Бистумин солрӯзи таъсиси рӯзномаи “AsiaPlus” баҳонаи хубест барои арҷгузорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар сутӯҳ ва аркони мухталифи ин рӯзномаи пурмухотаб бо саъюу талош машғули коранд.
Матбуот ҳамеша сарфи назар аз мавзеъгирияш имкон дорад кори рӯшангариро анҷом диҳад. Интишори матбуот ва расонаҳо дар солҳои охир натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо бо мушкилоти зиёди мавҷуда рӯ ба рӯ шудааст, кори рӯзноманигориро дар минтақаҳо ба маротиб душвортар кардааст.
Вале бо вуҷуди ин ҳайати эҷодӣ ва техникии ҳирфаӣ дар рӯзномаи “Asia Plus” даст ба кор ҳастанд, умедворем, даҳсолаҳои дигар дар майдони қаламкашӣ пештоз хоҳанд монд.
Устуворӣ, собитқадамӣ ва талоши ҳамешагӣ барои тавлиди як рӯзномаи ҷолиб, ки қобили эътимоди ҳазорҳо хонандагон дар минтақа ва саросари кишвар шудааст, кори саҳлу соддае нест.
Ин дар ҳолест ки бо омадани расонаҳои нав имкони пешгомии расонаҳои суннатӣ, хусусан расонаҳои чопӣ дар расонидани хабару иттилоъ аз миён рафт ва зиёде аз рӯзномаҳо рӯй ба таҳлил ва тафсири ҳодисаву рӯйдод овардаанд.
Матубот дар тамоми даврони ҳузури худ, хусусан дар ин давраи фанновариҳои иттилоотӣ бо ҷаҳди тамом масъалаҳои муҳиму дардноки ҷомеаро пайгирӣ мекунад.
Итминон дорам, дар пушти ин сахткӯшӣ, дилҳои ошиқе қарор доранд, ки барои сарбаландии Тоҷикистон метапанд ва сахтиҳои кори расонанигорӣ ва рӯзноманигориро таҳаммул мекунанд.
Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 20- умин солгарди интишори рӯзномаи “Asia Plus” -ро ба кулли хонандагон ва ҳаводоронаш табрику таҳният мегӯяд.
Барои Шумо аҳли эҷоди рузномаи «Asia Plus» дар фатҳи ин ҳаракати фарҳангӣ орзуи муваффақият, пирӯзӣ, сарбаландӣ дорам ва умедворем, ки бо нашри мақолаву маводи ҳирфаӣ, коршиносона, дархӯри замон ҳамеша мавқеи худро дар майдони матбуоти тоҷик хоҳед дошт. Умедворем, ки ҳамчун узви Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд ҳам назокатҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои фаъолияти касбии рӯзноманигориро ба унвони яке аз аслҳои рӯзноманигории босифат ҳамеша риоят мекунед
Бо арҷ Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон