷодӣ сурат нагирад, мо ҳамоно ҷумлаи “тасодуфиҳо зиёданд”-ро мешунавем;
– то агар имтиҳоноти фанҳои ихтисосӣ шифоҳӣ сурат нагиранд, аз факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ дар бобати омода кардани кадрҳои хуби журналистӣ умеди калон кардан мантиқӣ нест;
– то агар дар самти журналистика дастгирии бевоситаи давлатӣ набошад, наметавон журналистони ҷавонро ба расонаҳои анъанавӣ пурра ҷалб кард;
– то ҳамаи ихтисосҳои журналистиро буҷавӣ накунанд, омода кардани кадри хуби журналистиро интизор шудан беҳуда аст.
Рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои Шариф” ба кулли рӯзноманигорону рӯзномадӯстону рӯзномахонон муборак бошад!
Сино Тоҳирӣ
Бознашр аз halva.tj