Озодии матбуот чун ҷузъи таркибии озодии баён, аз меъёрҳои аслии демократия буда, дар ҳар кишваре нишондиҳандаи табиату самтгирии сиёсати давлат ва рӯҳияву тафаккури ҷомеа мебошад.

                Дар санади хотимавии Ҳамоиши байналмилалии ЮНЕСКО, 3 майи соли 1991 “Эъломияи Виндхук”, ки ба муқаррар шудани Рӯзи байналмилалии матбуоти озод сабаб гардидааст, аз инҳисори ҳукуматҳо раҳонидани матбуот, чун майдони воқеии изҳори ақидаву андешаҳои гуногун вогузории он, ба ҳайси усули демократии фаъолияти воситаҳои ахбори омма пазируфта шудааст.

Дар маҳфилу навиштаҳо ҳангоме сӯҳбат аз озодии матбуоту сухан меравад, бурду бохти ин онро танҳо ба журналистон нисбат медиҳанд, гӯё озодии сухан маҳз ба воситаҳои ахбори омма лозим буда, раванди татбиқи он масъулиятро танҳо ба дӯши журналистон вогузошта бошад. Ҳол он ки озодии сухан ба аҳли ҷомеа, ба истифодабарандагону истеъмолгарони иттилоот заруртар аст, чун аҳли ҷомеа ба дастрасии иттилооти дақиқу саривақтӣ аз ҳама гуна воқеа, ҳодиса, рӯйдоду равандҳо, онҳо хоҳ  хушоянд ҳастанд, хоҳ нохушоянд, ҳуқуқ доранд. Дар ин раванд журналистон ба ҳайси «хокимияти чахорум», дар хизмати аҳли ҷомеа ҳастанд ва онҳо пеш аз ҳама, дар назди аҳли ҳамин ҷомеа бояд масъулият дошта бошанд. Ва низ мусаллам аст, ки масъулияти журналистро ҳангоми иҷрои вазифа қонунҳои адолатноки ҷомеа, ки аз ҷониби дастгоҳи идораи он – давлат, таҳияву қабул мегарданд, муайян менамоянд. Пас, давлат низ дар амри татбиқи озодии сухан чун ҷониби дигари ин раванд, масъулият дорад. Дар ҷомеае, ки давлат риоя ва таъмини озодии матбуоту суханро эълон доштааст ва журналистика ба хизмати он камар бастааст, баробар эҳсос намудану ба дӯш гирифтани масъулият шарти аслии татбиқи озодии матбуот ва озодии сухан мебошад.

Ин гуна амали ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдастӣ дар марҳилаҳои ҳассоси рӯзгори ҷомеа ва амалкарди ҳукумат, ба хусус имрӯзҳо, ки кишвари азизи мо низ дар радаи дигар мамолики ҷаҳон, ба мушкили сирояти вируси марговари КОВИД-19 рӯ ба рӯ аст, аз шартҳои ҳатмии таъмини хамкории ниходи масъули далати ва чомеаи журналисти, эҳсосу дарки масъулияти он бояд бошад.

Имрӯз аз ҳарвақта дида, ҳамоҳангии фаъолият ва ҳамдастии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва воситаҳои ахбори омма, бо шеваю усулҳои муассири кору фаъолият ба хотири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ногувори эҳтимолии ин вабои аср заруртару муҳимтар аст.  

Дар рузи озодии матбуот кулли хамкасбонро самимона табрик намуда, бар ин боварем, ки дар ин рузхои мураккаб, неру ва дониши худро ба химояи манфиатхои милли ва давлати равона хоханд кард

Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон. 2 майи с.2020.

Previous articleМуроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҷомеаи журналистии кишвар
Next articleБа таваҷҷуҳи довталабони ҷоизаи “Эътимод”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here