Майдони  иттилоотии ҷаҳони имрӯз фарохтар нисбат ба ду даҳсолаи қаблӣ гардидаст. Баъзеҳо ақида доранд, ки дигар  ҳоҷат ба   идома додани касби журналистӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари  ҷаҳон намондааст.

Ҷои пушида нест, ки  фаврияти пахши  саривақтии иттилоъ аз ҷониби бологерон ва  дар саҳифаҳои шахсии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ дида мешавад. Онҳо ба хотири пайдо намудани бинанда ва дарёфти маблағ дар шабакаҳои иҷтимоияшон   навор, акс, маълумот ё иттилое, ки  хусусиятҳои  хушунату, зуроварӣ, таҷовуз, куштор ва таҳқирро дорад паҳн намуда, хуқуқи шахс ва назокатҳои ахлоқи миллиро поймол месозанд. Мардум, ки ташнаи иттилои ҷолибу саривақти ҳаст, чунин иттилоъро хуб қабул мекунанд ва аз ВАО дида, бештар  ба блогерон бовар доранд. Бешак, ин ҳолат ба косташавии афкори умум таъсири манфи мерасонад. Дар ин маврид мо ҳаққи маҳкум кардани дастраси ба иттилоъро нисбат ба аудитория надорем. Вале, фаромӯш набояд кард, ки  арзишҳои миллӣ ва ҳуқуқи инсон болотар аз ҳама меистад!

Нақши асосии журналист дар майдони иттилоотӣ аз чӣ иборат аст?

Журналист нафарест,ки соати муайяни корӣ  надорад ва пайваста бо одамони гуногун дар иртибот  буда, иттилои муҳиму саривақтӣ дар доираи   талаботҳои Қонуни  ҶТ “ Дар бораи  матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, принсипҳои ахлоқӣ ва ӯҳдадориҳои  фаъолияти журналистика таҳия ва манзури аудитория менамояд.  Журналисти ҳирфаӣ ҳангоми таҳияи матолибаш  дар баробари ҷолибу хонданибоб будан, инчунин  ба ҳифзи арзишҳои миллӣ,  шаъну шараф, дину мазҳаб  диққати махсус равона мекунад.  Чунки, сухани журналист метавонад роҳнамо бошад ва  дар акси ҳол,  таъсири манфӣ ба  авзои сиёсӣ расонад.

Дар маводи  журналистӣ ҳатман, тавозуни назарҳои мухталиф ва факту далелҳо воқеъбинона санҷида шуда,  бидуни таҳриф интишор мегардад. Журналист  нафарест, ки дарди ҷомеаро  мегӯяд ва бо истифода аз назари коршиносон роҳи ҳалли проблемаи мавҷударо дар маҳал нишон медиҳад. Мутаасифона, ҷомеа  дар бисёр маврид аз ВАО ҳамчун силоҳ истифода мебаранд. Дар миёни ҷомеи журналистӣ пайдо мешаванд нафароне, ки дарди ҷомеаро ба худ наздик қабул карда, аз рӯи эҳсосот  мавод таҳия менамоянд.

Худтанзимкунӣ ба журналист чӣ медиҳад?

Ба ақидаи устоди журналистикаи тоҷик Сангин Гулов  -журналис ба ҳеҷ ваҷ ҳуқуқи таҳқир намудани арзишҳо ва фарҳанги  натанҳо давлату миллати худ, балки, миллати дигарро низ надорад. Ӯ вобаста ба 10 принсипи асосии фаъолияти журналистика  амал мекунад. Зеро, риояи принсипҳо дар таъмии амнияти шахсии журналист мусоидат намуда, ҷомеаро водор мекунад, ки иттилои пешниҳоднамудаи вай саҳеҳ, воқеӣ ва беғараз аст”.

Инҷо қазияи маҳкум шудани журналистон  Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалиро мисол овардан шарт аст. Чунки ин нафарон ба хотири инъикоси проблемаи ҷойдошта, аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳое ки дастфишорӣ намуда, ҳатси ҳирфаиву ҳақиқатҷӯ баданашорон мезаданд, пас аз боздоштшавии ин ду ҷавон, назарашонро куллан дигар карданд. Ҳатто мардуме, ки пайваста ба Далеру Абдулло аз мушкилоташон мегуфтанд, дар ин айём муҳри хомушӣ бар лаб зада, бетарафиро интихоб намуданд. Ин қазия ҷомеи журналистиро водор месозад, ки  ба хотри сенсатсия сохтан, худ ва расонаашонро таҳти фишор ва хатар нагузоранд.

Албатта ин қазия  дар дастрасии иттилоот ба ВАО бетаъсир намонд. Пас аз боздошти журналистон, зиёд шуданд ҳолатҳое, ки мансабдорон  аз додани иттиллоъ бо ҳар баҳона саркашӣ мекунанд.

Инҷо овардани  Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ҳатмист, ки дар моддаи 2-и гуфта шудааст:

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд: ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷўстуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд – мақомот ва ташкилотҳо), шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд;

манфиатдории ҷамъият – манфиати ҳар шахс, ки ба таъмини некўаҳволӣ, устуворӣ, амният ва пешрафти собитқадамонаи ҷомеа алоқаманд аст;

ҳуҷҷат – иттилооте, ки  дар шакли хаттӣ, аудиовизуалӣ, акустикӣ, электронӣ, оптикӣ ё дигар шакли барои эҳсоси бевосита муносиб бо маълумоте сабт шудааст, ки барои ҳамин шакли ҳуҷҷат муқаррар гардидааст;

ҳуҷҷати расмӣ – ҳуҷҷате, ки мақомот, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи салоҳияти худ тартиб додааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст;

иттилооти дастрасиаш маҳдуд – иттилооте, ки дастрасии он мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки  муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ танзим мегардонанд, ба манфиати таъмини амнияти миллӣ маҳдуд карда шудааст;

иттилоот – маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзур гардидаашон.” Ин шаҳодати он аст, ки дар баробари журналистон- мансабдорон низ вазифадоранд, дар расонидани иттилои сареҳ ба ВАО кӯмак кунад.

Устодони журналистикаи тоҷик пайваста таъкид медоранд, ки майдони иттилоот  ҷои набард бо ақлу дониш аст ва журналисте, ки дар доираи  ӯҳдадорӣ ва қонуну меъёрҳои ахлоқӣ  иттилоъро ба мардум интишор мекунад, амнияти бехатариашонро таъмин намуда, аудиторияи бешумори худро дар он пайдо менамоянд.

Бибирокия Абдуллоева

 

 

 

 

 

 

Previous articleАхлоқ
Next articleМеъёрҳои ахлоқӣ барои журналистон ҳатмиянд
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here