Факти раднашаванда аст, ки дар ҳоли ҳозир қисме аз ҷавонони тоҷик барои шабакаҳои иҷитимоӣ, хусусан “YouTube” ва “Instagram” матолиби гуногунжанру гуногунмазмун омода менамоянд ва ба ин васила пули хуб ҳам кор мекунанд.

Чун мо шабӯрӯз дар фазои маҷозӣ ҳастем, ба наздикӣ бо чанде аз дӯстон тасмим гирифтем, ки дар “YouTube” саҳифаи махсуси худро фаъол кунем. Алббата, сабаби ин тасмим таҳияи барномае ба монанди барномаи машҳури “Что было дальше”-и ютубканали “Labelcom” буд. Барномае, ки дар ҳар нашраш панҷ ҳаҷвнигори шинохта барои тамошобоб шудан ду меҳмонро чӣ тавр ки хоҳанд паст мезананд, суханони дурушт мегӯянд, вале ҳамзамон, миллионҳо боздид дораду қисме аз аҳли шоу-бизнеси Россия бисёр хоҳиши дар он иштирок карданро доранд.

Мо масъалаи фаъол кардани саҳифа, онро расман ба қайд гирифтан, рӯйхати меҳмонон ва макони сабти барномаро маслиҳат кардем, вале ин корҳоро ба анҷом нарасонида, яке аз дӯстон “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро наздамон гузошт ва таваҷҷуҳамонро ба банди панҷуми он ҷалб кард.

Он ҷо омадааст:

– Ҳангоми инъикоси ҳама гуна мавзӯъ бояд назокатҳои ахлоқи миллиро пос доранд…

Кӯтоҳи сухан, пас аз шинос шудан бо “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз фикрҳои болозикр даст кашидем, зеро дар он моро мебоист барои бинандаи зиёдро ҷалб кардану ба қавле “хайп” қапидан, меҳмононро то қадри тавоноӣ ба хоки сиёҳ мезадем ва ин амаламон хилофи тамоми меъёрҳо мегашт. Ахлоқи миллиро то андозае поймол мекардем, ки ногуфтанӣ. Касе аз касе гила ҳам намекард, вале сабаби коста шудани ахлоқи хелеҳо мегашт.

Дар охир, хуб дарк кардем, ки меъёрҳо фаъолияти моро танзим карда, тавсиявӣ ҳастанд, вале агар онҳоро сарфи назар кунем, яқинан бар зарар аст. Ҳам бар зарири худ ва ҳам бар зарири ҷомеа, зеро зарраҳои калон аз зарарҳои хурд оғоз меёбанд.

Агар меъёрҳо намебуданд, шояд садҳо нафар имрӯз боис мешуданд, ки ахлоқи ҳазорҳо нафар коста гардад. Эҳтиром нисбат ба кӯдакон, маъюбон, ҳаёти шахсии дилхоҳ нафар, мансубияти диниву нажодӣ, мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайраҳо поймол гашта, оқибати нохуш меовард.

Дар ин баробар, садҳо қаламбадасте ҳастанд, ки вақти рӯ ба рӯ нишастан пеши коғазу қалам дилашонро ба ҳар васила холӣ мекунанд, вале меъёрҳои мавҷуда сабаб мешаванд, ки дар таҳрир аз баҳри хеле калимаву ибора ва ҷумлаҳояшон бигзаранд. Ҳамин аст, аҳамият ва махсусияти “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, ки моро бояд онҳоро риоя кунему худро аз зарару зараррасониҳо эмин дорем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Previous articleМулоқоти судманд бо донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ
Next articleМавқеи журналистон устувор аст!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here