Матубот дар тамоми даврони ҳузури худ, хусусан дар ин давраи фанновариҳои иттилоотӣ бо ҷаҳди тамом масъалаҳои муҳиму дардноки ҷомеаро пайгирӣ мекунад. Зеро бо ба вуҷуд омадани расонаҳои нав имкони пешгомии расонаҳои суннатӣ, хусусан расонаҳои чопӣ дар расонидани хабару иттилоъ аз миён рафт ва онҳо рӯй ба таҳлил ва тафсири ҳодисаву рӯйдод овардаанд. Хусусан расонаҳои соҳавӣ, ба масоил рӯйкарди ҳирфавӣ карда, матлабу маводи коршиносона ва таҳлилии бештар ба нашр мерасонанд ва бо ин роҳ дар раванди сохтмони ҷомеа ширкат мекунанд.

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нашри шумораи 100-уминро барои дастандаркорони маҷаллаи “Даво” сидқан табрик мегӯяд. Зеро дар ин даврони барои расонаҳои Тоҷикистон буҳронӣ, ки ҳар сол чанд расонаи чопӣ ба далелҳои гуногун, вале бештар ба далелҳои иқтисодӣ аз нашр боз мемонанд, давом овардан ва ба нашри шумораи 100-умин расидан нишонгари сайъу талош аст. Шояд барои кишварҳои дигар нашри шумораи 100-уми як маҷалла бисёр кори одӣ бошад, вале барои Тоҷикистон, ки ҳеч маҷаллаи мустақил надорад ва маҷаллаҳое, ҳам таъсис ёфтанд  ду-се соле беш нашр нашуданд, маҷҷалаи “Даво”, ки айни замон яке аз камтарин маҷаллаҳои мустақил дар кишвар мебошад, ин як санаи рамзӣ ба ҳисоб меравад.

Барои Шумо аҳли эҷоди маҷалла, ки бештар ба матолиби тиббӣ рӯй овардаед ва мехоҳед дар роҳи маърифати тиббии ҷомеа саҳм бигиред, расидан ба шумораҳои 1000-уми 10000-умро орзу мекунем ва умедворем, ки бо нашри мақолаву маводи ҳирфаӣ, коршиносона, дархӯри замон ҳамеша мавқеи худро дар майдони матбуоти тоҷик хоҳед дошт. Умедворем, ки назокатҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои фаъолияти ахлоқии рӯзноманигориро ба унвони яке аз аслҳои рӯзноманигории босифат ҳамеша риоят мекунед.

Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Previous articleЭълон барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” соли 2019
Next articleҶонибдори кадоме аз довталабони Ҷоизаи «Эътимод» 2019-и Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон ҳастед?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here