Раёсати Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонӣ аз рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар бахшҳои мухталиф, бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” -ро эълон менамояд.
Муаллифони матолиби пешниҳодшуда бояд ҷавобгӯи талаботи Ҷоизаи “Эътимод” бошанд:
– «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Точикистон»-ро ҳангоми таҳияи матолиб риоя мекунанд;
– Дар рушди журналистика нақши боризе доранд ва барои боло бурдани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;
– Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд;
– Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
– Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;
– Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
– Дар омода намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.

http://mediacouncil.tj/tamos-bo-mo/
Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон аъзои Раёсати Шӯрои ВАО ё идораи расонае, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод гарданд. Дар Низомномаи Ҷоиза зикр шудааст, ки “Шарт нест, ки идораи ВАО ё худи номзад узвияти Шӯрои ВАО–и Тоҷикистонро дошта бошанд”.
Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Қарор дар бораи барандаи ҷоизаро Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО ниҳоӣ мегардонад.
Ҷоизаи Шӯрои ВАО Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола дар барномаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии озодии баён – 3 май ба рӯзноманигорон тақдим мешавад.
Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мукофоти молӣ низ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯро муайян мекунад. Барандаи Ҷоиза ҳамчунин соҳиби дипломи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегардад..
Пешбарии номзадҳо, тибқи низомнома то 15 апрел идома меёбад.

Previous articleНизомномаи Чоизаи «Эътимод» –и Шурои Воситахои ахбори оммаи Точикистон
Next articleҲамеша давобахш бошед, аҳли “Даво”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1 COMMENT

  1. Банда аз Раёсати Шурои ВАОТ барои таваҷҷӯҳ ва тақдими Ҷоизаи ифтихории “Эътимод” изҳори сипос мекунам. Мо муваззаф ҳастем, ки дар таҳкими дӯстиву равобити миёни ду кишвари ҳамҷавор-Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳим бошем ва барои рушду ривоҷи он талоши бештар ба харҷ диҳем. Беш аз ду даҳсола мо аз ҷудоиҳо хеле “сер” шудем ва барои чанд аср ин кифоят мекунад. Ба кори Шӯрои ВАОТ комёбӣ мехоҳам!

Leave a Reply to Мирасрор Ахроров(Фарғонӣ) Cancel reply

Please enter your comment!
Please enter your name here