Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории  Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон барои ВАО-и ватанӣ озмуни мавзӯҳои вобаста ба буҷаи давлатӣ ва идораи молияи давлатиро эълон мекунад.

Бино ба навиштаи ин созмон матлабҳо дар озмун метавонанд телевизионӣ, радиоӣ, чопӣ ва онлайн бошанд.  Дар доираи лоиҳаи озмунӣ сохтани силсилаи барномаҳои телевизионӣ ба монанди ток-шоу, барномаҳои таҳлилию иттилоотӣ, гузоришҳои телевизионӣ ё мақолаҳо, матлаби чандрасонаӣ, подкастҳо ва матолиби радиоӣ метавонанд пешниҳод гарданд.

Буҷети дархости лоиҳавӣ вобаста ба хароҷотҳои воқеии шакл ва жанри интихобшуда барои шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо) то 50 000 сомонӣ ва барои шахсони воқеӣ (инфиродӣ) то 20 000 сомонӣ метавонад бошад.

Маълумоти муфассалро дар мавриди ин озмун аз пайванди зерин дарёфт кунед:

Озмун барои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон оид ба мавзӯҳои вобаста ба буҷаи давлатӣ ва идораи молияи давлатӣ (ИМД)

 

Previous articleТренингҳои онлайн барои рӯзноманигорони навқалам
Next articleМушкили иҷозаи кори хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here