Дар Тоҷикистон меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ аз соли 2009 то ин ҷониб фаъолият намуда истодааст, ки  мақсадии асосии ин меъёрҳо барои баланд бардоштани масъулияти журналистон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сифати  журналистика хизмат менамояд. Ҳоло меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби 70 созмону ташкилотҳои ВАО эътироф гардидааст.

Дар рафти мутолиа ва шиносои бо 10 банди нави қабулшудаи  меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки  тамоми бандҳои фаъолияти мазкур барои журналистон ҳатмист чун ин меъёрҳо ба хотири рушди озодии баён таҳия шудааст.

Бандҳои меъёри мазкур журналистро вазифадор месозад, ки дар омода ва пахшу интишори мавод воқеъбинона назар намояд.Зеро журналист дар мадди аввал набзи ҷомеаро месанҷад, ва дар омода  намудани матлаб бо риояи ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолатпешагӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон пешкаши аудиторияи худ гардонад. Мо набояд касби худро қурбонӣ тиҷорат намуда дар рекламаи худ ташвиқу тарғиби шахсе ё гурӯҳеро  истифода барем.

Набояд рисолати касбии худро поймоли ҳадафҳои шахсии худ гардонад чун рисолати журналист ҳақиқатнигорӣ буда зимни интишори матлаб аз меъёрҳои ахлоқии журналистӣ истифода намуда мафҳумҳои ақида, гумон, тахмин, ва факту далелро ба инобат гирифта  ва дар байни онҳо фарқият гузошта тавонад. Журналист вазифадор аст, ки ифтихори миллӣ, эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ҳифзи шаъну шарафи шахс, роҳ надодан  ба табъизро риоя намояд.

Мо журналистон  бояд рақобати солимро байни ҳамкасбон эҳтиром намуда ва онро дуруст ба роҳ монем,  дар нашри маводҳоямон ба асардузди плагиат роҳ надиҳем ва ҳангоми иқтибосу бознашр бошад  муаллифи манбаро ишора намудан лозим.

Умурзаков Фарух,

Маҳмудҷони Суҳробхон

Previous articleМавқеи журналистон устувор аст!
Next articleРиояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ сипари боэътимоди журналистон аст
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here