Дар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» интишор гардидааст, ки маводҳои тиҷоратӣ бояд аз дигар мақолаҳо фарқкунанда ва нишонаи махсус дошта бошад, то хонанда дарк созад, ки ин мавод хусусияти рекламавӣ дорад. Бо ин роҳ мо эҳтироми хонандаро ба ҷо меорем ва вақти ӯро  намегирем.  Ба ин масъала дар тренинге, ки 22 сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Шурои ВАО-и кишвар гузаронда шуд, устодон Раҷаби Мирзо ва Сангин Гулов барои иштирокчиён хеле возеҳ шарҳ доданд. Барои ман ҳамин нуқта ҷолиб намуд, ки ҳоло дар аксари мақолаҳои ВАО як хусусияти рекламавиро пайхас кардан мумкин аст.  Ва журналист онро хеле пардапӯшона ба қалам медиҳад. Вале  ҳастанд ҳолатҳое, ки мо аксаран барои инъикоси дастоварде мехоҳем аз коргоҳе бигӯем, ки аксарияти ин кормандон бонувон ҳастанд. Ин мавод барои маҷаллаи мо заруриву саривақтӣ ба шумор меравад. Вале бисёриҳо маводро мебинанд, ки коргоҳ аст, меандешанд, ки ин мавод рекламавист, аммо мақсади мо бо ҷойи кор таъмин намудани занҳо буду мавод ҳеҷ хусусияти тиҷоратӣ  надорад.

Дар рафти тренинг мо маълумот, андешаҳои зиёдеро баррасӣ намудем. Ҳар иштирокчӣ уҳдадор буд, ки оид ба ин ё он масъала фикри худро баён намояд. Ва дигарон ба ин андеша суханпардозӣ менамуданд. Ироа шуд, ки  риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО аз масъалаҳои баҳсталаби ҷомеаи имрӯз  ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзан барои ҳаллу фасли ин баҳсу муноқишаҳо ба мақомоти судӣ низ муроҷиат карда мешавад…

Дар шароити кунунӣ бисёр журналистон ҳуқуқҳои худро хуб намедонанд ва барои дифои онҳо истодагарӣ карда наметавонанд. Ҳарчанд дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Тавре дида мешавад, дар ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида ва сухан ва ҳуқуқи озодона ҷустуҷў кардан, ба даст овардан, интишор ва паҳн кардани иттилоъро бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат додааст.

Хуб мешуд, ки тренингҳо бештар дар самти ёрии ҳуқуқӣ расонидан ба журналистон равона гарданд, то ҷомеаи журналистӣ барои дифои худ кореро сомон дода тавонанд.

Фарзона ВОСЕЕВА

Previous articleРиояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ сипари боэътимоди журналистон аст
Next articleЭҳтиром ба ҳуқуқи кӯдакон, шахсони ноболиғ ва афроди дорои маъюбӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here