Банди 6-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон “Эҳтиром ба ҳуқуқи кӯдакон, шахсони ноболиғ ва афроди дорои маъюбӣ” ном гирифтааст, ки яке аз бандҳои ҳассостарин мебошад. Кӯдакон ва маъюбон табақаи ниёзманди ҷомеа маҳсуб меёбанд. Журналистоне, ки бо ин афроди одамон кор мекунанд, ва мехоҳанд, ки аз ҳаёти онҳо мавод нашр намоянд, бояд ҳамаи нуқтаҳои банди мазкурро риоя намоянд. Ва хеле боэҳтиёт бошанд.
Эҳтиром ба ҳуқуқи кӯдакон
Дар инъикоси кӯдакон дар ВАО бояд эҳтиёткорона сурат гирад, махсусан, дар ҳолатҳое, ки кӯдакон мавриди таҷовуз қарор мегиранд. Рӯзноманигор ваколат надорад, ки аз кӯдак ҳодисаи ба амал омадаро аз муфассал пурсон шавад. Баъд аз таҷовуз кӯдак осеби ҷиддии равонӣ мегирад. Агар кӯдак ҷараёни ҳодисаро нақл кунад, метавонад стресс ва тарс дубора ӯро фаро бигирад. Ман чунин мешуморам, ки ному насаби кӯдак ва ҷойи зисти он дақиқ бояд расонаӣ нашавад. Ин кор ба дӯши Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, барои ба ҷавобгари кашидани ҷинояткор. Аммо лозим намешуморам, ки тариқи ВАО расонаӣ шавад. Чунки кӯдак метавонад, ки дар оянда шахси муътабаре шавад, лекин ин амали ВАО ӯро пайваста нороҳат мекунад, маҷбур мешавад, ки аз ҷамъият дур шавад. Ҳолатҳоеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки кӯдакони гирифтори чунин амал аз ҷониби ҷомеа ангуштнамо шуда, ба худкушӣ даст мезананд.
Баъзан, рӯзноманигорон ба хотири ҳангома ё машҳур гашташон маҳз аз ҳамин гуна маводҳоро ҷустуҷӯ ва нашр менамоянд. Ман ҳамчун рӯзноманигор ҳеҷ гоҳ эҳтироми ҳуқуқи кӯдакон ва маъюбонро қурбони шӯҳрати худ намекунам. Барои ман болотар аз ҳама инсон ва арзиши ӯ қарор дорад.
Эҳтиром ба ҳуқуқи маъюбон
Бо маъюбон низ, бояд журналист боназокатона рафтор кунад. Маъюбон аз ҳамаи қишри ҷомеа фарқкунанда ва хеле ҳассос мешаванд. Истилоҳи ” имконияташ маҳдуд”-ро дар сурати маъюб набояд истифода бурд, чунки баъзан имкониятҳои, ки маъюб дорад, шахси солим аз он бенасиб аст. Онро метавон бо истилоҳи “шахси дорои маъюбӣ”, ё “имконияти ҷисмониаш ғайрифаъол” ва ё дигар истилоҳ вобаста ба маъюбият доштани шахс истифода бурд. Агар маъюбе, ки аз расонаӣ кардани худ дар ТВ ва дидани акси худ дар матбуот ё дигар типи ВАО шарм медорад, ё тавони дидани худро надоранд, бояд аз интишоришон даст кашид. Чунин ба назар мерасад, ки аксаран журналистони мо матлабҳояҳонро ки дар он мъюбият доштаро инъикос мекунанд, матлабҳояшон оҳанги хайриявӣ мегирад, яъне баъди нашри мавод, ягон соҳибкор ё саховатпешае ба қаҳрамони матлаб кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Албатта, ин бадӣ надорад, аммо хуб мешавад, ки журналистон маводеро нашр кунанд, ки дар бораи онҳое ки новобаста ба имконияташон соҳибҳунар ҳастанд. Ин барои дигар ҳамтақдирони онҳо руҳиябахш хоҳад буд.
Риоя накардани банди мазкури Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналист ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашидани рӯзноманигор оварда мерасонад. Риояи меъёри ахлоқи журналист ба виҷдони ӯ вобаста аст. Журналистонро мебояд, ки бандҳои принсипи мазкурро риоя намоянд, то дар додгоҳ вақти худро сарф накунанд.
Фарида БАРОТОВА