Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, созмони мутсақили рӯзноманигорӣ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон сару кор дошта, ҳамчунин мутобиқати матолиби расонаҳоро ба меъёрҳои ахлоқии касбии рӯзноманигорӣ таҳлил мекунад, ба ҳуқуқшинос ниёз дорад. 

Масъулиятҳои ҳуқуқшинос:

коркарди методология (равишшиноси)-и тасҳеҳшудаи мониторинг ва тавсиҳои методӣ барои нозирин бар асоси Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, барои арзёбии ҳаррӯзаи фаъолияти расонаҳои чопӣ ва интернетӣ аз нигоҳи риояи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2010 пазируфта шудааст; 

пазируфтан, таҳия ва омода кардани посух  ба шикоятҳое, ки нисбат ба рӯзноманигорон ва расонаҳо аз сӯйи мақомоти давлатӣ, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон карда мешаванд;

барои муассиртар иҷроӣ шудани талаботи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон, мудирони расонаҳо ва дигар намояндаҳои расонаҳое, ки қисми таркибии ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ҳисоб мешаванд ёриҳо ва машвараҳои ҳуқуқӣ диҳад

Алоқамандон метавонанд CV-и худро ба емейли mzevarshah@gmail.com то 15 апрели соли 2020 бифиристанд.

Previous articleЭълон барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” соли 2020
Next articleМуроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҷомеаи журналистии кишвар
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here