Ду ҳафта қабл бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар як матлабе ба мушкили кори хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ пардохта буд.  Дар ин матлаб, ки таҷрибаи додани парвона ё худ акрредитатсия барои кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ба баҳс кашида шудааст, коршиносон гуфтаанд, ки ҳукуматҳо иҷозаи корро ба унвони василаи фишор ба рӯзноманигорони мустақил ба кор мебаранд.

Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи кори хабарнигори телевизиони “Настояшее время” дар Тоҷикистон Анушервон Орифовро тамдид накард. Далели тамдид нашудани иҷозатномаи кор  як гузориши ин хабарнигор доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқонон буд, ки коршиносон дар ин гузориш онро қисме аз корзори пешазинтихоботӣ унвон карданд. Намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ҳангоми суҳбат бо масъули дафтари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз нашри ин гузориш изҳори норизоятӣ кардаанд.

Доир ба паҳлуҳои дигари мушкилоти дарёфти иҷозатнома барои кор дар расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа идомаи ин матлабро дар пайванди зер бихонед:

https://www.ozodi.org/a/30773219.html

Previous articleОзмун барои расонаҳо дар мавриди буҷа ва идораи молияи давлатӣ
Next articleКомиссияи вижаи Шӯрои ВАО ба кор оғоз кард

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here