Рӯзи матбуот муборак ва хуҷаста бод

0
917

Матбуот аз пояҳо ва аркони муҳимми густариши фарҳангӣ ва аз муҳиммтарин расонаҳои ҷамъи дар ҷомеа ба шумор мераванд. Матбуот ба унвони пули иртиботӣ байни мардум ва масъулон анҷоми вазифа мекунанд.  Дар дунёи имрӯз, ки иртибототи ҷаҳонӣ бисёр густурда ва фарогир шудааст ва миллатҳо аз расонаҳои пешрафта ва технологияи навин аксаран кор мегиранд, ин радду бадали иттилоот то ҳадди зиёде марзҳои ҷуғрофӣ ва сиёсиро аз миён бардоштаанд. Матбуот ҳамчунон ба унвони яке аз омилҳои нашри ахбор ва иттилоот ва огоҳиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва иқтисодӣ матраҳ ҳаст.  Рӯзи матбуоти тоҷик ба ҳамаи касоне, ки ба пешаи рӯзноманигорӣ ишқ меварзанд, саре пур шӯр ва диле пур дард доранд. Онон, ки бо дониш ва огоҳӣ ва тавоноӣ дар кори, иттилоърасонӣ дурустии ин пешаро мумкин месозанд. Онон, ки озодагӣ, озодӣ ва ворастагиро беҳтарин хислати кори худ медонанд, бо ғами мардум, ғамгин ва бо шодии онҳо шод мешаванд ва дар нигоҳу қаламшон, ҷуз ҳалли мушкилоти иҷтимоъро намеҷӯянд ва ҳамаи онҳое, ки бо пешаи  рӯзноманигорӣ зиндагӣ мекунанд табрик менгӯем.

Рӯзи матбуот муборак ва хуҷаста бод! Раёсати Шӯрои ВАО ҶТ 

Previous articleЗодрӯз муборак, Нуриддин Қаршибоеви арҷманд!
Next articleИзҳороти Шӯрои ВАО Тоҷикистон
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here