1. Нахуст, муаллими журналистика худаш қонундону қонунписанд ва андешаи миллӣ дошта бошад.

Дар ин замина, аз профессор Иброҳим Усмонов шунидам: “Муаллим ҳаққи муқобилият бар ҳукуматро надорад. Муаллими журналистика мавқеи расмӣ, ҳукуматӣ бояд дошта бошад”.

Яъне, муаллими журналистика бояд шогирдонро дар рӯҳияи қонундониву қонуншиносӣ ва қонунписандӣ таълим диҳад, бузургони миллатро шинохтаву дар баробари арзишҳои миллӣ, осори онҳоро тарғибу ташвиқ карда тавонад. Агар муаллими журналистика чунин нест, пас сабақаш омӯзанда нест.

2. Овардани таъкиди профессор Асадулло Саъдуллоевро инҷо ба маврид медонам: “Муаллими журналистика бояд таҷрибаи фаъолияти амалӣ дар ВАО дошта бошад ва худаш навишта тавонад. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба расонаҳо ҳамкорӣ кунад, мақолаву очерк, нигоришу тақриз нависад.”

Муаллими журналистика бояд аз тариқи расонаҳо фикру ақидаашро дар бораи равандҳои муосири ҳаёти ҷомеа баён кунад ва карда тавонад. Вақте муаллими журналистика мегӯяд, ки ман навишта наметавонам ва ё ман дар бораи воқеоти марзӣ иттилоъ надорам, ин мусибат аст.

3. Муаллим фанни дарсмедодаашро худаш донад ва муҳиммияти омӯзиши онро таъкид карда, фаҳмонида тавонад. Агар намедонад, аз таълими он даст кашад.

Муаллими журналистика бояд дар асоси сарчашмаву китобу дастурҳои гуногун лексияашро омода кунад, на дар асоси як китобу як дастур. Ва боз бад аст, ки муаллими журналистика аз ҳамкораш барои дарсгузарӣ лексияи тайёрро пурсад. Аз рӯи лексияи дигар кас дарс гузарад ва ё китоби дарсиро дар назди шогирдон айнан хонад.

Ҳақ бар ҷониби профессор Мурод Муродӣ аст, ки мегӯяд: “Раванди дарс ва самараи онро на лексия (хондан аз варақ ё китоб), балки қобилият ва маҳорати педагогии муаллим таъмин мекунад.”

Лексия дар асоси донишу малака ва ҷустуҷӯву заҳмати инфиродии муаллим омода мешавад. Ва лексияи ҳар муаллим гуногуну усули инфиродии таҳлилу баррасии мавзӯъро дорад.

4. Муаллим худаш дарсашро гузарад, яъне ба муаллими дигар во нагузорад. Агар масруф аст, дарс нагирад. Барои аз аудитория гурехтан баҳонаҷӯӣ накунад.

Дар тақвият гуфтаи профессор Баҳриддин Камолиддиновро меорам: “Баҳонаҷӯӣ барои дарс надаромадан обрӯву эътибори муаллимро назди шогирдону ҳамкорон коста мегардонад. Вақте муаллим тез-тез дарсашро ба дигар кас вогузор мекунад ва ё умуман, намегузарад, ин ҳам бад ва ҳам бемасъулиятӣ аст. Зеро, дар ин ҳолат, донишҷӯ дар дарс масъулият эҳсос намекунад, онро намефаҳмад ва чунин муаллим боиси беэҳтиромиву ғайбат қарор мегирад.”

5. Муаллими журналистика бояд бо факту далел ва ақида исбот карда тавонад ва аз фаъолияту мавқеъ ва набзи расонаҳои ватаниву хориҷӣ бохабар бошад.

Аз посух додан ба суоли шогирдон набояд гурехт. Ҳеҷ кас ҳамадон нест ва муаллими журналистика дар ин миён истисно нест.

Вазифаи муаллими журналистика ҳангоми дарс додан дар курсҳои болоӣ шогирдонро ба андеша водор кардан аст.

Ва боз ҳам зарур медонам, ки сухани профессор Мурод Муродиро чун тақвият орам: “Муаллими журналистика бояд ҳамеша дарсашро ба воқеияти имрӯз пайванд диҳад.”

6. Оғози дарс бояд ҷолиб бошад ва муаллими журналистика бояд ба забони адабӣ сухан гӯяд. Риояи қоидаҳои имло барои муаллими журналистика меъёри ҳатмист.

7. Муаллими журналистика ҳамкор ё муҳаққиқи арзандаи дигарро эътироф намояд, аз осори илмиву таълимии мавсуф дар лаҳзаи даркорӣ ёд орад, барои мутолиа ба шогирдону муҳаққиқони ҷавон тавсия намояд.

Эътирофи ҳамкору муҳаққиқи дигар, натанҳо ҳунар ва ҷавонмардӣ, балки натиҷаи огоҳии худи муаллим ҳам ҳаст.

8. Муаллими журналистика бояд донад, ки таълиму тарбия ба ҳам тавъаманд ва шогирдонро дар рӯҳияи тоҷикият, ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳиии миллӣ тарбия намояд.

9. Муаллими журналистика, бахусус муаллими ҷавон, бояд пайваста пайи такмили донишу ихтисос бошад, аз таҷрибаҳои ҳамкорон омӯзад, дар дарсҳои устодони ботаҷриба иштирок кунад

(Ман баъди аз матбуот ба таълими журналистони оянда ҷалб шудан, 2 соли аввал барои такмили дониш, дарёфти малакаву таҷриба вазифадор будам, ба ҳама дарсҳои устодони пуртаҷриба Иброҳим Усмонов, Асадулло Саъдуллоев ва Абдусаттор Нуралиев дароям).

Муаллими журналистика бояд дар семинару тренингҳо (барои журналистон) ширкат варзида, навгониҳоро омӯзад. Зеро фаъолияти расонаҳо ҳамеша дар тағйиру таҳаввул аст. Вақте муаллими журналистика навгониву падидаҳои навро дар фаъолияти журналистӣ ва расонаҳо намедонад, чӣ гуна ба шогирдон дарс мегӯяд.

10. Муаллими журналистика набояд фаромӯш кунад, ки дарси ӯ, лексияи ӯ, рафтори ӯ, ҳатман, дар маҳфили дигар, дар ҷойи дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Сангин Гулзод,
дотсент, муаллими журналист

Previous articleСеминар барои журналистони ҷавони Бохтар доир гардид
Next articleРиояи меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар расонаҳо
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here