Ширкаткунандагони Конфронси байналмилалии “Мусоидати расонаҳо барои рушди устувори сулҳ ва демократия” бо таъкид ба нақши волои воситаҳои ахбори омма дар пойдор кардани сулҳ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ниҳодина кардани арзишҳои мардумсолорӣ ва ёрии ҳукумат барои сохтани давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, хуб кардани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои озодии баён ва ҳуқуқи башар, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои дигари масъул ва намояндагони ҷомеаи журналистии кишвар муроҷиат мекунанд:
• Сафри назар аз ҳама чораандешиҳо дар заминаи таъмини амнияти миллӣ ва ҷомеа бояд ба мавҷудият ва рушди озодии баён мусоидат карда шавад ва монеагузориҳои ғайриқонуние, ки ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зарба мезананд, поён дода шавад.
• Тақозо мешавад, ки аз бастан ва масдуд кардани сайтҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ минбаъд худдорӣ карда шавад, зеро дар шароити фановариҳои навин ин кор тақрибан номумкин аст ва танҳо ба обрӯйи байналмилалии кишвар латма мезанаду ҳаққи қонунӣ ва конститутсионии шаҳрвандонро барои ба даст овардани иттилоъ поймол мекунад;
• Барои воқеитар ва иҷроитар шудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” барои арзонтар ва мусоидтар шудани интернет дар кишвар талош шавад;
• Барои даст ёфтан ба намунаҳои бештари озодии баён ва истифода аз таҷрибаи ҳамдигарӣ, бояд василаҳои ба ҳам омадани рӯзноманигорони кишварҳои ҳамсояи минтақа – Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ коркард ва роҳандозӣ шавад;
• Парлумони Тоҷикистон дар пайи таҳия ва пазируфтани Кодекси иттилооти Тоҷикистон мебошад ва барои бартараф намудани мухолифатҳо байни қонунҳои марбут ба иттилоот ва ВАО таҳлили васеъи ин санад дар доираҳои салоҳиятдор анҷом дода шавад;
• Дар қонунгузорӣ ва асноди дигари меъёриву ҳуқуқӣ ворид ва мушаххас намудани мафҳуми “шахси матраҳ” (публичное лицо);
• Бо таъкид рӯйи зарурати густариши равобит бо Ҷумҳурии Узбакистон дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорӣ, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбакистон дар факултаву риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои кишвар барои омода намудани кадрҳо дар расонаҳои тоҷикзабон квота дода шавад, ҳамчунин давраҳои омӯзишии муштарак ва бозомӯзии рӯзноманигорони Тоҷикистону Узбакистон баргузор карда шавад;
• Бо назардошти таъмини амният ва манофеи миллӣ ва рушди фанновариҳои иттилоотӣ дар риштаву факултаҳои рӯзноманигорӣ зарурати ҷидди такмил ва ба талаботи рӯз мувофиқ кардани барномаҳои таълим ва сатҳу сифати таълим пеш омадааст;
• Фароҳам кардани шароити мусоид дар дохил ва хориҷи кишвар барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони воситаҳои ахбори омма;
• Таҳлил ва ворид кардани тағйирот ба “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”;
• Додани имтиёзҳои яксон ба ҳамаи расонаҳо, аз андоз ва хароҷотҳои дигар озод намудани воситаҳои ахбори оммаи мустақил;
• Бо додани имтиёзоти гуногун соҳаи табъу нашр поин овардани ҳаққи хидмарасонии онҳо;
• Мусоидат кардани ба боло бурдани саводи расонаии марудм, ки ба ин васила бишавад ҷомеа ва мардумро аз хабарҳои бардурӯғ, ғалатандоз ва хушунатомез ҳифз кард.
Шаҳри Душанбе, 3 майи 2019