22-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори хурди бинои “Шарқи озод” барои журналистони нашрияҳо, телевизиону радиоҳо, блогерон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултетҳои рӯзноманигорӣтренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқи журналистӣ” гузаронида шуд.

Тренингро раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода, Азиз Абдуллоев ва хонум  Рейчл Кейвуд намояндагони Интернюз дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, тренерон Раҷаб Мирзо ва Сангин Гулов онро гузарониданд.

Дар он доир ба таърих ва сабабҳои пайдоиши меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар дунё ва Тоҷикистон, вазифаҳои касбӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ, мустақилияти сиёсати редаксионӣ, саҳеҳияти иттилоот, эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва дигар ҳуқуқи инсон, эҳтиром ба ахлоқи миллӣ ва фарҳанги халқҳои дигар ва ғайраҳо гуфта шуд.

Дар тренинги мазкур жуналистони ҷавон аз ВАО-и гуногуни кишвар иштирок карда, доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ маълуфоти муфид гирифтанд.

Чун мавзӯи тренинг дархӯри мушкилоти мавҷуда дар соҳаи журналистикаи тоҷик буд, иштирокчиён кӯшиш карданд, ки аз тренерон ба муаммоҳои мавҷуда посух гиранд.

Онҳо дарёфтанд, ки риояи меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ барояшон дар омода сохтан ва нашр намудани матолиб кумак мекунад.

Previous articleОмӯзгорони шуъбаву факултаҳои журналистӣ ва рӯзноманигорон барномаҳои таҳсилотиро баррасӣ карданд
Next articleСеминар барои журналистони ҷавони Бохтар доир гардид
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here