Изоҳроти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

0
1242
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Изоҳроти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон вобаста ба лату кӯб шудани рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз қазияи мавриди лату кӯб қарор гирифтани хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки боиси дар ҷомеа паҳн шудани тахмину гумонҳо ва осеби ҷисмонӣ гирифтани рӯзноманигор шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

Шӯро аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати дар чорчӯбаҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунсифона баррасӣ намудани ин қазия, муқаррар намудани сабаб ва заминаҳои ин амали ғайриқонунӣ ва дарёфту ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодиса дар доираи салоҳияти худ иқдом кунад.

Итминон дорем, ки омилони ин ҳодиса дар наздиктарин фурсат ошкор мешаванд ва қазия халли худро хоҳад ёфт.

Previous articleБа таваҷҷуҳи довталабони ҷоизаи “Эътимод”
Next articleОзмун: коршиноси масоили ахлоқ ва худтанзимкунии расонаҳо
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here